ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН АЪЗОИ ШӮРОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАШВАРАТИРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 феврал гурӯҳи коршиносони Шӯрои байналмилалии машваратиро дар таркиби Алфред Гузенбауэр, Александр Квасневский ва Штефан Фюле қабул кард.

Масъалаҳои муҳими рушди мутақобилан судманд ба мақсади мусоидати коршиносии татбиқи стратегияи ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба бо кишварҳо ва институтҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

Муҳим будани ҳамкории амалӣ дар соҳаи омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, ҷалби технология ва сармояҳо дар навсозии соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиёти кишварамон таъкид гардид.

Оид ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар заминаи омодагӣ ба нишасти ояндаи «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Самарқанд мубодилаи афкор ба амал омад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: