СЕҲРИ СУХАНИ ЖУРНАЛИСТ

Бо ташаббуси Иттиҳоди журналистон дар Маркази матбуоти миллӣ маросими тақдимоти китоби «Олтин қаламли журналистлар» баргузор гардид.

Шоиру нависандагон, журналистони собиқадор, намояндагони ВАО ва донишҷӯ-журналистони оянда иштирокдорони чорабинӣ буданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди журналистон Холмурод Салимов оиди ҷараёни ба нашр омода намудани китоб ҳарф зад ва таъкид намуд, ки дар китоб аввало аз фаъолият, зиндагинома ва эҷодиёти журналистони собиқадор, ки мо бояд маҳорати онҳоро гиромӣ дорем, намунаҳо оварда шудааст.

Дар чаҳорчӯби иҷрои қарори роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳои дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика» аз 27 июни соли 2022, дар китоби мазкур, ки бо теъдоди ҳазор нусха аз чоп баромад, беҳтарин материалҳои беш аз 50 нафар устод-журналистони собиқадор иборат аз публитсистика, очерк, фелетон, лавҳа, пурсиши журналистӣ барин жанрҳо ҷойгир карда шудаанд. Инчунин ба китоб наздик ба 70 фотоматериали 9 нафар фотожурналистони бомаҳорат дохил карда шудаанд.

– Журналист дар ҳама самти ВАО метавонад кору фаъолият намояд. Ҳар як журналист озодии худро дорад. Фаъолияти журналистро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст: озодии иҷтимоӣ-эҷодии журналист, яъне дар ҷамъият озод будан; озодии ҳуқуқии журналист, яъне дар доираи ҳуқуқи мавҷудаи худ фаъолият намудани ӯ. Ягон шахс наметавонад ҳуқуқи журналистро поймол намояд, – гуфт аъзои Сенат, сармуҳаррири газетаи «Ишонч-Доверие» Ҳусан Эрматов. – Ба донишҷӯён ва журналистони оянда рӯ оварда мегӯям, ки барои нависанда, журналист, хабарнигор, умуман эҷодкори хуб шудан дастгириву маслиҳат ва роҳнамоии устодон муҳим аст. «Аз дар ронанд, аз тиреза дароед, қалами журналист бояд сеҳрнок бошад ва диққати хонанда ва ё шунавандаро ба худ ҷалб карда тавонад», мегуфтанд устодони мо.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки китоб ба эҷодкорон, умуман ба шахсоне, ки соҳаи медиаро интихоб намудаанд, умед дорем, ки ба сифати дастури муҳим хидмат мекунад. Инчунин гуфта шуд, ки минбаъд чопи серияи китоб аз ҷониби иттиҳод идома хоҳад ёфт.

Дар поёни чорабинӣ ба як гурӯҳ журналистон гувоҳномаи узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон супурда шуд.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: