МИРЗО БОБУР – ПОЯГУЗОРИ ИМПЕРИЯИ БУЗУРГ

«Бобур – шахси дилбар... Ҳукмдори типи даври эҳё, инсони мард ва соҳибкор буд». Ҷавоҳирлаъл Неҳру.

Ҳарчанд аз бунёдгузории салтанати бобуриён дар Ҳиндустон 500 сол сипарӣ гардидааст, муаррихон ва халқи маҳаллӣ то ҳанӯз номи онҳоро бо эҳтироми хосса ба забон мегиранд. Дар аҳде, ки таърихи давлатдории ӯзбек мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, фикр мекунам, тадқиқотҳо дар ин росто аҳамияти муҳим касб менамоянд. Қисми зиёди ҳаёти Бобур дар набард ва лашкаркашиҳо гузаштааст. Пирӯзию мағлубиятҳои ӯ ба бунёди давлати мутамарказ мусоидат намуданд. Дар ҷангу оштӣ бо саркардаҳои бузурги асри худ – Исмоили Сафавӣ, Шайбонихон, Иброҳими Лӯдӣ, Рана Санга ва дигарон ба донишу таҷрибаи ҳарбии Бобур афзуданд, ки мо ин ҳамаро аз «Бобурнома» мехонем.

Дар мамолики шарқу Ғарб доир ба сулолаи Бобуриён таълифоти зиёди илмию таърихӣ ва бадеӣ анҷом дода шудаанд. Аксарияти ин асарҳоро ҳамасрони шоҳзодагони бобурӣ – шоҳидони воқеаву ҳодисаҳо рӯйи коғаз овардаанд. Ин таълифот дар бораи сулолаи бобуриён, ки қариб сею ним аср дар Ҳиндустон ҳукмронӣ намудаанд, маълумот медиҳад. Омӯзиш ва ташвиқу тарғиби ҳамаҷонибаи мероси маънавии ӯ дар байни насли ҷавон ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Дар аҳди ҳукмронии шоҳзодагони Темурӣ халифагӣ ба дасти султонҳои турк буд. Пӯшида нест, ки дар он рӯзгор байни темуриён ва султонҳои турк ихтилофу адоват буд.

Муҳорибаҳо алайҳи туркҳои султонӣ далели ин гуфтаанд. Соли 1517, баъди барҳам хӯрдани хилофат дар байни султонҳои турк, дар салтанати бобуриён вожаи хилофат ё халифагӣ дигар мавриди истеъмол қарор нагирифт.

Даставвал сохтори идории давлати бобуриён тибқи сохтори маъмурие, ки Амир Темур ҷорӣ карда буд, роҳандозӣ шудааст. Дар асари «Малфузоти Темурӣ» омадааст, ки дар зери дасти вазир – Девонбегии дарбори ӯ ҳафт вазир масруфи кор будаанд. Дар байни ин вазирон вазири мамлакат, вазири сайёр, вазири сипоҳ ва вазири корхона бо молия сарукор доштаанд. Вазири мамлакат бори авзои раият, андозҳои ситондашаванда, даромаду баромад, масоили зиндагӣ ва рушди мамлакатро бар дӯш дошт. Вазири сипоҳ маоши навкарон, рағбатноксозии онҳо, вазъи таҷҳизоти ҳарбӣ ва таркиби лашкарро таҳти назорат гирифта буд. Масоили манбаи андозғундорӣ, яъне боҷу закот, мулки фавтидагон, чорводорӣ, чарогоҳҳо, обу ему хошок, рӯйхати ояндагону равандагон ва беному нишон гумшудагон ба зиммаи вазири сайёр буд.  Вазири корхона фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, даромаду баромади онҳо ва маблағи умумиеро, ки ба чорводорӣ масраф мегарданд, таҳти назорат дошт.

Дар маъмурияти салтанати Бобуриён, барилова, вазири арз, вазири девон ва вазири мушриф низ фаъолият дошт.

Сохтори идории маъмурии Бобуриён бино ба табиати худ мисли салтанати Амир Темур ҳокимияти ҳарбӣ маҳсуб мешуд ва мамлакатро подшоҳ идора мекард. Дар соли 1507 Бобур Мирзо зарурати расман пазируфтани унвони «подшоҳ»-ро дарк намуд. Зеро авзои сиёсии кишварҳои ҳамсоя инро тақозо мекард...

Баъди даргузашти Ҳусайн Бойқаро, пешбари ба назар намоёни сулолаи темуриён Бобуршоҳ буд. Дертар робитаҳои сиёсии ӯ бо кӯҳҳои муғул қатъ ёфт, зеро онҳоро Шайбонихон торумор карда буд.

Хусусияти дигари сиёсати давлатии бобуриён ин буд, ки онҳо нисбати эътиқоду дини шаҳрвандон сиёсати таҳаммулпазирӣ ва хайрхоҳонаро пеш гирифта буданд.

Осори таърихӣ ва бадеии Заҳириддин Муҳаммад Бобур хазинаи бебаҳои маънавии мост. Ашъори дилангези ӯ пур аз ҳикматанд. Агар ба онҳо сатҳӣ назар афканем, отифаҳои одиянд. Вале агар ба умқи онҳо равем, мебинем, ки дар онҳо андешаҳое ифода ёфтаанд, ки ба қисмати бани башар иртибот доранд, туғёни дарёеро эҳсос мекунем, ки сокин ҷорист.

Ватани шоир забони модарии ӯст. Рӯзгори воқеии Заҳириддин Муҳаммад Бобур низ дар сухан ифода ёфтааст. Ишқи Ватан торикистони дили ӯро чун чароғ равшан менамояд.

Подшоҳ – Мирзо Бобур ба дунболи ғаму ташвишҳои худ набуд, ҳамеша ғами халқро мехӯрд. Ӯ фармудааст: «Ҳеч қайде мисли қайди подшоҳӣ набувад, подшоҳию танҳоӣ ба ҳам рост наоянд»... Бобур ба Ҳумоюн маслиҳат медиҳад, ки дар корҳои муҳими давлатӣ  бино ба салоҳдиди соҳибкорон, донишмандон ва умаро кор барад: «... бино ба маслиҳати онҳое амал кун, ки таҷриба доранду чашми корро медонанд. Агар ризоияти маро хоҳӣ, аз хилватнишинӣ бипарҳез, дар канори мардум бош...»

Бобур дар байни темуризодагон ба Ҳусайн Бойқаро арҷ мегузошт. Таъкид кардааст, ки ӯ фазилатҳои ба подшоҳон хос дорад, подшоҳи асил аст. Вай дар «Бобурнома» доир ба шаклу шамоил ва ахлоқу атвори ӯ маълумоти муфассал додааст: «Инсони ҳарроф ва хушахлоқ буд. Дар муомилот шаръро бештар риоя кардӣ».

Ӯ ба адолату шариат сахт амал мекард. Нақл мекунад, ки вақте писараш нафареро мекушад, худаш ӯро ба қозихона мефиристад.  Ин далели он аст, ки ӯ  ҳисси ватандӯстӣ ва халқпарвариашро аз қарзи падарӣ боло мегузоштааст. Ҳусайн Бойқаро дар Хуросон 40 сол подшоҳӣ кардааст.  Таъкид мекунад, ки Ҳусайнӣ Бойқаро бо тахаллуси Ҳусайӣ девоне тартиб дода.

Бобур рамзи матонати инсон аст. Ӯ талхиҳои ҳаётро дар тӯли умр бисёр чашид: хиёнати наздикон, ҷудоии Ватан, изтироби ҷангу ҷадалҳо, заҳмати беадолатиҳо ва ранҷу меҳнати ғурбатро аз сар гузаронд. Барои пушти сар гузоштани дарду ғамҳои зиёд инсон бояд мисли Бобур иродаи қавӣ дошта бошад. Ҷасорат, эҳсоси гарму нафиси Бобур дар осораш мунъакис ёфтааст.

Бобур шоири соҳибдевон аст. Дар «Бобурнома» омада, ки ӯ девонашро дар чанд нусха рӯбардор карда, як нусхаашро ба Самарқанд интиқол додааст. Самимият ва дарду шодиҳое, ки дар назми ӯ инъикос ёфтаанд, хонандаро бефарқ намегузоранд. «Бобурнома»-и ӯ шоҳасари адабиёти классикии ӯзбек маҳсуб мешавад.

Мансур Юнус,

мудири кафедраи Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори фалсафа бино ба илмҳои филологӣ, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: