САРФАСЛИ БАРҶАСТА

Бо вуҷуди ҳама нобовариҳо ва тамоми талошҳое, ки дар сатҳи байналмиллӣ барои ҷилавгирӣ аз муваффақияти Имом Хумайнӣ ба амал омад, инқилоби исломӣ дар марҳалаи нахусти муборизоти хеш дар рӯзи 22 баҳман пирӯз гардид ва аз ин ҷиҳат пирӯзии он бештар ба як мӯъҷиза шабеҳ буд, то ин ки таҳаввули одӣ.

Ба ҷуз Имом Хумайнӣ ва тӯдаҳои бешуморе, ки хориҷ аз таҳлилҳои маъмул, ба гуфтаҳо ва ваъдаҳои имом бовари қалбӣ доштанд, таҳлилгарони сиёсӣ ва ҳама касоне, ки дар рухдодҳо ва ҳаводиси Эрон дахил буданд, вуқӯи чунин пирӯзиро, ҳатто то рӯзҳои вопасини умри режими шоҳ номумкин медонистанд. Чунин буд, ки аз субҳдами 22 баҳмани соли 1357 (10 феврали соли 1979) хусумат бо низоми навпойи исломӣ дар паҳнои густурда оғоз шуд. Ҷабҳаи душманҳоро Амрико раҳбарӣ мекард ва давлати англису бархе дували Аврупои дигар ба ҳамроҳи тамоми режимҳои вобаста ба Ғарб дар он мушорикати фаъол доштанд.

Шӯравӣ ва ақмори он низ нохурсанд аз иттифоқе, ки дар Эрон афтода ва ба ҳокимияти дин мунҷар гардид, бо амрикоиҳо дар бисёре аз хусуматҳо ҳамсӯ шуданд. Намунаи боризи ин ҳампаймонӣ дар ҳамнавоии нируҳои чап ва рости зиддиинқилоби дохили кишвар, ки баъдҳо асноди вобастагии онон ба сафоратхонаҳои Шӯравӣ ва Амрико ифшо гардид ва аз он боризтар ҳамоҳангии ҳамаҷонибаи ду кишвар дар таҷҳизи Саддом Ҳусейн ва ҳимоят аз ӯ дар ҷанг бо ҷумҳурии исломиро метавон мушоҳида кард. Аммо Имом Хумайнӣ бо ҳамон мантиқе, ки наҳзати исломиро оғоз карда буд, дар авҷи фитнаҳо ва фишорҳои хориҷӣ инқилобро ҳидоят кард ва онро бо иродаи хеш ба давраи созандагӣ ва субот ҳидоят намуд.

Инқилоби исломии Эрон дар ҷаҳон ба унвони «инқилоби Имом Хумайнӣ» шинохта шудааст.

Ба ҳамин иллат аст, ки то кунун ҳеҷ яке аз тарҳҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва низомии алайҳи Эрон, ки ғолибан бо ҳимоят ё сукути муттаҳидони минтақавӣ ва ҷаҳонии Ғарб ҳамроҳбуда, ба натиҷае нарасидааст. Ва ба ҳамин далел аст, ки пас аз гузашти чиҳилу шаш соли муқобилаи Ғарб бо инқилоб, имрӯз назариётчиён ва сиёсатмадорони аврупоӣ ва амрикоӣ бар зарурат пазиришу таҳаммули воқеияти инқилоб ва ҷойгоҳи Ҷумҳурии исломиро дар арсаи байналмиллӣ таъкид мекунанд.

Аз ин рӯ, «22 баҳман» танҳо набояд ба унвони рӯзи поёни як режими сиёсӣ ва оғоз бар ҳаёти режими дигар талаққӣ гардад, балки бояд аз он ба унвони сарфасли барҷаста дар таърихи сиёсии Эрон ва нуқтае атф дар раванди муборизоти миллати Эрон ёд кард.

Амирсаид КАРАМӢ,

 ройзани фарҳангии сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: