Дар вилояти Фарғона имрӯзҳо ба дастгирии фаъолияти китобхонаҳо ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии онҳо диққати махсус дода мешавад.
Соли гузашта Маркази ахбор-китобхонаи вилоятии ба номи Аҳмад Фарғонӣ аз нав таъмир ёфта, ба истифода дода шуд.
Маркази нави ахбор-китобхона дар ноҳияи Бағдод бо 1 миллиарду 200 миллион сӯм аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 1 миллиарду 200 миллион сӯм аз ҳисоби лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор» бунёд шудааст. Дар китобхона 92 ҳазор фонди китоб мавҷуд буда, дар як вақт ба 200 нафар хонанда ғизои маънавӣ мебахшад. Китобхонаи нав бо мебел, адабиётҳои нав, компутер ва интернет муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Суратгир: М. Қодиров (ӮзА).