«САФИРИ ФАРҲАНГИ ӮЗБЕКИСТОН» ДАР ҶОПОН

Ин нахустин сафири фарҳанги Ӯзбекистон дар мамлакати офтоббарост, ки мувофиқи қарори Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хидматрасонии маданӣ ба аҳолӣ» анҷом пазируфтааст.

Дар ин замина, тавсеаи равобити фарҳангии байни Ӯзбекистон ва Ҷопон, тарғиби доманфарохи мероси ғании фарҳангии кишварамон, хусусан мусиқӣ ва таронаҳои миллӣ барои афзоиши теъдоди муштариён хидмат менамояд. Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо сафорати Ӯзбекистон дар Токио маросиме баргузор намуда, сароянда ва навозандаи маъруфи Ҷопон Машу Комазакиро  «Сафири фарҳанги Ӯзбекистон» таъин кард.

Сафири кишвари мо дар Ҷопон Мӯҳсинхоҷа Абдураҳмонов ба хонум Машу Комазаки барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои фарҳангию маърифатии Ӯзбекистон ва Ҷопон ва шиносоӣ бо ҷомеаи васеъ нишони сарисинагии «Сафири фарҳанги Ӯзбекистон» ва шаҳодатномаи онро тақдим намуд. 

– Маро лозим меояд, ки фарҳангу мусиқии миллии ӯзбекиро амиқтар омӯзам, дар кишвари худ чорабиниҳои зиёди фарҳангию маърифатӣ ташкил намуда,  барои васеътар тарғиб кардани он талош намоям, – гуфтааст Комазаки. – Баъд аз иҷрои таронаҳо ва мусиқии миллӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ бисёре аз тамошобинони ҷопонӣ таъкид карданд, ки ростӣ, ҳунарнамоии ман дар зеҳни онҳо симои кишвари пурасрори Ӯзбекистонро  ба вуҷуд меоварад, ки дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гаштааст.

Ба сифати маълумот метавон илова кард, ки М. Комазаки соли 1988 дар Токио таваллуд шудааст. Соли 2010 шуъбаи фортепианои Донишгоҳи мусиқии Токиоро хатм кардааст. Аз соли 2015 то соли 2017 дар доираи барномаи ихтиёриёни Ҷопон дар хориҷа дар мактаби миёнаи  шаҳри Бухоро ба ҳайси омӯзгори мусиқӣ кор кардааст. Ӯ дар ин давра мусиқии миллии моро омӯхта, навохтани дуторро ёд гирифтааст. Соли 2018  дар ҷашнвораи санъати мусиқӣ  таронаи «Сунбула»-ро бо дутор иҷро карда, ҷойи сеюмро соҳиб шудааст.

Бо Ифтихорномаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст. Дар ҷашнвораҳои «Таронаҳои Шарқ» ва «Баҳори Бойсун» низ ҷойҳои ифтихориро ишғол кардааст. Гузашта аз ин, соли 2024 дар барномаи консертии «Takino-gawa» барномаи хосеро таҳти унвони «Роҳи бузурги абрешим» ташкил намуда, ба ҷомеаи ҷопонӣ мусиқӣ ва таронаҳои моро тақдим намудааст.

Шаҳноза ТӮРАЕВА,

корманди дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: