Осорхонаи «Бобур ва фарҳанги ҷаҳон»-ро ашёи экспонатҳое оро медиҳанд, ки дар давоми экспедитсияҳои байналмилалии илмӣ ба минтақаву кишварҳои гуногун ва дар натиҷаи сайру саёҳатҳои дигар ба даст овардаву ҷамъоварӣ шудаанд.
Ҳар сол 14 феврал дар кишвари мо зодрӯзи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шахсияти маъруф ва адиби машҳур, муаллифи шоҳасари «Бобурнома» Заҳириддин Муҳаммад Бобур бо шукӯҳ ва таровати хос таҷлил мегардад. Дар ин рӯзҳо ба муносибати 542-солагии зодрӯзи Бобур Мирзо дар соири шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, ҷамъомадҳои шеърхонӣ, маҳфилҳои гиромидошт ва амсоли он ба вуқӯъ мепайванданд.
– Як қатор чорабиниҳои бахшида ба гиромидошти Бобур Мирзо бевосита дар осорхонаи «Бобур ва фарҳанги ҷаҳон», воқеъ дар шаҳри Андиҷон барпо шуданд. Яке аз ин гуна чорабиниҳо намоиши асарҳои дар жанри таърихӣ офаридаи рассомони андиҷонӣ мебошад. Дар қисми марказии намоишгоҳ нусхаи минётурии портрети Бобур гузошта шудааст, ки онро рассоми асри XVII Хондамир кашидааст. Ин минётураро рассоми андиҷонӣ Наҷмиддин Қозиев нусхабардорӣ кардааст. Дар ин бахш ҳамчунин осор ва минётураҳое гирд оварда шудаанд, ки дар он ҳодисаҳо, аз қабили ба тахт нишастани Бобур, ҷанг барои қалъаи Андиҷон, саҳнаҳои шикор, маросими дафни Хоҷа Аҳрори Валӣ, аз Андиҷон рафтани Хонзода Бегим, ҷанг бо Шайбонихон тасвир шудаанд, – гуфт дар аснои суҳбат мудири осорхонаи таърихӣ-фарҳангии вилояти Андиҷон Ихтиёрбек Расулов.
Дар бахши навбатии намоишгоҳ асарҳои рассом Ҳасанбой Саидов, аз ҷумла «Бобур дар Баракӯҳ», «Бобури дар гирди оташ нишаста», «Бобур аз ҷанг бармегардад», «Рафтани Бобур аз Андиҷон» ба намоиш гузошта шудаанд.
Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар замони ҳукмронии худ илму маърифатро ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардоштааст. Аз ин лиҳоз наслҳои баъдии сулолаи ӯ ҳамеша ба аҳли маърифату зиё, эҷодкорон, ҳунармандон, ҳатто кишоварзон эҳтироми беандоза зоҳир намуда, ба рушду нумӯи он мусоидат кардаанд ва баҳри ободиву осудагии мардум талошҳо ба харҷ додаанд.
«Бобурнома»-и ӯ аз нодиртарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонӣ хонда шуда, ба зиёда аз 30 забони дунё тарҷума шудааст.
Дарвоқеъ, соли 2017 Шавкат Мирзиёев зимни ташриф ба вилояти Андиҷон аз Боғи Бобур боздид намудааст. Вай ҳамон вақт дастур додааст, ки ин боғ мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ бозсозӣ ва ба маскани беҳтарини истироҳату фароғати мардум ва меҳмонон табдил ёбад. Маҳз бар асоси ҳамин дастур дар ин боғ корҳои азими сохтмониву ободонӣ ба ҷо оварда шудаанд. Дар ин росто хиёбони марказии боғ бо эъмори масҷиду осорхонаи боҳашамат намои хуб касб намуда, мақбараи рамзии Мирзо Бобур аз нав таъмир карда шудааст.
Осорхонаи «Бобур ва фарҳанги ҷаҳон»-ро ашёи экспонатҳое оро медиҳанд, ки дар давоми экспедитсияҳои байналмилалии илмӣ ба минтақаву кишварҳои гуногун ва дар натиҷаи сайру саёҳатҳои дигар ба даст овардаву ҷамъоварӣ шудаанд. Ин ашёи намоишӣ ба даврони сулолаҳои Темуриҳо ва Бобуриҳо мутааллиқ буда, аз китобҳои нодир, дастхатҳо ва маводи дигари беназир иборатанд. Ҳамаи ин экспонатҳо роҳҳои тайкардаи Бобур ва аъзои хонаводаи ӯро бозтоб медиҳанд.
Дар тарафи чапи даромадгоҳи бинои осорхона чунин суханони Президенти мамлакат бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст: «Заҳириддин Муҳаммад Бобур бобои мо, хуни мост, аҷдоди бузурги мост, ки мо метавонем бо ифтихор ба фарзандонамон нақл кунем. Ин ҷо вуҷуд доштани чунин аҷдодони худро ҳеч кас набояд фаромӯш кунад, ки фарзандони Андиҷон буданд».
Дар маркази толори асосии намоишгоҳ макети «Ҳирот» гузошта шудааст, ки дар паҳлӯи он дар бораи сафарҳои экспедитсияи байналмилалии илмии ба номи Бобур низ маълумот дода шудааст. Солҳои 1992-1993 маҳз аъзои ҳамин экспедитсияи байналмилалии илмӣ хоки Бобур Мирзоро аз қабрҳои ӯ дар Агра ва Кобул ба мақбараи рамзии Бобур оварда гузоштаанд.
Рустамҷон Мамасолиев – ноиби мудири Хазинаи Бобур ба суҳбати мо пайваст. Вай гуфт, ки дар осорхонаи «Бобур ва фарҳанги ҷаҳонӣ» бештар аз ҳазор экспонат мавҷуд буда, қисмати асосии онро китобҳои таърихии марбут ба сулолаи Темуриҳо ва Бобуриҳо, дастнависҳо ва маводи дигаре ташкил мекунанд, ки зимни экспедитсияи байналмилалии илмӣ ба даст омадаанд. Инчунин минётураҳои қадимӣ ва замонавии барои китобҳои Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва осори як идда адибони дигар кашидашуда низ ҳифз гардидаанд.
Дар самти дигар китобҳое маҳфузанд, ки аз нашри нодири дар хориҷа нашршуда иборатанд.
Меҳмонон зимни ташриф ба осорхонаи мазкур метавонанд наворҳоеро тамошо кунанд, ки зимни экспедитсияҳои илмиву саёҳатҳо бардошта шудаанд.
Дар радифи ин корҳои доманфарох дар даромадгоҳи боғе, ки ин осорхонаро низ дар канор қарор додааст, фаввораи замонавӣ сохта шуда, пайраҳаҳо мумфарш гардидаанд, дар майдони боғ барои нишаст курсиҳо ва барои партофтани партобаҳо қуттиҳои махсус гузошта шудаанд. Тарабхонаҳо ва дӯконҳои савдо дар қисмати поёнии «Роҳи бузурги абрешим»-и ин боғ аз нав эҳё карда шуда, дар қитъаи «Туякамар» дар майдони 1,5 гектар гармхонаи замонавӣ арзи вуҷуд намудааст.
Имрӯз майдони умумии боғ 357 гектарро ташкил медиҳад. Намуди боғ, ки асосан бо дарахтони 40-50 сола фаро гирифта шудааст, дорои дарвозаи аркони услуби шарқӣ мебошад. Ҳайкали босалобати Бобур Мирзо, осорхонаи «Бобур ва фарҳанги ҷаҳон» аз иншооте маҳсуб меёбанд, ки шӯҳрати боғро беш аз пеш афзудаанд. Дар боғ инчунин дафтари Хазинаи байналмилалии ҷамъиятии Бобур низ ҷойгир аст.
Қобили зикр аст, ки боғи Бобур ба хатсайри байналмилалии сайёҳӣ шомил буда, аксари сайёҳон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ба онҳо маҷмааи «Кабели овезон», 36 намуди аттраксионҳои замонавӣ, якчанд тарабхонаҳои миллӣ ва муосир, чойхона, меҳмонхона бо 30 кати ҷой хизмат мерасонад.
Ғайр аз ин, фароғатгоҳҳои «Боғи баланд» ва «Киштӣ» мавриди бозсозӣ қарор гирифта, барои фароғати меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Тарабхонаҳо ва марказҳои савдо дар қисмати «Роҳи бузурги абрешим» ба таври замонавӣ қомат рост намудаанд.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар арафаи таҷлили 542-солагии зодрӯзи Бобур Мирзо ба деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх ташриф овард. Ин деҳае мебошад, ки Бобур аз дасти асокири Шайбонӣ расо 11 моҳ паноҳ бурдааст. Барои ҳамин бо ташаббуси ҳокими вилоят ин ҷо осорхонае арзи вуҷуд хоҳад кард, ки ба хотири гиромидошти арбоби давлатӣ ва адиби маъруф – Заҳириддин Муҳаммад Бобур бунёд хоҳад ёфт.
Бобуршиноси маҳаллӣ Муҳаммадхон Пӯлодӣ дар ин робита мегӯяд, ки ин осорхона бо буҷаи давлат сохта хоҳад шуд ва ҳудуди 250-300 экспонати ҷамъоваришударо дар худ нигоҳ хоҳад дошт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилоятҳои АНДИҶОН ва ФАРҒОНА.