Насрулло Эшбоев яке аз омӯзгорони ҳирфаӣ аст, ки пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Душанбе бо орзуҳои ширин ба Ватан баргашт.
Хокҷои аҷдодони ӯ саргаҳи Дараи Ниҳони машҳур – деҳаи Сариҷӯй аст. Насруллоро дар мактаби таҳсилдидааш – рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё, ки аз беҳтарин дабистонҳо маҳсуб меёфт, хуш пазируфтанд. Забардасттарин омӯзгорон дар ин даргоҳ машғули тадрис буданд. Аз ҷумла, фанни забон ва адабиёти тоҷикро шоири номдори воҳаи Сурхон Абдуллоҳ Раҳмон ба шогирдон меомӯзонд. Вай дар бари устодони худ ҷой шуд ва дар «мактаби маҳорат»-и онҳо тамрин дид ва пӯлодвор обутоб ёфт. Аммо он замонаҳои «каҷ дору марез» ба аҳли маърифат рӯз бурдан гарон шуда, обрӯи омӯзгорон назар ба пештара хеле коста буд. Насрулло дар чунин як замона бо дили пур остони дабистонро кӯфт. Ҳарчанд аз ҳамсолони худ таънаҳо шунид, аммо як сухани обдори қиблагоҳаш Абдулло Эшбоев ба ёдаш расид: «Писарам, ҷигарам! Бабр аз сайди худ, мард аз майли худ намегардад. Нони омӯзгор ширинтарин аст, илло ба фитна ҳосил накунанд.» Инак он панди нишонрас дар гӯшҳо сӣ сол ин ҷониб заҳмат мекашад ва қадаме фаротар аз даргоҳи дабистон нагзошта, ҳама сахтиҳои ин пешаро мардонавор таҳаммул месозад. Ба фарзандони мардум дарси адаб медиҳад, нозукиҳои забони модариро меомӯзад. Дар пешаи худ рушд карда, ба як омӯзгори соҳибноми деҳаи Сариҷӯйи ноҳияи Сариосиё мубаддал гаштааст ва ҳоло пайваста дар шукӯҳи забони порсии тоҷикӣ саҳм мегузорад.
– Адабиёт дарсест, ки одам месозад. Тафаккури ӯро ташаккул дода, шогирдони ҳанӯз ғӯраро ба роҳи рост ҳидоят менамояд, ҳарф-ҳарф каломи модариро равнақ бахшида, дунёи онҳоро бо одоби ҳамида ва тамизи санҷида чароғон месозад, – дар фахри беандоза мегӯяд ин омӯзгори баландрутбаи риштаи забон ва адабиёти тоҷик ва аз он ошуфта мегардад, ки чандин сол ба ин сӯ соатҳои дарсии ин фанро ба чӣ далеле коҳиш доданд ва омӯзгорон кунун наметавонанд куллан нозукиҳои онро ба шогирдони ташнаи илми худ омӯзанд.
– Чаро фарзандони тоҷикро аз ин бахти баланд маҳрум сохтанд, – андешидаву ба субуташ намерасам! Охир, маҳз ҳамин фанни адабиёт аст, ки андешаро ба бача ёд медиҳад, тарзи солими тафаккурро омӯхта, ӯро ба сӯи қуллаҳои мурод раҳнамун месозад. Магар садҳо, балки ҳазорон алломаҳое, ки миллати мо ба аҳли ҷаҳон додааст ва мо низ бо номи шарафманди онҳо менозем, зиёда ифтихор меварзем, парвозгоҳи худро аз забон ва адабиёти ғании ниёкон оғоз накарданд?
– Ин масъала ҳатман дар сатҳи баланди идораҳои таълим бояд бознигарӣ шавад ва шукӯҳи қаблии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар дабистонҳо барқарор гарданд. Вагарна фарзандони мардум дар гирдоби тафаккури бегона монда, аз ҳувият ва худогоҳии меросӣ маҳрум мешаванд.
Ман ҳис мекунам, ки Насрулло Эшбоев ин ҳамаро аз таҷрибаи бойи педагогии худ мегӯяд ва ман пайиҳам суолҳо пеш овардаву оҳиста ба умқи солҳои омӯзгории мусоҳиби худ фурӯ меравам. Бисту чор сол боз хонандагоне, ки ба онҳо дарси адаб омӯхтааст, аз ин фан дар сабқатҳои сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Соли хониши 2024-2025 барои Насрулло Эшбоев боз ҳам бобарор омад. Се хонандаи ӯ дар озмуни вилоятӣ ғолиб омаданд. Мадина Сафарбоева (синфи 9) ҷойи дуюм, Муҳаммад Бобоюсуфов (синфи 10) ҷойи сеюм ва Озода Сафарбоева (синфи 11) ҷойи аввалро гирифтанд. Озода Сафарбоева ба зинаи ҷумҳуриявии сабқат роҳхат гирифт ва шарафи вилояти Сурхондарёро ҳимоят хоҳад кард.
– Мо ба баъзе ҳаммиллатамон, ки забони модариро паст задаву забонҳои бегонаро бар он тарҷеҳ медиҳанд, нишон додем, ки таълим ба забони модарӣ беҳтарин роҳи рушди фарзандон аст. Ҳоло шогирдони мо аз мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё дар ҳама риштаҳои таълими олӣ бо сари баланд ва дар асоси гранти давлатӣ мехонанд. Бо ҷоннисорӣ исбот кардем ва даҳони бефаровези баъзе ҳаммиллатонро комилан бастем, ки бо пойфишорӣ собит кардан мехостанд, ки дар Ӯзбекистон дигар таълим ба забони тоҷикӣ суде надорад. Ҳоло мактаби рақами 82, ки роҳбари болаёқат ва дилсӯзаш Саодат Сангинова аст, бо аҳли муттафиқи ҷамоаи омӯзгорони ҳирфаияш кӯшиш мекунанд, ки ин даргоҳи илм шукӯҳи худро аз даст надиҳад ва парчамбардори миллати сарфарози мо гардад.
Насрулло Эшбоев фаъолияти педагогиашро аз мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё оғоз карда, сар аз соли хониши соли 2018 ин шуғли муътабарро дар мактаби рақами 82 идома дод. Ягон сол дар кори омӯзгорӣ танаффус накардааст ва ҳар нафаси худро ба таълиму тарбияти шогирдон бахшида, дараҷаи олии тоифаро дар касби худ ба даст овардааст. Чандин сол аст, ки шогирдони хоҳишмандро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик (чун репетитор) берун аз мактаб тамрин медиҳад. Онҳо аз мактабҳои дигари ноҳия низ омадаву пеши ӯ дарс мегиранд.
– Дар Сариосиё баъзе волидони ҳушёр дарк кардаанд, ки агар фарзандонашон дар сарфу наҳви забони модарӣ дониши баланд дошта бошанд, дар омӯхтани забони давлатӣ дастболо мегарданд. Аз ин назар, ҷигаргӯшаҳои худро ба назди ман меоранд, то дарси иловагӣ гиранд. Натиҷа хеле боровар буд. Ҳама шогирдонам бе мушкилӣ ва сари баланд ба макотиби олӣ дохил шуданд, – аз тавфиқи шогирдонаш шод гашта, бо фахр мегӯяд Н. Эшбоев.
Таҷрибаи омӯзгор Насрулло Эшбоев маро ба ваҷд меорад ва аз тавфиқи як ҳамзабони худ рӯҳан болида, худ аз худ дар дил таъкид мекунам: таҷрибаи ӯ бояд дар саросари кишвар ҳамагонӣ гардад. Бисёр мехостам, ки ба гӯши роҳбарони баландпояи таълим расида, таконе диҳад, ки соатҳои дарсҳои забон ва адабиёти тоҷикро ихтисор не, балки ба шуморашон афзоянд. Боз аз аъмоли баъзе тоҷикони раҳгумзада хафа мешавам, ки фарзандони худро аз омӯхтани забони модариашон бо баҳонаҳои ночизе маҳрум месозанд ва барояшон ҳамин таҷрибаи устоди фанни адабро далел меорам ва аз забони шоире, ки аҷаб ширин фармудааст, ин байтро чун дами бараҳнаи шамшер ба рӯяшон меандозам:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забонаш осон гардад!
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Сурхондарё.