Дар замони мо ҷинояти куллан наве зуҳур намуд, ки онро «киберҷиноят» унвон кардаанд. Роиҷ гардидани интернет ин ҷинояти хеле хавфнокро тезонд. Ҷинояткорон дар кишвари дуре, дар паси роёнаҳо (компютер) нишаставу тавассути барномаҳои махсус ҳадафи худро (бонк, муассисаҳои молиявӣ, ҳисобрақами шахсон...) пайгирӣ ва билохира ғафлатгир намудаву мавриди ҳуҷум қарор медиҳанд.
Замонаи мо чунон бо суръат тараққӣ мекунад, ки агар кас лаҳзае аз омӯзишу тамрин канор бимонад, ҳатман роҳгум мезанад ё аз ҳамтоёни худ ногузир қафо мемонад. Хоса рушди техникаи электронӣ ҷараёни босуръат буда, касро ба ҳайрат меоварад. Ин пешрафт куллан маҳсули ақли шигифтангези инсон аст. Он ҳар як узви ҷомеаро водор мекунад, ки ҳамқадами ин тағйироту дигаргуниҳо пеш биравад ва дунёи худро бо онҳо ҳамоҳанг созад. Хушоянд аст, ки ин пешрафти бемисл ҷомеаи моро ба сӯйи рушд ва ободиҳо мекашанд, зиндагии моро рангу бори нек мебахшанд, ба роҳати мо меафзоянд, мушкиламонро ғолибан содатар менамоянд. Ин ҳама боиси хурсандӣ ва сарфарозиҳост.
Аммо ин шодиву нишоти аҳли ҷомеаро баъзе воқеоти марбут ба рушди илмиву техникӣ халалдор месозанд. Чунки дар радифи тараққиёти бемисл ҷомеа бо як идда мушкилот сарбасар омадааст, ки мислашон дар гузашта дида намешуданд. Кунун олами ҷинояткорон аз технологиҳои пешрафта ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.
Дар замони мо ҷинояти куллан наве зуҳур намуд, ки онро «киберҷиноят» унвон кардаанд. Роиҷ гардидани интернет ин ҷинояти хеле хавфнокро тезонд. Ҷинояткорон дар кишвари дуре, дар паси роёнаҳо (компютер) нишаставу тавассути барномаҳои махсус ҳадафи худро (бонк, муассисаҳои молиявӣ, ҳисобрақами шахсон...) пайгирӣ ва билохира ғафлатгир намудаву мавриди ҳуҷум қарор медиҳанд. Бад-ин тариқ хуфиёна маблағи зиёдеро медузданд ва даст аз дигар аъмоли қабеҳ низ барнамедоранд. Ҳуҷумҳои кибер ё хакерӣ, ҳатто ба сохтори дифоии мамлакатҳо таҳдид карда, баъзан низоми пешқадами онҳоро корношоям месозанд ва боиси ғорати маълумоти зиёди махфии давлатӣ низ мегарданд. Чунин ҷинояткоронро «хакер» меноманд, ки барномаҳои вирусдор истеҳсол ва онро мавриди озмоиш қарор медиҳанд. Ин ҷинояткорон шахсони одӣ ва гӯлу гумроҳе нестанд, балки дар илми замона дастболо буда, лаёқати баланди худро ба корҳои бад масраф месозанд ва боиси ташвишҳои аҳли ҷомеа мегарданд. Давлатҳои ҷаҳон барои фош кардан ва музоҷоти ҷинояткорони кибер созишномаҳои тарафайн низ ба имзо расонидаанд.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар замири ҳар гуна ҷиноят манфиате ниҳон аст ва ҳадафи ҷинояткорон ҳам ҳамин буда, мехоҳанд бинои хушбахтии худро дар пояи бадбахтии дигарон созанд. Азбаски кишвари мо низ ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонист ва ногузир ҳамқадами замон гом бардоштаву аз технологияи пешқадам фаровон истифода мебарад, хоҳу нохоҳ баъзан бо ҷинояткорони кибер сарбасар мегардад. Ин ҷинояткорон маъмулан бо истифода аз илми пешқадам мехоҳанд ба маблағҳои «бедардимиён» соҳиб шаванд. Аз ин рӯ огоҳ будани ҳар шаҳрванд аз вуҷуди чунин ҷинояткорон шарт ва зарур аст. Вазорати умури дохилӣ гурӯҳҳои зудамале дорад, ки бахшҳои он дар ҳама шаҳру навоҳӣ амал мекунанд ва онҳо алайҳи ҷинояткорон, аз ҷумла ҷинояткорони кибер муборизаи беамон мебаранд. Маълум аст, ки ҷинояткорони кибер дар махфигоҳҳои худ нишаставу бо номҳои мустаор мақсадҳои ғаразнокро амалӣ мекунанд. Дар сурати муроҷиати шаҳрвандон онҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ зуд ошкор месозанд ва ба ҷазо мекашанд.
Як гурӯҳи ҷиноятҳо ба воситаи дастгоҳҳои мобилие сурат мегирад, ки ҳоло мо зиндагии худро бидуни онҳо тасаввур ҳам намекунем. Бо ирсоли паёмак (СМС) ё занги телефон ҷинояткорон рақами кортҳои плостикӣ, ё ҳисобрақами шахсони алоҳидаро дар бонкҳо кушода, ба ғорат даст мезананд. Чунин қаллобон аз номи кормандони идораҳои давлатӣ ба одамон телефон карда, бо роҳи фиреб ба нусхаи ҳуҷҷатҳои онҳо (шиноснома, кортҳои плостикӣ...) ё маълумоти он соҳиб мешаванд. Ҳолатҳое кам нестанд, ки пас аз дастрасӣ ба асноди зарурӣ аз бонкҳо ба номи онҳо кредитҳои калон расмӣ кунонида мешаванд.
Азбаски ҷавонони мо ба саҳифаҳои иҷтимоии интернет иштиёқи зиёд доранд, хоҳиши дарёб намудани маълумоти ҳарчӣ бештар онҳоро ба торнамо ва сайтҳои гуногун, ҳатто мамнӯъ мебарад. Дар натиҷа ба доми фиребгарон афтода, бехабар мемонанд, ки шарики ҷинояти иддае аз ҷинояткорони хавфнок шудаанд.
Моҳи сентябри соли гузашта дар ноҳияи Касбии вилояти Қашқадарё ҷинояте ошкор гардид, ки маҳз ба гурӯҳи ҷиноятҳои кибер мутааллиқ аст. Падару модари як хонандаи мактаб ба номи сардори Саридораи умури дохилии вилоят аризаи шикоятӣ ирсол дошта, дар ҳифзи номуси фарзанди худ кумак хостанд. Назар ба арзи онҳо, духтари ноболиғашон чун ҳамсолони худ дар саҳифаи телеграмиаш сурат ва лавҳаҳои видеоии худро ҷой медиҳад ва Гулизебо ном шахсе ба аккаунти ӯ дохил шудаву ин аснодро рӯбардор мекунад. Пасон вай ин суратҳоро ба шакли бараҳна оварда, аз духтарак талаб мекунад, ки 4000 доллари ИМА диҳад, вагарна дар интернет мегузорад. Кормандони гурӯҳи зудамали бахши ҷиноятҳои кибери Саридораи умури дохилии вилоят дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус шахсияти он нобакорро аниқ карданд ва ҳангоми доду ситоди як қисми пулҳои талабшуда ҷинояткорро дастгир намуданд. Ҷинояткор сокини ноҳияи Касбӣ будааст, ки бо роҳи фиреб ва таҳдиду дасиса мехост соҳиби маблағи зиёд гардад. Алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудаву тафтишот идома доранд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он изҳори нороҳатӣ мекунанд, ки шаҳрвандон, ҳарчанд бо чунин ҷиноят ва ҷинояткорон дучор меоянд, на ҳамеша сари вақт ба идораҳои дахлдор муроҷиат менамоянд. Дар натиҷа ҷинояткорон дар пайи татбиқи ғаразҳои нопоки худ дучанд азм мекунанд ва аз эҳтимол дур нест, ки шаҳрвандони бештар зиён бинанд. Волидайн бояд мунтазам телефонҳои мобилии фарзандони худро аз назар гузаронанд, то онҳо бинобар нофаҳмиҳо фирефта ё шарики ҷинояткорони кибер нагарданд. Зеро ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо вазифаи калонсолони огоҳ ва ҳушёр аст.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.