МУОВИНИ ВАЗИР ВА САФИР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБАРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Имрӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Усмонов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода мулоқоти корӣ ба анҷом расонид.

Дар ин бора саҳифаи расмии сафорат хабар дод.

Ҳангоми мулоқот Бобур Маъруфович аз тавсеа ёфтани сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.

Ҳамзамон, Сафири Тоҷикистон доир ба чорабиниҳое, ки дар соли 2025 доир мешаванд ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба назару андешаҳои худро иброз намуд.

Ҳар ду ҷониб аз боло рафтани сатҳу сифати баргузории тадбирҳои якҷоя изҳори қаноатмандӣ карда, хостори таҳкими муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя гардиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: