Дар Чин дар даҳсолаи охир шумораи ақди никоҳ ба сатҳи пасттарин расидааст. Ин маълумотро CNN нашр кардааст.
Сарфи назар аз он ки ҳукумати Чин барои ташвиқи ҷавонон ба издивоҷ ва фарзанддорӣ чораҳои васеъ меандешад, шумораи никоҳҳои нав ба сатҳи рекордии паст расидааст.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои шаҳрвандии Чин, дар соли 2024 тақрибан 6,1 миллион ҷуфт ақди никоҳ бастаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 20,5% камтар мебошад.
Коҳиши никоҳ ва таваллуд барои ҳукумати Пекин мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунад, зеро коҳиши неруи корӣ ва пиршавии босуръати аҳолӣ метавонад рушди иқтисодии кишварро суст кунад.
Тибқи маълумот, соли гузашта шумораи шахсони қобили меҳнат (16-59 сола) 6,83 миллион нафар коҳиш ёфта, теъдоди афроди аз 60-сола боло зиёд шуда, 22 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи мутахассисон ва ҷамъиятшиносон, чунин вазъи нигаронкунанда натиҷаи сиёсати маҳдудкунии афзоиши аҳолӣ аст, ки даҳсолаҳо идома дошт. Дар натиҷа, шумораи ҷавононе, ки ба синни никоҳ расидаанд, хеле кам шудааст.
Соли 2015, ҳукумати Чин сиёсати як фарзандро бекор карда, ба оилаҳо иҷозат дод, ки ду фарзанд дошта бошанд. Соли 2021 ин маҳдудият то се фарзанд афзоиш ёфт.
Бо вуҷуди ин, сатҳи издивоҷ ва таваллуд ҳамоно коҳиш ёфта истодааст.