САТҲИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ОБИ НӮШОКӢ БА 80,9 ДАРСАД РАСИД

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» доир ба мавзӯи «Сарҳисоби корҳои соли гузашта амалишуда ва нақшаҳои соли ҷорӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Сол аз сол дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон норасоии об бештар эҳсос мешавад. Бино ба натиҷаҳои тадқиқоти пажӯҳишгарон дар кураи Замин минтақаҳое мавҷуданд, ки ба иллати камбудии об манзилҳои зиёд ба харобаҳо табдил ёфтаанд ва сокинони он маҷбур шудаанд, ки ҷову ҷалоли худро тарк намуда, ба минтақаҳои дигар кӯч банданд. Бе об наметавон ҷоеро обод намуд, ба киштукор машғул шуд ё ниҳол шинонду боғеро бунёд кард.

Чунин андешаҳо дар рафти нишасти матбуотӣ, ки дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» доир ба мавзӯи «Сарҳисоби корҳои соли гузашта амалишуда ва нақшаҳои соли ҷорӣ» баргузор гардид, баён карда шуд.

Дар чорабинӣ ҷонишини раиси ҶС «Ӯзсувтаъминот» Хуршед Раҳматуллоев таъкид кард, ки дар натиҷаи корҳо оиди таъмини аҳолӣ бо оби мутамаркази ошомиданӣ сатҳи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар соли ҷорӣ аз 77,4 фоиз ба 80,9 фоиз афзуд. Дар доираи барномаҳои мақсадноки давлатӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва беҳбуди хидматрасонии партовоб дар 454 иншоот 1 ҳазору 817 километр шабакаҳои оби ошомиданӣ, 243 иншооти оби ошомиданӣ ва партовоб сохта ва таҷдид карда шуд.

Тавре, ки мутахассисони соҳа қайд карданд, дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои обанбори Тӯпаланг» ба маблағи 1,8 триллион сӯм 153 километр шабака бунёд гардида, таъминот ва сифати оби нӯшокӣ барои 156 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Сариосиё, Деҳнав, Шӯрчӣ, Қумқӯрғон ба куллӣ беҳтар гардид. Корҳое, ки дар асоси лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ мегарданд, низ қобили таваҷҷуҳ аст. Аз ҷумла, тибқи Барномаи сармоягузории соли 2024 дар чаҳорчӯби 22 лоиҳа дар 14 иншооти бузурги обтаъминкунӣ дар маҷмӯъ 525 километр шабакаҳои оби нӯшокӣ ва партовоб сохта шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар самти ташаккули интизоми пардохт дар байни аҳолӣ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии шабакаҳои мутамаркази оби ошомиданӣ ва хидмати партовоб, такмили минбаъдаи низоми хидматрасонӣ аз ҷониби ташкилотҳои расмӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа ҳодисаҳои вайрон кардани қонун аз ҷониби истеъмолкунандагон бартараф карда, зарари расонидашуда ба таври дахлдор рӯёнда шуд.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: