Дар шумораи 6-уми «Овози тоҷик» (18 январи соли 2025) мақолаи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Азамат Мирзоев таҳти унвони «Аз сад ғалат андакеро гуфтем...» чоп шуд. Дар мақола сухан дар бораи китоби «Математика»-и синфи дуюм меравад, ки соли 2021 бо тавсияи Вазорати таълими халқ нашр шудааст. Муаллиф дар мақола чанд камбудӣ ва ғалатҳои имлоиву маъноиро бо мисолҳо овардааст.
Воқеан, чунин хатоҳои имлоӣ, вайрон шудани мазмуни ҷумла, корбурди нодурусти калимаҳо, ба мавзӯъ мувофиқат накардани мисолу супоришот, инчунин, ба тақсимоти соатҳои дарсӣ мутобиқ наомадани мавзӯи китобҳо дар ҷараёни корбарии омӯзгорон як қатор мушкилиҳоро ба миён меорад.
Камина қариб чил сол боз ба синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳам. Тӯли ин солҳо ба чандин гурӯҳи шогирдон таълиму тарбия дода, ба синфи болоӣ роҳнамун кардам. Дар раванди фаъолият аз чанд насли китоб дарс гузаштам, ки ҳар яке аз дигаре бо мазмуну мундариҷа, шаклу муҳтаво фарқ мекард.
Дуруст аст, ки солҳои охир робитаҳои Ӯзбекистон бо мамлакатҳои ҷаҳон беш аз пеш вусъат ёфт. Ҳамкориҳо дар соҳаи таълим низ бо давлатҳои мутараққӣ мустаҳкам гардиданд. Таҷрибаи байналмилалиро омӯхта, авлоди нави китобҳои дарсӣ офарида шуд.
Ҳоло китобҳои дарсӣ, бахусус, китобҳое, ки барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудаанд, хеле хушсифат, бо тасвирҳои дилкашу зебо ва ҳарфҳои хоно чоп мешаванд. Аммо ғалату камбудиҳо дар онҳо ба ҷойи кам шудан, торафт зиёд мегардад.
Масалан, қисми дуюми китоби «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» барои донишомӯзони синфи 3-юми мактабҳои таълими умумӣ (муаллифон Т. Чориев ва Ҷ. Эшонқулов), ки соли 2022 бо тавсияи Вазорати таълими халқ чоп гардидааст – ҳаҷми ин китоб хеле калон, ҳамзамон вазнин аст. Китобҳои дарсӣ барои хурдсолон бояд сабук, хурд ва ихчам бошанд. Бинобар ин, чун солҳои пеш, китобҳои «Забони модарӣ» ва «Хониш»-ро дар шакли алоҳида чоп кунанд, нуран ало нур мегардид.
Дигар ин, ки мавзӯъҳои китоб мантиқан дуруст ҷойгир карда мешуд, хеле хуб мебуд. Масалан, қисми дуюми китоб барои чорякҳои сеюм ва чорум пешбинӣ шудааст. Яъне омӯзгорон пас аз анҷоми таътили зимистона – аз даҳаи дуюми моҳи январ дар асоси ин китоб дарс мегузаранд. Китоб бо боби «Олами табиати рангин» ва бахши «Баҳор омад, табиат дилрабо шуд» оғоз мешавад. Мавзӯи нахустини дарс – «Баҳори деринтизор омад».
Омӯзгорон водоранд, ки тибқи тақсимоти соатҳои дарсӣ дар ду моҳи фасли зимистон дар бораи баҳор, иди модарон ва ҷашни Наврӯз дарс гузаранд.
Акнун бигӯед, ки дар чиллаи зимистон гузаштани мавзӯи “Баҳори деринтизор омад” то чӣ ҳад дуруст аст? Яъне вақте ки дар берун то қади зону барф хобидааст, муаллим дар синф ба шогирдон дар мавзӯи баҳор дарс мегузарад!?
Ҳамин тавр мавзӯъҳои дарс идома меёбад: “Гули зарди навбаҳор” (дар бораи бойчечак), “Ниҳоли ҳамешабаҳор ва гули гулоб”, “Турна қатор омадаст”, “Абрҳои файзбор”, “Модар”, “Идат муборак!”, “Наврӯз, рӯзи нав”, “Иди Наврӯз”, “Суруди баҳор” ва ғайра...
Омӯзгорон маҷбуранд, ки тибқи тақсимоти соатҳои дарсӣ дар ду моҳи фасли зимистон дар бораи баҳор, иди модарон ва ҷашни наврӯз дарс гузаранд. Дар фасли баҳор бошад, дар бахшҳои “Меҳнат шараф аст”, “Саёҳат ба олами афсонаҳо” (боби “Аз ганҷинаи эҷодиёти халқ”) ба шогирдон аз рӯйи мавзӯъҳои “Меҳнат калиди саодатмандӣ”, “Нонпаз ва харидор”, “Суруди боғбон”, “Пири хирадманд”, “Деҳи мо саҳни кор аст”, “Ҳашар”, “Калоба куҷо шуд?”, “Заррофаяки себдӯст”, “Ниқоб” ва ғайра таълим диҳанд, афсонаҳо нақл кунанд.
Дар ҷо ба ҷо гузоштани мавзӯъҳо “қолабшиканиҳо”-и ғайримантиқӣ ба чашм мерасад. Беҳтар буд, ки муаллифон бахши “Меҳнат шараф аст” ё “Саёҳат ба олами афсонаҳо”-ро дар аввал ва бахши “Баҳор омад, табиат дилрабо шуд”-ро баъд аз он мегузоштанд. Дар чунин ҳол муаллим метавонист мавзӯъҳоро дар ҳамоҳангӣ бо табиат, иду ҷашнҳои баҳорӣ гузарад, ки барои самарабахштар шудани дарсҳо мусоидат мекард.
Дар китоб хатоҳои имлоӣ низ зиёд аст. Масалан, «Бо тадбили ҳарф ...» (саҳ. 8, тадбил – табдил), «Арғумчакбозӣ»-ро бо шарҳу тафсир нависед» (саҳ. 10, арғумчакбозӣ – арғунчакбозӣ), «Дар катакҳои холӣ бо гузоштани садоднокҳои ...» (саҳ. 12, садоднок – садонок), «Ибораҳои «абрҳои файзор», «...» (саҳ. 13, файзор – файзбор) ва ғайра.
Чунин ҳолат ва ғалатҳоро дар дигар китобҳои «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» барои синфҳои ибтидоӣ низ дидан мумкин аст.
Аз муҳаррир, мутарҷим, муқарриз, мусаҳҳеҳ, умуман ҳамаи масъулони китобҳои дарсӣ сидқан хоҳиш мекардем, ки ба ин масъала диққати бештар диҳанд. Зеро таҳкурсии илму хиради донишомӯзон дар синфи ибтидоӣ гузошта мешавад ва барои босавод, заковатманд ва чун инсони комил тарбия ёфтани насли ҷавон мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, беғалат ва бидуни камбудӣ чоп гардидани онҳо аҳамияти калон дорад.
Хушвақт БЕРДИЕВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими ҳамагонии №43, ноҳияи Нуратои вилояти НАВОӢ.