ПУРСИШНОМА ДАР БАЙНИ МАКТАБҲОИ ВИЛОЯТИ ҶИЗЗАХ АНҶОМ ЁФТ, АММО...

Дар пурсишнома, ки аз 8 феврал (соати 11:00) то 14 феврал (соати 12:00) идома ёфт, ҳамагӣ 1699 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами вилояти Ҷиззах дар байни шаш мактаб, ки таълим бо забони тоҷикӣ аст, пурсишнома гузаронида шуд.

Дар пурсишнома, ки аз 8 феврал (соати 11:00) то 14 феврал (соати 12:00) идома ёфт, ҳамагӣ 1699 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ мактаби таълими умумии рақами 13-уми деҳаи Порашти ноҳияи Фориш (директор Сарибой Ярашев) бо ҷамъ овардани 718 овоз ҷойи якумро ба даст овард.

Ҷойи дувум ба ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 49-уми деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш (директор Қурбон Деҳқонов), ки 460 овоз ҷамъ карданд, насиб кард.

Ҷойи сеюмро бо ҷамъоварии 252 овоз ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 46-уми деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш (директор Ҳасан Арзиев) соҳиб шуданд.

Дар пурсишнома ҷамоаи мактабҳои 14 (118 овоз), 32 (83 овоз) ва 6 (68-то) овоз ҷамъ карданд.

Аз рафти ҷамъоварии овоз низ метавон фаъолият, ташаббускорӣ ва фаъолии директорони мактабҳоро баҳо дод. Сад афсӯс, ки баъзе мактабҳо, аз ҷумла, мактабҳои 6 (ноҳияи Янгиобод) ва 32 (ноҳияи Фориш) ҳатто 100-то овоз ҷамъ карда натавонистанд. Дар ҳоле, ки дар мактаби худ беш аз 100 нафар донишомӯз, 20-30 нафар омӯзгор ва дар маҳалли зист ҳадди аққал 1000 нафар аҳолӣ доранд.

Аз ин рӯ, хоҳиш мекунем, ки сарварони мактабҳо дар ин кор фаъолу ташаббускор бошанд.  

Ба ҳамаи онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.

Ёдовар мекунем, ки дар бораи ҳаёти мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Фориш – мактаби рақами 13, ки дар пурсишнома овози бештар ҷамъ карданд, мақола омода ва таҳти рукни “Аз ҳаёти як мактаб” дар рӯзнома чоп мегардад.

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

P/S: Овозҳое, ки муштариён баъд аз соати 12:00 доданд, қабул карда намешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: