Дар Китобхонаи бачагонаи ҷумҳурии шаҳри Нуқус барои китобдӯстони ҷавон шароитҳои зарурӣ фароҳам овардашудааст.
Фонди ин маскани зиё дорои 77 ҳазору 245 нусха китоб буда, захираи электронии он 12 ҳазору 583-торо ташкил медиҳад. Аз ин китобхона зиёда аз 10 ҳазору 700 нафар истифода мебаранд. Компутерҳои ин маскан ба шабакаи локалӣ пайванд шуда, минтақаи Wi-Fi-и интернет мавҷуд.
Ин ҷо бо иштироки бачагони китобдӯст гузаронидани чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, вохӯрӣ бо шоиру нависандагон, озмунҳои китобхонон, тақдимоти китобҳои навинтишоршуда, бозиҳои интерактивии шавқовар ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар китобхона инчунин, фаъолияти маҳфилҳои «Бачаҳои эҷодкор», «Китобдӯстони хурдсол» ва омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Суратгир: М. Ҳабибуллоев (ӮзА).