Дар кохи маркази сайёҳии «Шаҳри абадӣ» ба муносибати 3-юмин солгарди Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд анҷумани фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ Юсуф Абдуллоев таъкид намуд, ки мактаби олии мазкур бо ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев таъсис ёфта, ҳоло дар байни университетҳои ғайридавлатӣ ба нуфузу эътибори хоса соҳиб аст.
Воқеан дар донишгоҳ ҳоло 370 нафар талабагон асрори касбҳои гуногуни технологиро меомӯзанд. Ба онҳо қариб 50 нафар профессорони соҳиби унвони доктори фан ба забони англисӣ сабақ медиҳанд.
Баҳодури Зоҳир.
Вилояти Самарқанд.