МУАММОҲОИ ЭКОЛОГӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Дар шаҳри Ҷиззах бо ташаббус ва ҳамкории лоиҳаи Иттиҳоди экологии «Еkolog» дар мавзӯи «Баланд бардоштани донишу салоҳияти журналистон ва блогерҳои Ӯзбекистон дар инъикоси мавзӯи фасоди экологӣ» тренинги дурӯза баргузор гардид.

Роҳбари Иттиҳоди ҷамоатии «Ekolog», доктори улуми филологӣ, профессор Наргис Қосимова иштирокдоронро аз ҳадаф ва вазифаҳои он огоҳ кард. Тавре ӯ гуфт, ин лоиҳа ба гранти Барномаи рушди СММ сазовор гардидааст.

– Алҳол аҳолии ҷаҳон рӯз аз рӯз афзоиш меёбад, – гуфт Қосимова. – Мувофиқи маълумоти омор то соли 2050 аҳолии дунё ба 9 миллиард нафар мерасад. Зеро ба ҳисоби миёна рӯзе 200 ҳазор нафар аҳолии кураи Замин зиёд мешавад. Ин ҳолат тақозо менамояд, ки одамон барои рӯзгузаронӣ бештар мубориза баранд. Табиист, ки баробари афзоиши аҳолӣ муаммоҳои экологӣ ҳам бештар мешаванд. Илм собит кардааст, ки ғалоғулаву ҳавои ғуборолуди шаҳрҳои калон ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд.

Аз ин рӯ аҳолии шаҳрҳои калон нисбат ба сокинони деҳоту кӯҳистон ба ин навъи муаммоҳои экологӣ бисёртар гирифторанд.

Дар ҷумҳурии мо низ пайи бартараф намудани муаммоҳои экологӣ ва тозагии муҳити зист корҳои зиёде амалӣ мегарданд. Татбиқ сохтани лоиҳаи «Макони сабз», ки бо ташаббус ва роҳнамоии Сарвари давлат роҳандозӣ шудааст, далели ин гуфтаҳост.

Дар ин ҷо саволе ба миён меояд: оё роҳбарони маҳаллӣ дар ҳудудҳои худ ин лоиҳаро бечуну чаро ба иҷро мерасонанд? Барои муайян намудани он блогерҳо бояд пурсишҳои журналистӣ гузаронанд.

Дар тренинг ҳамчунин журналисти саҳифаи «Ekolog.uz» Фирӯз Сайфуллоев дар мавриди ҳолатҳои равшани фасоди экологӣ сухан кард.

– Аз соҳили дарёҳои кишвар мардум бештар ба шағалкашонӣ ё худ дар боғҳои табиӣ ба дарахтбурӣ машғуланд. Мо зимни фаъолияти худ борҳо ба ин гуна ҳолатҳо рӯ ба рӯ омадем. Бояд пеши роҳи ин қонуншиканиҳо гирифта шаванд, – иброз дошт Сайфуллоев.

Анорбой Назаров.

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: