НАЗАРЕ БА АФКОРИ ИРФОНИИ НАВОӢ ДАР «ДЕВОНИ ФОНӢ»

Мир Алишер Навоӣ олим, шоир ва мутафаккири бузурги асри XV маҳсуб мешавад. Дар асарҳои Навоӣ баррасии мавзӯоти гуногун, ҳамзамон мазмунҳои ирфонӣ низ ба чашм мерасанд. Инчунин, Навоӣ дар эҷоди худ ба илму адабиёти тасаввуфӣ низ бисёр муроҷиат кардааст.

Ин шоири бузурги олами ислом дар осори худ, бахусус дар «Девони Фонӣ», таълимоти ирфониро аз сатҳи поинтарини тасаввуф, яъне тавба, то дараҷаҳои олии он – фано, ваҳдат ва тааҷҷуб хеле ҷолибу таъсирбахш инъикос намудааст. Албатта, ин тааҷҷубовар нест, зеро ӯ дар баробари шогирди Ҳазрати Ҷомӣ будан, чун эҷодкори заковатманд аз чашмандози Ҳофизу Саъдӣ ва Мавлавӣ низ баҳра бурдааст.

Бояд гуфт, ки Навоӣ дар баъзе байтҳои ғазалиёти худ, ки дар «Девони Фонӣ» гирдоварӣ шудаанд, дар баробари мақому ҳолатҳо (Мақомот ва Аҳвол) истилоҳоти зиёди ирфониро низ истифода намудааст.

Дар абёти форсии Навоӣ маҳорати бузурги эҷодкории ӯро пай бурдан душвор нест. Инчунин, дар ин байтҳо бо кумаки истилоҳоти тасаввуфӣ ишқи абадӣ ва ҷовидонаро, ки асоси ҳастӣ мебошад, ба инсон муаррифӣ мекунад. Тасвирҳои ҷолиб, мазмунҳои нав ва вижагиҳое, ки шоир корбурд намудааст, гоҳо хонандаро ба андеша водор месозад.

Дар афкори ирфонии Алишер Навоӣ мақсади олитарин ваҳдат аст. Вай дидгоҳҳоеро, ки дар байни мову шумо ҳаст, натиҷаи иштибоҳ медонад:

Ману моӣ набувад дар раҳи ваҳдат, ҳуш дор,

Ки ман ин мову манӣ аз айни хато мебинам.

Дар байти дигар шоир ба моҳияти ҷаҳони беқарор ишора мекунад:

Фонӣ, чӣ шавӣ шефтаи даҳр, ки кавнайн

Дар дашти фано ҷумла намудори сароб аст.

Инчунин, шоир монанди сӯфиён дунёро пиразани маккор ва инсонро асири ӯ мебинад:

Бин сӯйи пиразани ишвагари даҳр, ки чун

Рустамонанд забунаш чӣ аҷоиб Золест.

Навоӣ ба бевафоии даҳр ишора карда, чунин менависад:

Чун бевафост ғамкадаи даҳр, май биёр,

Будан дар ин сарой даме ҳушёр чист?

Бояд гуфт, ки яке аз мафҳумҳои барҷастаи тасаввуф замон аст ва аҳли сӯфӣ таъкид кардаанд, ки вақт омили ҳалкунанда мебошад: «Замон теғи пирӯз аст» (К.Хоразмӣ). Мегӯянд, ки «Вақт қимат аст, ки қадри онро на ҳама мефаҳманд» (Қ.Обидӣ). Ба ҳамин маъно Навоӣ ба истифодаи босамари вақт, қадр кардани он даъват мекунад:

Нақди вақт ор ба каф, з-он ки парешонии вақт,

Пири раҳ ҷумла зи омолу амонӣ донист.

Навоӣ тибқи суннатҳои тасаввуф мардумро ба ҷустани ҳақ водор месозад ва мегӯяд, ки агар ҳақиқат дастнорас бошад ҳам, набояд ноумед шаванд ва ҳамеша дар роҳи ҷустуҷӯ талош кунанд:

Агарчи васл бетавфиқ мумкин набвад, эй Фонӣ,

Машав навмеду дар роҳи талаб саъй он чи битвон кун.

Алишер Навоӣ дар «Девони Фонӣ» беш аз чилу панҷ маротиба дар бораи зоҳидӣ ва мафҳумҳои он ибрози назар карда, ин мафҳумро ҳамчун як нуқси диниву иҷтимоӣ баён кардааст. Ӯ зуҳду офиятро афсона, зоҳидиро гуноҳ мешуморад ва риёкориро кори душвор медонад:

Фонӣ, андар сайри атвори тариқат ҳар чи дид,

Буд неку, лекинаш зуҳду риёӣ шоқ буд.

Алишер Навоӣ дар ашъори худ чун аксари сӯфиён зарурати ишқу муҳаббатро таъкид карда, ишқи илоҳиро ба пайдоиши ҳастӣ ва ҳаракати ситораҳо вобаста медонад:

Афлок ба як садма, ки аз ишқи азал дид,

Саргашта чунин то ба абад дар таку тоз аст.

Шоир мақсади ҳастиро аз ишқ медонад:

Фонӣ буваду ҷоми маю ишқу харобот,

К-аз даҳр мурод ин шуду беҳуда дигарҳо.

Навоӣ ҳам монанди Ҳофиз душвориҳои ишқро шарҳ дода, таъкид мекунад, ки ишқ дар аввал осон метобад, вале баъд ба дил шуълаеро меандозад, ки аз чашм хоб, аз қалб ором ва аз тан осудагиро мебарад. Мегӯяд, ки ғунчаи ишқ ба хун олуда аст. Шоир ғами ишқро чун сахттарин андӯҳ тавсиф мекунад:

Ғам чу набвад аз ғами ишқат ба олам саъбтар,

Шуд яқин ин ҳам, ки набвад низ ғамноке чу ман.

Навоӣ ишқро сарчашмаи беҳбудии ҷисми инсон, роҳи ҳалли ҳама мушкилот, раҳоӣ аз сармастӣ, девонагӣ, шармандагӣ, ғаму ғусса медонад. Таъкид мекунад, ки ишқ дорои нерӯи бузургест, ки инсонҳоро ба роҳи саодат ва некӣ ҳидоят мекунад.

Баррасии афкори Алишер Навоӣ дурустии фарзияҳоро дар бораи огоҳии шоир аз сатҳ, марҳила ва мақомоти тасаввуф исбот мекунад. Вай аз нуқсонҳои ҷомеаи худ огоҳ буд ва аз ин рӯ дар ашъораш риёкориву дурӯягиҳои зоҳидонро танқид намудааст. Навоӣ дар осори худ мафҳумҳои волои ирфониро аз тавба то ҳалокат, аз ишқ то шаҳодат ва аз масҷиду хона то ба дайру майкадаро бо тафсирҳои хуб баён кардааст, ки далели вуқуфи комили шоир аз таълимоти тасаввуф мебошад.

Маҳорати баланди эҷодии Алишер Навоӣ ҳамчун мутафаккир ва шоир на танҳо дар осори ӯзбекии ӯ, балки дар ашъори форсияш низ ифодаи худро ёфтааст. Аз ҷумла, бидуни муболиға гуфтан мумкин аст, ки Навоӣ аз осори шоирони маъруфи форс-тоҷик – Саноӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно Балхӣ, Умари Хайём ва дигарон хуб огоҳ буд ва андешаҳои мондагори онҳоро дар ашъори худ, аз ҷумла дар «Девони Фонӣ» таҷассум кардааст.

Наргис ШОАЛИЕВА,

дотсенти кафедраи «Забонҳои ӯзбекӣ ва хориҷӣ»-и Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: