НАМОИШГОҲИ ЛӮХТАКҲОИ ҶОПОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар қасри байналхалқии маданияти Икуо Хироямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон намоиши санъати лӯхтаки Ҷопон бо номи «Нинге: санъат ва зебогии лӯхтакҳои Ҷопон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сафири Ҷопон дар Ӯзбекистон Хатори Такашо, рассомон ва ҳаводорони ин намуди санъат иштирок карданд.

Лӯхтакҳои одӣ ва анъанавии Ҷопонро «Нинге», яъне «одамшакл» меноманд. Ин намуди лӯхтакҳо бузургҷуссаанд, ки ба онҳо на кӯдакон, балки калонсолон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Лӯхтакҳо дар худ эстетика, дин ва тасаввуфро таҷассум намудаанд. Ҷопонро «Мамлакати даҳ ҳазор зоча» низ меноманд. Зочаҳоро дар гузашта ҳамчун рамзи омад, завқбахш, инчунин ҳифзгар аз балою қазо қадр мекардаанд.

Дар намоишгоҳ 67 лӯхтак ба намоиш гузошта шудааст. Намудҳои либос, рангу бор ва ороиши мӯйҳои лӯхтакҳо диққати тамошобинро ба худ ҷалб мекунанд. Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, бешубҳа, баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, намоиши санъат, рушди фарҳангу арзишҳои миллии халқҳо хидмат мекунад.

Намоишгоҳ то 9 марти соли ҷорӣ идома меёбад.

Ҳ. Абдуназаров.     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: