АХСИКЕНТ – ОИНАИ ТАЪРИХИ КУҲАН

Аз таърих маълум аст, ки Ахсикент – замоне маркази Фарғонаи қадим будааст.

Президент ҳангоми сафараш ба вилояти Намангон бобати ободкунии ин шаҳри куҳан, аз ҷумла гуфта буд: «Ахсикент бояд мавзеи сайёҳӣ шавад ва салоҳияти Ӯзбекистонро ба олам муаррифӣ намояд. Барои ин мо бояд дар Ахсикент маҷмуаи азими сайёҳӣ барпо намоем. Ахсикент оинаи таърихи қадимаи давлати мост. Дар ин ҷо гузаштагонамон зиндагӣ карда, қаҳрамониҳо нишон додаанд»... 

Дарҳақиқат, дар манбаъҳои таърихӣ, хусусан дар «Бобурнома», оид ба ин шаҳр маълумот бисёр  ҳаст. Он аз арки калон, деворҳои баланд ва аз шаҳри даруниву берунӣ иборат будааст. Дар ин ҷо ҳунармандон, аз ҷумла, шишасозон, кулолон, оҳангарон, аслиҳасозон фаъолият бурдаанд. Шаҳри азимро чандин маротиба душманон хароб кардаанд. Аммо аҳолӣ онро аз нав сохтааст. Соли 1620-ум дар натиҷаи заминларзаи сахт Ахсикент ба қаъри замин рафт.

– Ҳоло бо ташаббуси Президент Ахсикент, ки таърихи 3 ҳазорсола дорад, аз нав «эҳё» мегардад. Дар 60 гектар ҳудуде, ки ҳафриётшиносон муайян карда буданд, маҷмуаҳои ёдгорӣ ва 4 осорхонаи зери осмони кушод барпо карда мешаванд. Ғайр аз ин дар сектори якуми маҷмуа бунёди амфитеатр, музейи археологӣ, толори конфронс ба нақша гирифта шудааст. Аллакай корҳои амалии сохтмон давом доранд, – мегӯяд директори мудирияти ҳифзи иншооти мероси археологии Ахсикент Анвар Икромов. – Вақтҳои охир Ахсикент нафақат ӯзбекистониён, балки таърихшиноси ҷаҳонро низ ба худ ҷалб менамояд, дар ин ҷо корҳои илмиву археологӣ низ авҷ гирифтаанд. Дар ин кор роҳбари шуъбаи Маркази миллии археологияи Академияи фанҳои Ӯзбекистон, профессор Абдулҳамид Анорбоев саҳми арзанда дорад.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: