ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА НАМАНГОН

Гурӯҳи меҳмонон аз ҷумлаи раисони шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони ширкатҳо, фермерон, соҳибкорон ва намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ таҳти сарварии раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо ташрифи расмӣ ба вилояти Намангон омаданд.

Меҳмононро дар сарҳади «Поп – Навбунёд», ки дар ноҳияи Поп воқеъ аст, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҳокими вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқов, вакилони ҷамоатӣ, нурониён ва ҷавонон пешвоз гирифтанд.

Баъди истиқболи самимона меҳмонон аз боғи интенсивии «NURAN.UZ», ки дар ҳудуди Ғурумсарой, дар 4 ҳазор гектар замин барпо шудааст, дидан карданд. Намоиши меваҳои гуногуни хуштаъм, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба меҳмонон хеле писанд омад. Онҳо боз бо чандин лоиҳа шинос шуданд, аз истгоҳи фотоэлектрии офтобии «Next Solar Energy» боздид намуданд. Онро мутахассисони Чин месозанд, чун фаъолиятро сар кард, 1 миллиард 100 кВ соат энергияи электрӣ истеҳсол хоҳад кард.

Ташрифи навбатӣ ба корхонаи «Gold Fresh Fruits» буд, ки дар ноҳияи Тӯрақӯрғон барпо шудааст. Дар 750 гектар замин ғайр аз гелос хурмову шафтолу ва олуболу низ парвариш мекунанд. Соли гузашта зиёда аз ҳазор тонна мева ба Русия, АМА, Қатар, Куриёи Ҷанубӣ ва Чин содир карда шуд. Дар корхона 180 нафар доимӣ, зиёда аз 3 ҳазор коргарони мавсимӣ бо кор банд мебошанд. Ҳоло дар корхона 300 ҳазор бех кӯчати дарахтони гуногунро ба фурӯш тайёр намуданд, ки ба хориҷ содир хоҳад шуд. Меваҳои гелос ва қулфинайро, ки дар 2 гектар гармхона парвариш шудаанд, ба қарибӣ ба фурӯш мебароранд.

Меҳмонон дар ноҳияи Тӯрақӯрғон аз корхонаи нави Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ифтихор кийим саноати» боздид намуда, бо рафти кор ва фаъолияти коргарон, намунаи маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ошно гардиданд, ба фаъолияти тадбиркор баҳои баланд доданд. Қимати лоиҳаи корхонаи мазкур 200 миллион евро буда, дар 17 гектар замин ҷойгир шудааст. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корхона туҳфаи меҳнатдӯстони тоҷикистониро супурд.

Сипас, меҳмонон ба минтақаи хурди саноатии «Юксалиш» рафтанд, ки дар ноҳияи Давлатобод ҷойгир аст. Дар ин ҷо зиёда аз 100 лоиҳаи хурду калон татбиқ мешавад. Дар корхонаи «Saodat sanoat servis» 500 нафар коргарони таҷрибанок асосан либосҳои бачагона истеҳсол мекунанд. Ҳар сол 200 ҳазор дона маҳсулоти тайёрро ба экспорт мебароранд.

Корхонаи «Fazman tekstil» бошад, асосан ба дӯзандагӣ ихтисосонида шудааст, дар ин ҷо барои занону мардон ва бачаҳо либос истеҳсол карда мешавад. Қимати лоиҳа 40 миллион доллар буда, баъди пурра ба кор шурӯъ кардан боз 3 ҳазор нафарро ба кор таъмин хоҳад кард.    

Намангонро бе гул ва бидуни гулпарварон тасаввур кардан душвор аст. Дар ин ҷо ҳатто, маркази гулпарварон амал мекунад. Меҳмонон дар ин маскан фаъолияти гулпарваронро аз назар гузарониданд ва гувоҳи ба иди навбатии 64-умини Фестивали гулҳо тайёрӣ дидани онҳо шуданд. 

«Ифтихор кийим саноат» аз корхонаи калонтарини вилоят ба шумор меравад. Дар ин ҷо асосан либосҳои мардона медӯзанд. Арзиши лоиҳа 76 миллиард сӯм аст ва соле 60 ҳазор дона маҳсулот тайёр мекунад. 450 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Боздиди навбатии меҳмонон аз ноҳияи Намангон буд. Онҳо дар корхонаҳои «Тошбулоқ текс» ва «Nam Motors Servis» бо техникаи хоҷагии қишлоқ шинос шуданд. Маҳсулоти корхонаи «Nam Motors Servis» ба меҳмонон писанд омад.   

Аъзои ҳайат дар минтақаи хурди саноатии «Даштбоғ»-и ноҳия бо фаъолияти «Илҳомҷон текстил» низ ошно шуданд.

– Мо аз он шодем, ки мардуми вилоят, дӯстону ҳамкорон моро дар сарҳад бо анъанаҳои миллӣ – нону намак, чеҳраи кушоду меҳрубонӣ пешвоз гирифтанд, – гуфт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода. – Ҳангоми гузаштан аз кӯчаву хиёбонҳо мо шоҳиди бунёди сохтмонҳои азим, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, биноҳои боҳашам ва табиати зебои ин маскани пурфайз шудем. Дарк кардем, ки дар вилоят ислоҳот татбиқ мешаванд ва навсозиҳо зиёд мебошанд. Мардуми Намангон меҳнатдӯсту меҳмоннавоз будаанд.

Бо иштироки намояндагони соҳибкорӣ бизнес-форуми «Намангон – Суғд» гузаронида шуд. Дар он тадбиркорони тарафайн иштирок намуда, масъалаҳои ривоҷи ҳамкории иқтисодиву маданиро муҳокима карданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: