Доир ба одоби сухан бузургони форсу тоҷик – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон суханони ибратомӯз гуфтаанд.
Бештари бузургон андешаҳои хешро бо назм баён намудаанд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ бошад, аввал фикрашро ба наср ифода намуда, пасон онро бо назм боз ҳам сайқал бахшидааст. Аз ҷумла, «Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад ва илло хомӯшӣ беҳ аз он бувад». Ин фикрро Шайх Саъдӣ ба тариқи зайл баён кардааст: «Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ».
Кошифӣ дар «Футувватнома» шаш мавриди сухан гуфтанро таъкид намудааст: дар ҳар ҷамъомад, ҳар маҷлис, ҳар нишаст, ҳар фард мувофиқи ҳолаш, мақомаш, донишаш, дарку идрокаш бояд сухан гӯяд: «Бо ӯ бо забони ӯ сухан бояд гуфт», бо лутфу хушрафторӣ бо касон, бо дӯстон, бо рафиқон бояд сухан гуфт, на бо дағаливу дуруштӣ, дар вақти сухан гуфтан кас бояд кушодарӯй бошад, сухане гӯяд, ки ба муроди дили шунаванда бошад, шунаванда малоли хотир нашавад, ғубори маломат ба дилаш наангезад, сухан бояд судбахшу бомағз бошад, инсонҳоро ба покиву ростӣ дар роҳи Ҳақ ҳидоят намояд, то аз ӯ сухан напурсанд, сухан нагӯяд, дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад, дар вақти сухан гуфтан ба чапу рост назар наафканад, бо ғаразу киноя сухан нагӯяд, аввал хуб андеша кунад ва пасон сухан гӯяд, то пушаймон нашавад, сухани гӯяндаро набурад, чун суханашро ба охир расонид, он гоҳ лаб ба сухан кушояд, сухан кӯтоҳу андак бояд гуфт. Сухан бисёр гуфтан хорӣ орад». Чунончӣ Низомии Ганҷавӣ дар «Лайлӣ ва Маҷнун» мефармояд:
Кам гӯю гузида гӯй чун дурр,
То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.
Лоф аз сухани чу дур тавон зад,
Он хишт бувад, ки пур тавон зад.
Об арчи басе зулол хезад,
Аз хӯрдани пур малол хезад.
Кошифӣ одоби сухан гуфтанро бо абёти шоири бузург Низомии Ганҷавӣ ҷамъбаст намудааст ва дар охир андешаҳои хешро дар бораи сухани нек ба тариқи зайл ба қалам додааст: «Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст, ё ту аз суханӣ? Бигӯй: «Ман аз суханам ва сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонӣ сухан аст». Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст? Бигӯй ки: «Аз он нафъ ба касе расад». Агар пурсанд, ки сухани бад кадом аст? Бигӯй: «Он ки аз он зараре ба касе оид шавад».
«Футувватнома» асари пурарзиш ва судмандест, ки имрӯз ҳам аҳамияти бузурги таълимию тарбиявӣ дорад.
Хушнуд Мақсадов,
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 46-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.