АҲАМИЯТИ АСАРҲОИ ИЛМИИ АЛИШЕРИ НАВОӢ

Мир Алишер Навоӣ аз ҷумлаи маъруфтарин адибони ҳавзаи адабии Ҳирот, поягузори адабиёти классикии ӯзбек нуҳуми феврали соли 1441 таваллуд шудааст.

Падари Навоӣ – Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буда, ба шеъру шоирӣ иштиёқи баланд дошт. Навоӣ аз овони кӯдакӣ ба назм шавқу ҳаваси зиёде зоҳир намуд. Ӯ дертар ҳамчун шоири зуллисонайне, ки ба забони туркии чиғатоӣ (бо тахаллуси «Навоӣ») ва форсӣ-тоҷикӣ (бо тахаллуси «Фонӣ») эҷод мекард, машҳур гашт.

«Маҷолис-ун-нафоис» (1490-1491; 1497-1498) якумин тазкираест ба забони туркӣ. Шоир дар он доир ба 459 шоиру нависанда маълумот додааст. Дар бобҳои якум ва дуюм дар бораи шоирони гузашта, дар боби сеюм шоирони ҳамзамонаш, дар бобҳои панҷум ва шашум шуарои Хуросон, дар боби шашум доир ба шуарои Мовароуннаҳр, Осиёи Хурд ва Эрон, дар бобҳои ҳафтум ва ҳаштум шоирон ва шаҳзодаҳои сулолаи Темуриён маълумот додааст. Ин асар аз тарафи Фарии Ҳисорӣ (1521-1522), Муҳаммад Қазвинӣ (1522-1523) ва Шоҳалӣ Абдуалӣ (1598) се маротиба ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шудааст.

Навоӣ дар «Муҳокамат-ул-луғатайн» лаҳҷаи ҳамондавраи туркӣ, суханони бузургон, осори бадеию илмиро бо вижагиҳои грамматикаи забони форсӣ-тоҷикӣ қиёсан омӯхтааст. Ӯ ба он калимаҳои зиёдеро, ки дар забони халқ истифода мешуданд, ворид намуда, сабабгори корбурди онҳо дар забони адабӣ гардидааст. Вай баъди Маҳмуди Қошғарӣ грамматикаи забони чиғатоӣ ва дигар халқҳои туркиро дар асоси илмӣ муқаррар намуда, боиси васеъ шудани имкониятхои бадеӣ ва эстетикии забони ӯзбекӣ ва дигар халқҳои турк гардид, шоирону донишмандонро ба мубориза барои истиқлоли забон даъват намуд.

 «Мизон-ул-авзон»-и шоири бузург (1492) ба назарияи арӯз – қоидаҳои арӯзи арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва туркӣ бахшида шудааст. Алишер Навоӣ дар ин асар, дар баробари равшан намудани табиати арӯзи туркӣ, дар шеъри туркӣ нуҳ вазн ва шаклҳои нави шеъриро муайян кард. Вай бори нахуст дар таърихи халқҳои туркӣ масъалаи вазни миллиро ба миён гузошт. Мо медонем, ки арӯзи форсӣ-тоҷикӣ дар давраи Навоӣ ба дараҷаи баланди худ расида буд. Аз он ҷумла, пиру устоди Навоӣ –  Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи арӯз ва вазни шеъри форс-тоҷик фикрҳои ҷолибро ба миён гузоштааст. Асарҳои ӯ «Рисолаи арӯз» ва «Рисолаи қофия» далели ин гуфтаанд.

«Девони Фонӣ» ашъори ба забони форсӣ-тоҷикӣ навиштаи Алишер Навоиро дар бар дорад. Дар муқаддимаи он достонҳои форсии «Ситтаи зарурия» («Шаш зарурат») ва «Фусули арбаа» («Чор фасл») оварда шудаанд, ки қасидаҳои зеринро дар бар дорад: «Ситтаи зарурия» «Руҳ-ул-қудс», «Айн-ул-ҳаёт», «Туҳфат-ул-афкор», «Қут-ул-қулуб», «Минҳоҷ-ун-наҷот», «Насим-ул-хулд».  Онҳо дар пайравӣ ба осори Ҳоқонӣ, Деҳлавӣ, Салмони Соваҷӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ дар шакли посухи фалсафӣ ва мантиқӣ навишта шудаанд. «Фусули арбаа»  аз қасоиди Султон Ҳусайни Бойқаро, фусули «Баҳор», «Саратон», «Хазон» («Тирамоҳ») ва «Дай» («Зимистон») иборат аст. «Муфрадот»-и ӯ (1485) асари илмии форсӣ-тоҷикиест, ки ба қоидаҳои жанри масъала бахшида шудааст. Мушкилоти жанрҳое, ки дар он баён шудааст, ба рубоӣ, қитъа, туюқ ва дар баъзе мавридҳо ғазал иртибот дорад. Дар он 121 мисол оварда шудааст, ки усулҳои ҳалли масъаларо меомӯзанд. Маълум аст, ки Навоӣ дар шакли луғат ба забони арабӣ асаре бо номи «Сабъат-ул-абҳур» («Ҳафт баҳр») дорад, ки дар рӯҳияи динӣ-тасаввуфист, таълиф намудааст. Бояд гуфт, ки ин асар ба андозаи кофӣ омӯхта нашудааст. Осори форсӣ-тоҷикии Алишер Навоиро А.Фитрат, Ҳ.Сулаймон, Н.Маллаев, Ш.Шомуҳамедов, Р.Воҳидов, Болтаева мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Аз осори тоҷикии Навоӣ муҳимтаринаш «Девони Фонӣ» мебошад, ки 6197 байтро дар бар дорад. Дар рисолаи доктории Ҳ.Сулаймонов «Тадқиқоти матншиносии осори ғиноии Навоӣ» оид ба таркиби девони форсии Навоӣ се ҷадвал оварда шудааст, ки бисёр чизҳоро муайян мекунанд. Муаллиф таркиби нусхаи нисбатан комили девони тоҷикии Навоӣ-Фониро (нусхаи Париж) чунин муайян кардааст: дебоча, 8 қасида – 955 байт, 555 ғазал –  4313,1 мусаддас – 68 байт, 72 қитъа – 185 байт, 73 рубоӣ – 146 байт, 16 таърих – 39 байт, 396 муаммо – 426 байт, ҷамъ 1131 шеър – 6197 байт.

Навоӣ дар рисолаи «Муҳокимат-ул-луғатайн» аз 11 қасидаи форсии худ ёд кардааст, ки дар пайравии қасидаҳои машҳури бузургони адабиёти форс-тоҷик навишта шудаанд.

Алишер Навоӣ қариб доир ба ҳамаи соҳаҳои замони худ: сиёсат, идораи давлат, адабиёт, меъморӣ, таърих, илми қофия, арӯз таълифоте дорад.

Осори ӯ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудаанд.

Беҳрӯз Боймуродов,

донишҷӯйи бахши филологияи тоҷики ДДБ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: