НАМОИШИ САНЪАТИ ХАТТОТӢ ВА ХУШНАВИСӢ БА ВУҚӮЪ ПАЙВАСТ

Дар музейи ба номи Камолиддин Беҳзоди пойтахт намоиши санъати хаттотӣ ва хушнависии Алиашраф Сандуқободӣ ва Афсона Шаҳбозӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ин намоиш, ки дар якҷоягӣ бо бахши фарҳанги сафорати Эрон дар Ӯзбекистон ва Академияи бадеии ҷумҳурӣ ташкил гардид, мавриди таваҷҷӯҳи хаттотон ва хушнависон қарор гирифт.

– Анҷумани хаттотони Эрон беш аз 1,5 млн. нафарро муттаҳид намудааст, – мегӯяд хаттот Алиашрафи Сандуқободӣ. – Беш аз 300 маркази хаттотӣ дорем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳуриамон фаъолият доранд.

Дар маросими кушоиши намоишгоҳ гуфта шуд, ки бинобар таваҷҷӯҳи зиёд аз ҷониби ҳамкасбони ӯзбекистонӣ ва алоқамандони хаттотиву хушнависӣ дар Тошканд ва ё марказҳои дигари Ӯзбекистон имкони созмон додани чунин марказҳои муштарак вуҷуд дорад.

Инчунин пешниҳод шуд, ки дар доираи намоишгоҳ барои донишҷӯёни алоқаманди нусахи хаттӣ дарсҳои маҳорат ташкил карда шаванд,

Матн ва сурати Т. Ховарӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: