Масҷидҳои Чорбакрро бо дарназардошти фаслҳои сол бо усули «Хатаба» чунон сохтаанд, ки мусоидати ҳаво таъмин мегардад. Бинобар гуфтаи имом-хатиби масҷид, доктори илм Азизхӯҷа Иноятов ин услуб дар Осиёи Миёна ягона будааст.
Ёдгории таърихии Чорбакр дар масофаи 6 километр дуртар аз шаҳр – болои роҳи «Бухоро – Ҷондор» воқеъ гардида, дар ҳудуди деҳаи Сумитани, ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шергирон»-и ноҳияи Бухоро арзи вуҷуд кардааст. Мегӯянд, ки ин ёдгорӣ бо номи яке аз хоҷагони Ҷӯйбор Абӯбакри Саъд (асри IX-X) алоқаманд аст. Вай қозиюлқузот, устоди бузурги қозиёни Бухоро буд. Бобати рушди илми фиқҳ, яъне ҳуқуқи ислом хидматҳои арзанда кардааст. Соли 970 вафот мекунад.
Сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки мадрасаҳо дар асри X ба вуҷуд омадаанд. Мадрасаҳои Абӯҳафси Кабир, Имом Муслиҳиддин, Фаржак, Калобод ва Муҳаммад ибни Фазл аз ҷумлаи аввалин масканҳои илмомузӣ дар Бухоро ба шумор мераванд. Дар Чорбакр, ки замоне Сумитан ном дошт, Абӯбакр ибни Фазл корҳои оғознамудаи Абӯбакр Саъд Сумитаниро идома дода, дар он ҷо мадраса бунёд кардааст. Ин анъана ба туфайли хидматҳои Абӯбакр ибни Тархон, Абӯбакр ибни Ҳомид давом мекунад.
Мутаассифона, дар натиҷаи истилои муғулҳо мероси маънавии халқамон, аз ҷумла асарҳои олимону фозилони бухороӣ аз байн рафта, то замони мо нарасидаанд. Мегӯянд, ки истилогарони бераҳм асарҳои нодири китобхонаҳои машҳури давлати Сомониёнро, ки дар Бухорою Марв мавҷуд ва маҳфуз буданд, ба коми оташ ва дарёи Ому афкандаанд.
Дар давраи ҳукмронии Абдуллохон ибни Искандархон шаҳри Бухоро ва гирду атрофи он аз нав обод мешавад. Масҷиду мадрасаҳои зиёд бунёд мегарданд. Аз ҷумла маҷмӯи ёдгориҳои таърихие, ки бо номи Чорбакр то замони мо омада расидааст, дар асри XVI сохта шудааст. Хоҷа Исломи Ҷӯйборӣ, ки устоди маънавии Абдуллохони II маҳсуб меёфт, аз авлоди Абӯбакр ибни Саъд ва соҳиби ҳудуд буд.
Азбаски масҷид таърихи зиёда аз ҳазорсола дораду чор донишманди бузург: Абӯбакр ибни Саъди Сумитанӣ, Абӯбакр ибни Фазл, Абӯбакр ибни Тархон, Абӯбакр ибни Ҳомид дар ин ҷо баҳри рушди илму маърифат хидматҳои арзанда ва шогирдони зиёд тайёр кардаанд, маҷмӯъ Чорбакр ном гирифтааст. Фатвои дар ин ҷо қабулшуда барои вилоятҳои дигар низ эътибор доштааст. Азбаски маҷмӯъ ба шаҳри Бухоро наздик ва аз ғалоғулаҳо берун аст, дар ин ҷо қариб 800 нафар қориён ба воя расидаанд. Дар хазира (қабр)-ҳои оилавии ин ҷо бисёр одамони бузурги Бухоро, аз ҷумла Абӯбакри Саъду Абӯбакри Фазл, ҳафт қозии Бухоро ва дигарон гӯронда шудаанд.
Масҷидҳои Чорбакрро бо дарназардошти фаслҳои сол бо усули «Хатаба» чунон сохтаанд, ки мусоидати ҳаво таъмин мегардад. Бинобар гуфтаи имом-хатиби масҷид, доктори илм Азизхӯҷа Иноятов ин услуб дар Осиёи Миёна ягона будааст.
Абдуллохони II дар ин ҷо ҳарами худро низ сохта, рӯзи чоршанбе ба он омада, рӯзи ҷумъа баъди намоз боз ба Арк бармегаштааст. Аз сабаби он, ки дар байни Чорбакр ва қасри шоҳӣ боғу чорбоғҳо буданд, мавзеъ «Хонобод» ном гирифтааст.
Замоне Чорбакр низ хароб гардид, танҳо соли 1989 дари масҷидро аз дигар кушодаанд.
Солҳои 1999 ва 2005 маҷмӯи ёдгорӣ таъмир ва таҷдид шудааст. Ин ёдгорӣ дар ноҳияи Бухоро қадимтарин иншооти таърихӣ буда, чун мӯъҷизаи асроромезе боқист.
Мувофиқи қарори Президент аз 5 декабри соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои иловагии рушди соҳаи саноат ва хидматрасонӣ дар вилояти Бухоро» деҳаи Чорбакри ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шергирон»-и ноҳияи Бухоро ба рӯйхати маҳаллаҳое ворид карда шуд, ки бояд мақоми деҳаи сайёҳиро гиранд. Мавриди таъкид аст, ки масоҳати деҳа аз 63,3 гектар иборат буда, дар он 1171 нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд.
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шергирон» аз 10 деҳа иборат аст, шумораи аҳолӣ тақрибан 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Забони гуфтугӯии онҳо тоҷикист. Тавре ки таъкид ёфт, номи қадимии ҳудуд Сумитан буда, он дар «Ғиёс-ул-луғот» «бофандагони матои пашмин» маънидод шудааст. Дар асри X ба Сумитан тавассути дарвозаи «Ходшарун»-и шаҳрӣ мерафтаанд. Ин дарвоза дар асри XV-XVI Талипоч, яъне «Баландии хон» ном гирифтааст.
Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Тӯрабек Исмоилов, чемпиони ҷаҳон оид ба таэквандо Таҳмина Ҳасанова, доктори илмҳои тиб Дилбар Ҳоҷиева аз ҷумлаи шахсони обрӯманд, ифтихори маҳалла мебошанд.
Мо бо раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Баҳриддин Расулов ва фаъоли занону духтарони он Лобар Фаттоева суҳбат кардем.
– Ба қарибӣ мо ба мақсади омӯхтани имкониятҳои сайёҳии деҳа ва созмон додани иншооти иловагии намоишдиҳӣ, инчунин ба муносибати амалӣ сохтани талаботи қонун бобати мақоми деҳаи сайёҳӣ гирифтани Чорбакр якҷо бо ёвари ҳоким, роҳбалади ҷавонон, инспектори «ҳафтгона»-и маҳалла машварат кардем, – гуфт раиси он Б. Расулов. – Дар он ҷараёни корҳои таъмиру бунёдкорӣ, бо кор таъмин кардани занону духтарони ҳунарманд, таҷдиди иморатҳои куҳна, беш аз 20 тарабхонаву нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ, меҳмонхонаҳои бунёдшудаистода баррасӣ шуданд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.