Президент Доналд Трамп бо роҳбари Русия Владимир Путин тавассути телефон гуфтугӯ анҷом дод, то дар бораи қатъи ҷанг дар Украина ба мувофиқа расанд.
Тибқи мусоҳибаи дар рӯзномаи New York Post нашршуда, Президенти ИМА ҷузъиёти гуфтугӯро ифшо накард, аммо таъкид намуд, ки ҷониби Русия барои хотима додани хунрезӣ омода аст.
«Ӯ (Владимир Путин) мехоҳад, ки одамон аз марг наҷот ёбанд, – изҳор дошт Доналд Трамп. – Ман умедворам, ки ин ҳарчӣ зудтар хотима меёбад. Ҳар рӯз ҷавонон аз ҳар ду ҷониб ҷон медиҳанд. Ман мехоҳам инро ҳарчи тезтар хотима бахшам».
Ба гуфтаи раҳбари ИМА, агар ӯ дар соли 2022 президент мебуд, низоъ дар Украина «ҳаргиз рух намедод». «Ман ҳамеша бо Путин муносибатҳои хуб доштам», – илова кард ӯ.
Ғайр аз ин, дар суҳбат бо мушовири амнияти миллӣ Майк Уолтс, Президент гуфт: «Биёед ин мулоқотҳоро оғоз кунем. Онҳо мехоҳанд мулоқот кунанд», ва таъкид намуд, ки ӯ нақшаи мушаххас барои қатъи низоъ дорад.
«Муовини Президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс ҳафтаи оянда дар Конфронси амниятии Мюнхен бо Президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот хоҳад кард», – таъкид мекунад рӯзнома. Доналд Трамп изҳор дошт, ки мехоҳад созишномаи 500 миллион доллариро барои дастрасӣ ба маъданҳои нодир ва гази Украина дар ивази кафолатҳои амниятӣ ҳангоми созишномаи эҳтимолии сулҳ имзо кунад.
Қаблан, қабл аз савгандёдкунӣ, раҳбари Иёлоти Муттаҳида ҳангоми суханронӣ дар назди ҷонибдоронаш дар Вашингтон эълом дошт, ки қасд дорад ба низоъ дар Украина хотима бахшад ва аз оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунад.