Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки пас аз суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳамчунин, бо Владимир Зелнский, раисҷумҳури Укроин ҳам гуфтугӯ анҷом додааст. Зелинский ҳам ин сӯҳбати телефонӣ бо Трампро тасдиқ кардааст.
Дар суҳбати телефонӣ Трамп ва Зелинский як қатор мавзӯъҳои марбут ба ҷангро баррасӣ кардаанд. Аммо гуфта мешавад, мавзуъи асосии ин гуфтугӯ дар бораи мулоқоте будааст, ки рӯзи ҷумъа қарор аст таҳти раёсати Ҷей Ди Вэнс, муовини раисҷумҳури Амрико ва Марко Рубио, котиби давлати ин кишвар дар Мюнхен баргузор шавад.
Трамп изҳори умед кардааст, ки натиҷаҳои ин мулоқот мусбӣ хоҳанд буд.
"Худованд мардуми Русия ва Укроинро баракат диҳад", - навиштааст ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social".
Владимир Зеленский таъйид кардааст, ки ҳамтои амрикоияш ӯро дар бораи тафсилоти суҳбати худ бо Путин огоҳ кардааст.
"Сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Дар бораи имконияти расидан ба сулҳ. Дар бораи омодагии мо барои ҳамкорӣ дар сатҳи ҳайатҳо. Дар бораи имкониятҳои фанноварӣ, аз ҷумла, паҳподҳо ва дигар истеҳсолоти муосир. Аз раисҷумҳур Трамп барои таваҷҷӯҳ ба он чӣ ки мо метавонем бо ҳам анҷом диҳем, сипосгузорам. Мо сӯҳбати худро бо Скотт Бессент баррасӣ кардем ва омодагии барои созишномаи нав дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодро муҳокима кардем. Раисҷумҳур Трамп маро дар бораи тафсилоти сӯҳбати худ бо Путин огоҳ кард. Укроина бештар аз ҳама сулҳ мехоҳад. Мо қадамҳои муштараки худро бо Амрико барои қатъ кардани таҷовузи Русия ва таъмини сулҳи боэътимод ва давомдор муайян мекунем. Ҳамон тавре ки Трамп гуфт, "биёед ин корро анҷом диҳем". Мо дар бораи робитаҳо ва мулоқотҳои минбаъда мувофиқа кардем", - навишт Зеленский дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.