Олимони Донишгоҳи Калифорнияи ИМА усули суст кардани афзоиши омосҳои саратонро пайдо карданд.
Барои ин, ҳуҷайраҳои чарбии аз ҷисми инсон ҷудошударо дар шароити лабораторӣ коркард намуда, ба узвҳое, ки дорои омосҳои хавфнок мебошанд, мефиристанд.
Дар натиҷа, ҳуҷайраҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйир додашуда алайҳи 5 намуди омоси саратонӣ мубориза мебарад.
Олимон усули навро дар ҳайвонот санҷиданд. Дар натиҷа тасдиқ гардид, ки ҳуҷайраҳои чарбӣ метавонанд омосҳои хавфнокро, аз қабили саратони ғадуди зери меъда, простата ва ғадуди ширӣ, бомуваффақият нест кунанд.
"Ин ҳуҷайраҳоро дар ҷараёни муолиҷа ба осонӣ истифода бурдан мумкин аст. Ғайр аз ин, бе таъсири номатлуб ҷудо кардан, тағйир додан ва барқарор намудани онҳо осон мебошанд", — гуфт роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ Надав Ахитув.