АМАКИ ХИРСКАШ

(Ҳикоя)

– Мо қад-қади дарё меравем, – гуфт хӯҷаин.

Хирс чун одат чизе нагуфт. Яъне, сукут – аломати ризо.

Онҳо лаб-лаби шоҳкӯчае мерафтанд, ки ҳаракати мошинҳо лаҳзае қатъ намегардид. Роҳашонро дигар намуданд: ба соҳили дарё гузашта, ба боло ҳаракат карданд. Ин номусоид ва душвор буд: аз пеш ботлоқҳои зиёд ва тӯқайзорҳо мебаромаданд ва аз болои онҳо ё аз паҳлӯяшон гузаштан лозим меомад. Дар соҳил чизҳои хӯрданбоб, мисли санҷид, олучаи ёбоӣ, себ ...буданд. Баъзан аз рӯ ба рӯйи онҳо чайлаҳои деҳқонон баромада мемонд, онҳоро бо нон, харбуза ва дигар хӯрокиҳо зиёфат мекарданд. Ва хирс нафсашро бо решапояҳои гуногун, тухми парранда ва ҳайвонот қонеъ мегардонд.

Аз хӯҷаин ҳамеша бӯйи нон меомад (ӯ дар миёнаш нон баста мегашт). Саховатманду хушфеъл буд хӯҷаин: камарбандашро кушода, ба миёна мегустарид ва онҳо нонро дар обтар карда мехӯрданд.

Сабабҳои зиёде мавҷуданд, ки чаро онҳо бо соҳили дарё ҳаракат мекунанд. Онҳо як чизро фаромӯш накарданд – Ватани онҳо дар байни кӯҳҳоест, ки ин дарё сар мешавад ва умед доштанд, ки Зарафшон онҳоро гумроҳ намекунад.

Ҳарду ҳам пастиву баландиҳои зиндагиро дида, пир шудаанд.

Номи амаки хирскаш Сафаралӣ. Синну соли ӯ дар атрофи ҳафтод буд. Ӯ таъми арақи пешонӣ ва ашки чашмро бисёр чашида буд – вай одами чандирбадан, каме дуқат шуда мегаштагӣ ва миёнақад аст. Касе, ки баромада истодани устухони китфҳо, дағалшавии пашмҳо, ниҳоят итоаткорӣ, чашмони хира ва дандонҳои рехтаи хирсро (лақабаш – Ар-ар) медид, ба мақоли русҳо «Старость – не радость» боварӣ ҳосил мекард, ки на танҳо ба одамон, балки ба ҳайвонот ҳам дахл дорад.

Тақрибан понздаҳ сол мешавад, ки тақдир ин ду шӯрпешониро ба ин тарафҳо андохт. Ба ҳамаи инҳо касбу кор, рӯзгузаронӣ, дурусттараш, сию ду сабаб аст. Бо хирсбозӣ нон ёфтан барои Сафаралӣ касби падарӣ аст. Бобокалонҳояш низ аз кӯҳ бачаҳои хирси ҳанӯз чашмонашон кушоданашударо оварда, дар як даст тозиёна, дар дасти дигар ширинӣ бо онҳо забон меёфтанд.

Ҳамон вақтҳо Сафаралӣ барои дастгир кардани Ар-ар ва бародараш тайёрии пухта дида, хуб интизор шуд. Инро аз падараш шунида буд, ки чашми хоби модархирсҳои ин ҷо ҳангоми зимистонгузаронӣ – дар охири моҳи феврал равшан шуда, чашмони бачаҳояшон чил рӯз дар ҳолати баста қарор доранд. Аз ин ҷост, ки баробари гарм шудани ҳаво, то аз лона баромада рафтани модархирс лозим меомад, ки хирс бесаброна интизор шавад.

Рӯзи аввали аз лона баромадани модархирс бачаҳои вайро дуздид. Дере нагузашта наъраи модари бечора водиҳоро ба ларза андохт: ин доду фиғони дардноки модаре буд, ки ногаҳон аз ду писари бечорааш ҷудо шудааст. Аз лаҳзае, ки нишастани бӯйи инсонро дар хонааш фаҳмид, бо инстинкти азалии худ ҳис кард, ки ин бедодгариро душмани дупо кардааст. Дар чунин лаҳзаҳо агар дар атроф ба касе дучор шавад, пора-пора карданаш аниқ буд.

Хирс ҳайвони ҳамахӯр аст: гӯшт, мева ва решаро ҳам хӯрдан мегирад. Аммо ба хирсакҳои навзоде, ки чашмонашон акнун кушода мешуданд, шир, атола, гӯштқима додан лозим буд. Фарзанди калони ҳамсояхирсро ба лӯхтак монанд кард ва аз ҳамон рӯз номаш Лӯхтак шуд. Ва хурдакакро Ар-ар номиданд. Номи деҳа ҳам Ар-ар аст, вале инҳо бо ҳамдигар камтар алоқаманданд. Саҳариҳо хирсак бӯйи модар, ҳарорат ва ширашро пазмон шуда, дод мезад ва тамоми аҳли оила аз омада мондани модархирс ба воҳима афтода, хавотир мешуданд. Аз ҳамин сабаб тахаллуси Ар-арро доданд ба вай.

– Ту ҳайвонӣ, – роҳравон суханашро давом дод Сафаралӣ, – бисёр чизҳоро намедонӣ ё фаромӯш мекунӣ. Вақте ки мо омадем, сарҳад гуфтанӣ гап набуд – бемалол гузашта меомадем. Акнун он хел нест...

Ин таҳлука буд. Онҳо ҳар баҳор меомаданд ва тирамоҳ бармегаштанд: хирс хоби зимистонаашро дар ватани худ мегузаронд. Аммо ногаҳон вазъият тағйир ёфт. Дар мавсими тобистон дар тӯй, сайлгоҳҳо ҳунарнамоӣ карда, хеле пул кор карданд, вале ҳангоми бозгашт сарбозони автоматдор пеши роҳи онҳоро гирифтанд: бо ҳукмфармоӣ ҳуҷҷат талаб карданд. Табиист, ки онҳо ҳуҷҷат надоштанд ва илтимосу илтиҷоҳояшон дили сангини онҳоро нарм карда натавонист: ноумед маҷбур шуданд, ки ба қафо баргарданд.

Онҳо дар кулбаи аз лӯлиҳо мондаи лаби ҷӯй зиндагӣ мекарданд. Акнун боз ба ҳамон ҷо баргаштан лозим меомад. Он ҷойи мувофиқе буд, ҳамсояҳо набуданд: аз ҳайбати ҷонвар ва арросаш тарсида, касе шикоят намекард. Онҳо якҷоя ба кӯча мебаромаданд, аз шиносҳо гӯшт, нон, чормағз мехариданд. Зеро аз рафтору ғурриши ҳайвон тарсида буданд. Дере нагузашта Ар-ар ба хоби зимистона рафт.

– Ҳамон зимистон ту нағз хобида натавонистӣ, – суханашро давом дод Сафаралӣ, – ҳавои он ҷо тоза набуд, садоҳо низ ба гӯш мерасид. Агар баъзан миршаб омада, аз ман пул талаб карданашро ба ҳисоб нагирем, ороми моро касе халалдор намекард.

Онҳо роҳи худро давом доданд. Аз онҳо ҳамагӣ чанд қадам дуртар донхӯрии селаи тазарвҳо ва дар ҷойҳое, ки дарё шуста, кӯлмакҳо ба вуҷуд омадаанд, ширмоҳиҳо иштиҳояшонро ба хориш меоварданд, вале аз паси онҳо давидан бефоида буданашро ҳис карда, таноби роҳро кашиданд.

Баногоҳ Ар-ар сарашро бардошта, дуру дароз ҳаворо бӯ кард. Баъд ба тарафи чап ҳаракат намуд. Сафаралӣ бо хавотиру дудилагӣ аз пасаш рафт, дере нагузашта бӯйи пораи нонеро, ки дар танӯр месӯхт, ҳис кард. Зане дар канори деҳа нон мепухт. Барои хавотир накашидани зан Сафаралӣ ба гардани Ар-ар занҷир андохт ва хеле ба он наздик шуд. Зан аввал ҳайрон шуд, баъд ҳамаашро фаҳмид ва тавассути писарчааш ду нони гарм фиристод. Баъд барои он ки ин меҳмонони нохонда ба бачаи ӯ зараре нарасонад, наззора карда истод.

– Занҳои мо хубанд, – гуфт Сафаралӣ, – гард, акнун нонро дар об тар карда мехӯрем.

Онҳо дар лаби дарё нишаста, нонро дар об тар карданд.

– Бародарамро бештар аз понздаҳ сол аст, ки надидаам, – баъди ишкамро сер карда, ба роҳ баромадан, суханашро давом дод Сафаралӣ, – шояд пир шуда бошад. Эҳтимол маро ҳам нашиносад. Ман мегӯям: «Ака, ман Сафаралӣ!» Қавми ту низ дар аввал бегона мепиндоранд, пас мешиносанд. Акнун мо пир шудаем, аз дасти марг гурехта намешавад! Дар кишвари худат ба по дароз кардан чӣ расад?! Бародари ту барвақт нобуд шуд – мани нотавонро бубахш...

Гап дар сари он аст, ки бахт дар солҳои аввал ба онҳо дасти росташро бештар дароз кард. Намоиши аввалини онҳо дар Регистон фаромӯшнашаванда аст. Дар аввал ҳам Лӯхтак ва ҳам Ар-ар аз бӯйи бегона ва чеҳраҳои ношинос ҳаросида монданд, вале нигоҳи ҷиддиву хайрхоҳонаи хӯҷаин ба дилҳояшон қувват ато кард. Баробари оҳанги «Полкаи Андиҷон», ки аз нағора ҳосил мешуд, онҳо бе дудилагӣ ба рақс даромаданд. Кӯдакони гирду атроф қиқирросзанон хандиданд, калонсолон табассумкунон бетартибона кафкӯбӣ карданд. Ин намоиши шавқовар хеле давом кард. «Тамошобинони муҳтарам! – ба чеҳраҳои шукуфони садҳо нафар нигариста, муроҷиат кард хӯҷаин, – бо ҳамин мо рақсро ба охир мерасонем. Акнун бародарон ба гӯштигирӣ медароянд – доираро васеъ кунед! «Ширий круг! Ширий круг!»

Дар чеҳраи ҷамъомадагон шавқу ҳавас зиёду майли ҳангоматалабиашон бештар мешуд. Нақора ин дафъа оҳанги вазнин, ҳатто ҳузноварро сар кард. Онҳо ҳаракатҳои паҳлавонона карда, майдонро ду маротиба давр заданд. Даврзанон чунон вонамуд мекарданд, ки бо якдигар дӯғу пӯписа мекунанд. Баъд (чунон ки хӯҷаин таълим дода буд) Ар-ар ногаҳон ба бародараш дарафтод. Лӯхтак ҳам сода набуд – аз камари ҳарифаш ба оғӯш гирифту дасташро боло бурд ва баъди ба ҳаяҷон овардани издиҳом, ӯро бардошта зад. Ва вақте ки ӯ аз ҷо ҷаста хесту аз пойи ҳарифаш гирифтан хост, Сафаралӣ мисли довари одил ба мобайн даромад: «Ҳай-ҳай! Ғиромӣ чӣ лозим! Мардӣ дар ҳалолкорӣ аст!» Хулоса, пас аз часпу талоши на он қадар дароз (мисли ҳарвақта) Ар-ар дастболо гардид. Сафаралӣ аз нақоранавозӣ бозистода, ба муддао гузашт: аз қабили «Духтарам, ба ту мегӯям, келинам, ту шунав» амал карда, кинояомез ба бародарон муроҷиат намуд:

«Шумо аз роҳи бисёр дур – канори кӯҳсор барои ба мардуми Самарқанд шодию хурсандӣ бахшидан омадед. Ана, шумо хуб рақсидед, ба гӯштигирӣ даромадед. Албатта, шумо каме хаста шуда, гурусна ҳам мондед. Аммо агар ба шумо ину онро гирифта диҳам гӯям, худи ман дар ин рӯзҳо кисахолӣ шуда мондаам. Акнун як давр зада бароед: умеди ягонаи мо аз Худост – шунидаем, ки дар ин шаҳри азим, одамони саховатпеша бисёранд. Канӣ, бародарони азиз, дасти худро ба дуо баланд кунед! Аллоҳ марҳаматашонро дареғ доштагон ва надоштагонро дар паноҳаш нигоҳ дорад! Худои меҳрубонам, ба фарзандталабон – фарзанд, ба беморони бистарӣ шифо ато намояд! Омин!»

Пас аз ишораи ошнои хӯҷаин Ар-ар ба китфи Лӯхтак савор шуд. Сафаралӣ аз рӯйи одат ба дасти ӯ кулоҳи кӯҳнаро доронд ва ба навохтани оҳанги дардомезе шурӯъ кард. Ин оҳанг роҳҳои сахти кӯҳистону мушкилоти зиндагиро ба ёд меовард. Пул ҳар қадар зиёд афтад, оҳанг ҳамон қадар ба авҷаш мерасид ва ҳаяҷону шодии Сафаралӣ меафзуд. Баъди намоиш аксар вақтҳо Сафаралӣ саховатманд мешуд: бародаронро бо гӯшту мева навозиш мекард, вале ҳаминаш нофорам буд, ки баъзан худаш арақ ҳам менӯшид, ки ин дили паҳлавонхирсҳоро беҳузур мекард. Инаш ҳам ҳеч гап не: дар ин гуна ҳолатҳо хӯҷаини хушфеъл пас аз нӯшидан ланҷ шуда, чашмонашро милтос мезанонд, ҷоҳил мешуд, ба бародарон садо баланд мекард, баъзан бераҳмона тозиёна мезад. Боре, ин ҳолат тӯл кашиду дар роҳрав хобида монд – дар киса пули зиёде дошт. Бинобар ҳамин ӯро чанд соат аз дасти миршабу дуздбачагон муҳофизат кардани онҳо рост омад.

– Эҳ, он даврҳои хуб буд, – суханашро давом дод Сафаралӣ, – ҳама моро дӯст медоштанд: ба намоиш, базм, тӯй даъват мекарданд. Шумо – девонаҳоро ба боғи ҳайвонот ҳам бурда будам... Вале дағалона рафтор кардед, ман хиҷолат кашидам.

Гап дар сари он аст, ки ҳамон сол ба Самарқанд боғи сайёри ҳайвонот омада буд. Секаса барои тамошо даромаданд. Воқеаи аҷоибе рӯй дод. Хирси модаро дар қафас дида, ҳарду худро ба ҳамон тараф заданд ва хӯҷаинашонро кашола карданд. Ҷавононеро, ки ҳанӯз иштиёқи шаҳвонии худро қонеъ нагардонда бошанд, инро фаҳмидан мумкин буд. Модахирси даруни қафас низ бо як майли аҷибе ба сӯйи онҳо ҳаракат мекард – лаҳзае бошад ҳам, ташнаи лаззати ҳаяҷонангезе буд: онҳо лаб ба лаб монда, ташнагии худро каме пасанда кардагӣ барин шуданд, аммо қафаси оҳанини лаънатӣ ба аз ин зиёдаш имкон намедод.

Ҳаёт одатан барои хурсандибахшии андаки худ ҳаққи калоне талаб мекунад.

Рӯзҳои сарафрозии онҳо тӯл накашид: чӣ шуд, ки хирсҳо бемор шуданд, иштиҳояшон гум шуд ва хароб гардиданд; шабона ба нолиш кардан медаромаданд. Сафаралӣ ба хавотир афтода, чашмонаш бе нур ва хаста шуданд. Охир, ба ҷуз Ар-ару Лӯхтак касе надошт ин марди сарсахт. Илова бар ин, ризқу рӯзӣ аз ҳисоби ҳамин бародархирсҳо буд. Хуллас, зиндагиро бе онҳо тасаввур кардан ғайриимкон буд. Дар рафти намоиш духтари рус ба Сафаралӣ наздик шуда гуфт, ки ҳайвонҳо бемор шудаанд ва дар назди истгоҳи роҳи оҳан дармонгоҳе ҳаст, ки онҳоро табобат мекунад ва худи ӯ дар он ҷо кор мекунад. Ва нишониро навишта дод.

– Ар-ар, дар хотир дорӣ, русдухтарони он ҷо далер, зиндадил ва меҳрубон буданд: зуд ҳардуи шуморо баста, ҳарорататонро санҷиданд. Сипас, зарурати таҳқиқи наҷосати шуморо таъкид карданд. Мо то бевақтии рӯз нишастем. Аз сабаби хӯрок нахӯрда монданатон, холӣ кардани ишкам душвор гашт. Ниҳоят, духтарон ахлотатонро гирифта, дар зери заррабин гузошта диданд ва маъюс гардиданд: дар шуш ва ҷигаратон кирм будааст. Дору доданд, вале пулашро нагирифтанд. Ба шарофати ҳамонҳо ту зинда мондӣ, вале бародаратро ба хок супоридем. Танҳо худи туро кашола карда, ба мактабҳо мерафтам – ба бачаҳо ҳар гуна тамошо нишон дода, ризқу рӯзиамонро меёфтем. Аммо зиндагӣ рӯз то рӯз дилгиркунанда мешуд.

Сухани Сафаралӣ якбора канда шуд: каме дуртар аз худ одами ҳарбиеро дид, ки дар китф автомат дошт. Хунукбашара лаҳзае ҳайрон шуда истоду баъд бо дасти росташ «ба қафо» гӯён ишора кард. Сафаралӣ нағз медонист, ки амри ин қайсари сангдилро риоя накардан ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Аммо орзуи ба Ватан баргаштан, дар оғӯши кӯҳу сангҳо ба соҳибаш бахшидани ҷони худ пурзӯртар аз он буд. Барои ҳамин, вай қад-қади дарё не, балки аз нишебиҳои кӯҳҳои Бахмал гузашта рафтанро ба нақша гирифт. «Шояд дар он ҷо ҳам сарбозҳо бошанд, – аз дил гузаронд Сафаралӣ, – вале шабона аз байни харсангу буттаҳо чашми онҳоро хато карда, гузашта рафтан мумкин будагист...»

Онҳо қуллаи Ойқорро ба нишон гирифта, таноби роҳро кашиданд. Сафаралӣ тасмим гирифт, ки асосан шабона роҳ паймояд, то таваҷҷуҳи номаҳрамонро ба худ ҷалб накунад. Ҳамин тавр, деҳаҳо ва киштзорҳои корам қафо монданд. Пагоҳӣ дар доманаи теппа қуттиҳои занбӯри асал ба назар расиданд. Ба гардани Ар-ар занҷир андохт, ӯ хуб медонист, ки ҷонвар дӯстдори асал аст. Баъди чанд қадам мондан, онҳо бозистоданд. Занбӯрпарвар ҳам мисли он зани нонпаз саховатманд будааст: аз шогирдаш дар як косача асал фиристод. Сафаралӣ бо нон ҳамагӣ ду маротиба лесиду халос; асали боқимондаро ба хирс дод: вай то қатраи охиринаш лесиду онҳо худро сабук ҳис карда, роҳи кӯҳро пеш гирифтанд.

 – Агар аз ин ду кӯҳ гузарем, он тарафаш ватани мост. Мумкин дар он қулла ҳарбиён бошанд: аз он ҷо шабона мегузарем, – гуфт Сафаралӣ бо каме боварӣ.

 Дар ин ҷо пайраҳаҳои гӯсфанду бузгузар бисёр буданд ва аксарияташон аз доманаҳо ба баландӣ гирифта мебаромаданд. Онҳо аз пайроҳаҳо ба боло мерафтанд. Вақте ки онҳо аз кӯҳи аввал гузаштанд, пардаи торикӣ фаромад. Ин айни муддао буд: диққати ягон пашшаро ба худ ҷалб накарда, аз ағбаи асосӣ гузаштан мумкин буд. Мисли дуздон садое набароварда, бе шарфаи пой ба боло ҳаракат карданд.

 Вақте ки ҳарду ба ағбаи охирин расиданд, субҳ дамид. Онҳо ҳамвории беканори дар пешашон бударо дида, шод шуданд: қуллаю водиҳои шиносе, ки дар айёми ҷавонӣ ба дилҳояшон ҷо шуда буданд – макони хуни нофашон рехта, бо тамоми рангу ҷозибаҳояш намоён мешуд. Дилашон аз сурур лабрез шуда, онҳо чанд дақиқа хомӯш монданд.

 – Агар ба поин фаромада гирем, то бегоҳ ба хона мерасем, – гуфт Сафаралӣ бо ким-чӣ хел қаноатмандии ҳаяҷономез. Ҳолати ҳозираи ӯ шавқмандии шахсеро ба хотир меовард, ки аз сафари дур баргашта, дари хонаи зоидашудаашро мекушояд. Ар-ар инро ҳис карда, ба пеш ҳаракат кард. Ин фоҷиаи ғайричашмдоштро танҳо филмсозон бо тамоми ҳақиқату рангҳо ба таври боварибахш нишон дода тавонистанашон мумкин буд. Қалами ман бошад, оҷиз аст. Қувваи ногаҳонии ба вулқон монанд онҳоро ба нишебӣ партофта буд, чизе сахт гумбуррос зада, доду фарёди онҳоро фурӯ бурд, мисли дурахши барқ тамоми ҳастӣ лаҳзае равшан шуд.

Сафаралӣ кай ба худ омадани худро намедонад. Аввал дар пеши назараш мисли тумани хира ноҷунбон истод, баъд ба осмони пурситора табдил ёфт. Ин чӣ ҳодиса буд? Вай ба ҷунбиш омадани шӯълаи марги зери пояшро тасаввур карда натавониста, бо дастони бемадораш гирду атрофро ламс кард ва дасташ аввал ба тани сарди Ар-ар, баъд чизи шилимшуқе расид.

Қувваи ҳофизаи ӯ ба дарки хуни аз баданашон рехтаистода оҷизӣ мекард.

Сипас хомӯшӣ – сукути абадӣ ҳукмфармо гардид.

Нусрат РАҲМАТ
Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи Бахтиёри ҶУМЪА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: