ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ РУСИЯРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 феврал ҳайатро зери роҳбарии муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Фидератсияи Русия Максим Орешкин қабул кард.

Дар аввали мулоқот Максим Орешкин ба роҳбари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои беҳтарини Президенти Фидератсияи Русия Владимир Путинро расонд.

Масъалаҳои татбиқи амалии шартномҳое баррасӣ гардиданд, ки зимни ташрифи давлатӣ ба Ӯзбекистон моҳи майи соли гузашта ва дигар суҳбатҳо дар дараҷаи олӣ бинобар «нақшаи роҳ»-и тасбитёфта ба даст омадаанд.

Ба қабули чорабиниҳои маҷмӯӣ доир ба нигоҳ доштани суръати рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, дастгирии лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ ва тиҷорати электронӣ, вусъат додани ҳамкории амалӣ дар соҳаи хоҷагии об, таълими олӣ ва тарбияи кадрҳои муҳандисӣ, зеҳни сунъӣ, табодули маданӣ ва варзишӣ эътибори алоҳида нигаронида шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: