ШАРОИТИ ЗАМОНАВӢ – ГАРАВИ ТАЪЛИМИ БОСИФАТ

Бинои мактаби рақами 61-ум, ки дар маҳаллаи «Атаган гузар»-и ноҳияи Намангони Нав воқеъ мебошад, баъди таъмири хушсифат намои замонавӣ пайдо кард.

Ин муассисаи таълимӣ соли 1995 бунёд шуда, тӯли солҳо синфхонаҳояш таъмирталаб гардида буданд. Бинобар камии синфхонаҳо ҳам муаллимон ва ҳам хонандагон ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Барои аз байн бурдани ин мушкилот бобати куллан таҷдид кардани мактаб мувофиқи барномаи сармоявии давлатӣ он аз таъмир бароварда шуд.

Дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ мактабе, ки муқаддам 272 хонандаро дар бар мегирифт, инак 480 толибилмро ба оғӯш мегирад. Бинои нав мувофиқи тамоми талаботи замонавӣ аз нав сохта, синфхонаҳо бо таҷҳизоти навтарини техникӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Акнун донишомӯзон дар синфхонаҳои васеъ ва фарохи дорои тамоми шароит таълим мегиранд.

Дар маросими ба истифода супурдани бинои нав ҳокими ноҳия, роҳбарони секторҳо, ходимони соҳаи таълим, фаъолони маҳалла ва мӯйсафедони нуронӣ ширкат варзиданд. Нотиқон аз шароите, ки дар мактаб фароҳам оварда шудааст, сухан гуфта, қайд карданд, ки он барои беҳтар шудани сифати таълим аҳамияти зиёд дорад.

Суратгир: Ҳ. Мамадалиев (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: