СҶТ: ИСТИФОДА АЗ ИВАЗКУНАНДАИ НАМАКИ ОШ МЕТАВОНАД УМРИ МИЛЛИОНҲО ОДАМОНРО ДАРОЗ КУНАД

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсияҳои навро барои кам кардани истеъмоли намак эълон кард.

Қайд карда мешавад, ки истеъмоли аз ҳад зиёди намак хатари фишори  баланди хун, сактаи дил, инсулт ва бемориҳои гурдаро зиёд мекунад.

Тибқи тавсияҳои СҶТ, истеъмоли ҳаррӯзаи натрий набояд аз 2 грамм зиёд бошад.  Ин тақрибан 5 грамм, ё як қошуқи чой намаки ош аст.

Аммо, имрӯз одамон дар як рӯз зиёда аз 4,3 грамм натрий истеъмол мекунанд.  Ин рақам аз меъёри тавсияшуда қариб ду баробар зиёд аст.

Дувоздаҳ сол пеш бо кишварҳои узви СҶТ созиш ҳосил шуда буд, ки то соли 2025 истеъмоли намакро 30 фоиз коҳиш диҳад. Вале мутаассифона ин мақсад амалӣ нашуд. Аз ин рӯ, муҳлат то соли 2030 дароз шудааст.

Тибқи тавсияҳои нав, ба ҷойи намаки ошии анъанавӣ истифода бурдани намаки калий аз фоида холӣ нест. Ин пеш аз ҳама фишори хунро ба эътидол меорад ва хатари бемориҳои дилу рагро коҳиш медиҳад. Системаи асаб беҳтар мешавад.

Намаки калий аз намаки муқаррарӣ аз рӯйи тамъ ва хосиятҳояш қариб фарқ намекунад.

Дуруст аст, ки намаки калий то ҳол ба таври васеъ дастрас нест ва дар баъзе минтақаҳо онро дар фурӯш пайдо кардан душвор аст. Илова бар ин, нархи он метавонад дар баъзе кишварҳо аз намаки муқаррарӣ камтар баландтар бошад. Бо вуҷуди ин, роҳи ҳалли самараноки мушкилотро тавассути васеъ ҷорӣ намудани истифодаи ин модда пайдо кардан мумкин аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: