Дар Италия ба муносибати 542-солагии ҳамватани бузургамон Заҳириддин Муҳаммад Бобур таҳти ҳамкории Маркази тамаддуни исломӣ, сафорати Ӯзбекистон дар ин кишвар, Хонаи табъу нашри «Sandro Teti Editore»-и шаҳри Рим тақдимотҳои тарҷумаи асари «Бобурнома» бо забони итолиёӣ баргузор гардид. Тарҷумаи китоб бо сарсухани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҷониби ин нашриёт бо теъдоди зиёд нашр шудааст.
Дар чорабинӣ, ки дар қасри таърихии «Палатсо Стротсӣ»-и шаҳри Флоренсия бо иштироки муаррихону шарқшиносон, арбобони ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ доир гардид, роҷеъ ба ҳаёт ва эҷоди Бобур, мазмуну моҳияти асари «Бобурнома» сухан рафт.
Дар тадбир олими маъруфи итолиёӣ, профессор Франко Кардини, президенти Маҷмааи «Палатсо Стротсӣ», узви Сенати Италия Рекардо Ненчини, роҳбари нашриёти «Sandro Teti Editore» Сандро Тети, ноиби президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон, профессор Баҳром Абдуҳалимов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Италия Абат Файзуллоев, директори Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ва дигарон ба сухан баромаданд. Зикр гашт, ки нашри «Бобурнома» дар ин мамлакат дар рушди равобити иҷтимоиву маънавии байни ду давлат воқеаи муҳим гардид.
– «Бобурнома» ин асари нодири шоир ва мутафаккири бузург, арбоби давлатӣ Бобур мебошад, ки он чун қомуси ноёби ба худ хос дар бораи воқеоти таърихии асрҳои XV–XVI, ки дар минтақаҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон, рӯй додааст, ҳикоя мекунад, – гуфт Рекардо Ненчини. – Ҳанӯз дар ибтидои асри XVIII тарҷумаи «Бобурнома» ба забонҳои аврупоӣ оғоз ёфта буд. Ин нашр, ки мо имрӯз тақдимоти онро мегузаронем, ҳамчун намунаи муассир ва равшани ҳамкориҳои адабӣ, фарҳангиву гуманитарии халқҳои итолиёӣ ва ӯзбек ба дунё омадааст. Президенти Ӯзбекистон, Ҷаноби Олӣ Шавкат Мирзиёев дар рушди робитаҳои фарҳангии байни халқҳоямон саҳми бузург мегузоранд. Албатта, барои мо омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти ашхоси бузурги Шарқ, бахусус, Ӯзбекистон аҳамияти калон дорад.
— Тавре ки дар сарсухани Президенти Ӯзбекистон, ҷаноби Шавкат Мирзиёев қайд шудааст, ошноии аҳли илму фарҳанги Италия бо мероси бебаҳои шоири бузург ва олими қомусӣ, таърихи сеҳазорсолаи давлатдории ӯзбек, барои дарки ҷаҳони маънавии халқамон, моҳияти дигаргуниҳои мусбат, ки дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав амалӣ мегарданд, кумак мерасонад. Дар раванди нашри асар ба забони итолиёӣ гурӯҳи мутарҷимон, муҳаррирон ва саҳифабандони ботаҷриба ҷалб гардиданд.
Ба ҳамаи дӯстоне, ки дар чопи китоб саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ, академик Шуҳрат Сироҷиддинов, туркшиноси маъруфи итолиёӣ, профессор Федерико Де Рентси, тарҷумон Федерико Пасторе, олим ва адиби машҳури итолиёӣ Франко Кардини барин инсонҳои фидокор аз таҳти дил ташаккур мегӯям.
Ин нашри пурмуҳтаво бо 96 минётураи замони бобуриён оро дода шуда, бо сифати баланд чоп гардидааст, ки шоёни таҳсин аст.
– Тарҷумаи «Бобурнома» ба забонҳои хориҷӣ аз замони ҳаёт будани муаллиф оғоз ёфтааст, – гуфт Баҳром Абдуҳалимов. – Имрӯз ин асари мондагор бори аввал ба забони мутафаккирони бузург, чун Леонардо да Винчи, Микеланҷело, Данте, Петрарка тарҷума гардид. Чопи китоб барои боз ҳам васеътар доман паҳн кардани эҷоди Бобур дар Италия, байни намояндагони фарҳангии Аврупо ва доираи академӣ мусоидат мекунад. Татбиқи ин лоиҳаи эҷодӣ, бешубҳа робитаҳои илмии байни олимони ӯзбек ва итолиёиро ба марҳилаи нави рушд мебарорад.
Дар чорабинӣ директори Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов таъкид кард, ки имрӯз дар Ӯзбекистони Нав бо ташаббуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои илмию маърифатӣ бо ҳамкасбони итолиёӣ минбаъд низ пайваста идома меёбад.
– Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардуми Италия Ӯзбекистонро барои худ аз нав кашф мекунанд, – гуфт директори марказ. – Тарҷумаи «Бобурнома» ба итолиёӣ қадами нави амалӣ дар ин роҳ аст. Дар Италия нисбат ба Амир Темур ва Темуриён, Бобур ва Бобуриён эҳтиром ва эътибори бузургро дида, хеле шод гаштем. Аз ҷумла, дар галереяи Уфимтсии Флоренсия портрети нодири ниёи худ Соҳибқирон Амир Темурро дида, диламон саршори фараҳу ғурур гардид.
Дар китобхонаи донишгоҳи Болоня низ як қатор дастхатҳои Ибни Сино нигоҳ дошта мешавад. Дар рафти сафар боздиди онҳо низ дар назар аст. Инчунин, аз китобхонаи Ватикан ҳам дидан хоҳем кард. Бовар дорем, ки дар он маркази машҳури илму фан низ мо шоҳиди бозёфтҳои нав дар бораи таърихи Ватан ва мероси ниёгони бузургамон хоҳем шуд.
– Тарҷумаи «Бобурнома»-ро ба забони итолиёӣ метавон як рӯйдоди бузурги фарҳангӣ арзёбӣ кард, – гуфт Президенти ширкати синамои «Vico»-и Италия Виктория Петросянтс, ки дар ин чорабинӣ ширкат дошт. – Мероси фарҳангии Ӯзбекистон бениҳоят бой ва рангоранг аст. Ширкати мо низ чанд сол боз бо ҳамкорони ӯзбекистонӣ дар бораи ҳаёти олимони бузург, ки дар ин сарзамин камол ёфтаанд, филмҳо меофарад. Барои ин ба мо шароитҳои зарурӣ фароҳам карда шудааст. Ростӣ, чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории баландро ба мероси таърихӣ дар кишварҳои дигари ҷаҳон кам дидаам. Ин албатта аз ҳар ҷиҳат сазовори ибрат мебошад.
Чорабиниҳои илмию маърифатӣ бахшида ба хотираи ҷовидони ниёи бузургворамон Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар дили тамоми иштирокчиён таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.
ӮзА.