Бо роҳи истифода аз имкониятҳои мавҷуда: биноҳои бекорхобида, ӯтоқҳои иморатҳои бисёрошёна, инчунин сохтани биноҳои серошёна, ба истеҳсолоти қонунӣ ҷалб кардани ҳунармандон, барои инкишоф додани фаъолияти онҳо фароҳам овардани шароит, бо ин роҳ афзоиш додани миқдор ва ҳаҷми корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ба «Таҷрибаи Ғиждувон» асос гузошта шуд.
Масъалаи рушди соҳаҳо, таъмини тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат талаби замон аст. Ислоҳоти васеъмиқёс бошад, баҳри амалӣ гаштани нақшаҳо ва иҷобати орзую умедҳои халқамон хидмат мекунад. Омӯхтан ва оммавӣ гардондани равандҳои пешқадам, таҷрибаю бозёфтҳои меҳнатии минтақаҳо имконият медиҳад, ки пешравиҳо дар миқёси мамлакат суръат ёбанд.
Бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлат дар мамлакатамон доман паҳн кардани ҷараёнҳои пешқадам таҳти унвонҳои «Таҷрибаи Сайҳунобод», «Таҷрибаи Уйчӣ», «Таҷрибаи Зарбдор» ва «Таҷрибаи Ғиждувон» бешубҳа, баҳри ҷомаи амал пӯшидани корҳои ибратбахш кӯмак мерасонад. Чанд сол муқаддам мо аз навҷӯиҳои ҳокими ноҳияи Ғиждувон Шерзод Ашуров дар соҳаи таълиму тарбияи ноҳия огоҳ гардида, дар «Овози тоҷик» таҳти унвони «Таҷрибаи Ғиждувон: сармоягузорӣ ба таълим» мақола чоп карда будем (нигаред ба «Овози тоҷик», 7 сентябри соли 2022, №70-71).
Маълум аст, ки Ғиждувон калонтарин, сераҳолитарин ва яке аз ноҳияҳои қадимтарини вилояти Бухоро мебошад ва чун маркази тиҷорату ҳунармандӣ таърих ва шуҳрати зиёд дорад.
Хусусан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин ҷо соҳибкорию ҳунармандӣ хеле вусъат ёфт. Азбаски дар ноҳия сафи ҳунармандон зиёд аст, қисми зиёди онҳо дар муҳити хонадон маҳдуд монда, баҳри фарохтар кардани доираи фаъолият ҷой ва шароит надоштанд. Аз ин рӯ, вазъият чорабиниҳои таъҷилиро тақозо мекард. Ниҳоят дахолат, супориш ва ғамхориҳои сарвари давлат дар ин бора низ ҳамчун гиреҳкушо хидмат кард. Роҳи ҳалли масъала пайдо шуд.
Боре ҳангоми мулоқот бо роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ортиқ Дилнавоз» Дилнавоз Саидова, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулистонобод» фаъолият дорад, маълум гардид, ки ӯ дар яке аз гузарҳои маҳаллаи начандон калон бо касби дӯзандагӣ машғул аст. Маҳсулоти истеҳсол кардаистодааш бозоргиранд, аммо аз сабаби набудани замини холӣ имконияти васеътар кардани корхонаашро надорад.
Бо ташаббуси роҳбари бонки саҳҳомӣ-тиҷоратии «Микрокредитбанк» аз ҳудуди маҳалла 5 хол замин ҷудо гардида, дар он сохтмони бинои дӯзандагӣ (арзиши лоиҳа 2 миллиард сӯм) оғоз ёфт. Ҷараёни корҳои бинокорӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ босуръат амалӣ шуд ва соҳибкор ба орзуи деринааш расид. Ҳоло дар ин ҷо ба ҷойи 15 нафари аввала 150 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ҳастанд. Ғайр аз ин, бо ташаббуси ҳокими вилоят барои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Шӯрчӣ» ва «Соҳибиён», ки дар он ҷо корхонаҳои истеҳсолӣ набуду сатҳи бекорӣ баланд буд, бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бинои холӣ ва қитъаҳои беназорати мактаби таҳсилоти умумии рақами 51 якчанд лоиҳа амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо таклифи аҳолӣ дар ҳудуд аз сабаби набудани муассисаи таълими томактабӣ 6-то дарсхонаи холӣ аз нав таъмир гардида, боғчаи бачагон (дорои 150 ҷой), дар дарсхонаҳои таълими ҳарбӣ ва иншооти варзишӣ-тирандозии таълимгоҳ сехи дӯзандагӣ (дорои 120 ҷой) ва сехҳои хурди истеҳсолӣ, дар таҳхона, ки аз назарҳо дур монда буд, хонаҳои истеҳсоли занбӯруғ созмон ёфт. Ҳамин тариқ, ошхонаи мактаб пурра таъмир гардида, як қисми он барои талабагони мактаб, қисми дигараш барои бачагони боғча чун манзили хӯрокхӯрӣ супорида шуд. Дар натиҷа қариб 200-то ҷойи нави корӣ ба вуҷуд омада, дар ин маҳаллаҳо сатҳи бекорӣ хеле коҳиш ёфт.
Баъд аз татбиқи се лоиҳа Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Парвоз Ҳумо Равнақ» ҲАЖ текстил (ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва матои тайёр) аз сабаби кофӣ набудани замин барои сохтани фабрикаи дӯзандагӣ ва нигаҳдории маҳсулоти истеҳсолӣ иборат аз таҳхона ва чор ошёна (ҳаҷмаш 34000 ҳазор метри мураббаъ) бино (вертикалӣ) сохта шуд ва он (таҳхона) имрӯз вазифаи анборро иҷро мекунад. Дар ошёнаҳои 2-3-4 дӯзандагон ҷогузин гардида, ҳоло дар он ҷо бештар аз 2000 нафар занону духтарон бо кор таъмин шудаанд.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бег-Бача» ба истеҳсоли намудҳои гуногуни сумка машғул аст. Ҳаҷми истеҳсоли солона ба 1,2 миллиард сӯм мерасад. Ҳоло дар ҷамъият 50 нафар фаъолияти корӣ доранд. Ҳини суҳбат бо ҷонишини якуми ҳокими ноҳияи Ғиждувон Барака Толибов дар бораи «Таҷрибаи Ғиждувон» чунин гуфт:
– Бо роҳи истифода аз имкониятҳои мавҷуда: биноҳои бекорхобида, ӯтоқҳои иморатҳои бисёрошёна, инчунин сохтани биноҳои серошёна, ба истеҳсолоти қонунӣ ҷалб кардани ҳунармандон, барои инкишоф додани фаъолияти онҳо фароҳам овардани шароит, бо ин роҳ афзоиш додани миқдор ва ҳаҷми корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ба «Таҷрибаи Ғиждувон» асос гузоштем.
Мо дар боло аз ҳаёти корхонаҳои саноатӣ мисолҳо овардем. Чӣ хеле ки аён гардид, ин мисолҳо ҳаётӣ ва ҳақиқӣ будани гуфтаҳои ҷонишини ҳокимро собит месозанд.
17 июли соли 2024 дар видеоселектор оиди рушд додани суръати афзоиши иқтисодӣ дар ҳудуду шабакаҳо Президент Ш.Мирзиёев оид ба «Таҷрибаи Ғиждувон» гуфта буд, ки: «Дар асоси «Таҷрибаи Ғиждувон» то охири сол дар худи 1000 маҳалла биноҳои саноатии бисёрошёна созмон меёбад. Ба онҳо истеҳсолоти хонадонҳо кӯчонда мешавад. Ба соҳибкороне, ки дар ошёнаҳои болоии ин биноҳо кор мекунанд, имтиёзҳои андозсупорӣ дода мешавад. Ин баҳри аз «соя» баровардани 140 ҳазор ҷойи корӣ шароит фароҳам меорад».
Дар ноҳияи Ғиждувон барои самараи дилхоҳ додани «Таҷрибаи Ғиждувон» чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Мо аз мутасаддиёни соҳа хоҳиш намудем, ки дар бораи натиҷаҳои аввалини дастрасшуда маълумот диҳанд.
– Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Гулистонобод», «Соҳибиён», «Ӯзанон» се бинои навъи «ангар» сохта шуда, дар онҳо 450 ҷойи нави корӣ ба расмият дароварда шуд, – гуфт сармутахассиси ҳокимияти ноҳия Азизбек Икромов. – Ҳамин тариқ дар корхонаи «Стар Фабрик» 50 нафар, «Ортиқ Дилнавоз» 150 нафар, «Мавҷуда Паризода либослари» 250 нафар бо кор таъмин шуданд. Дар равияи биноҳои саноати вертикалӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Помӯза», «Дилкушо», «А.Қаҳҳор», «Ғалаба» ва «Ӯзанон» биноҳои 2-5 ошёна бунёд гардида, дар онҳо 2460-то ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, дар сехи дӯзандагии соҳибкор Ғолиб Ҳоҷиев 45 нафар, дар корхонаи мебелсозии «Эъзоз мебел» 50 нафар, дар фабрикаи дӯзандагии «Ҳаҷтекстил» 2000 нафар, дар маркази корчаллонии «Тадбиркорлар бизнес маркази» 150 нафар, дар корхонаи истеҳсоли либосҳои миллии «Беҳрӯз Шаҳрӯз равнақи» 335 нафар бо шуғл фаро гирифта шуданд.
Рушди саноат дар Ғиждувон ду маъноро ифода мекунад: яке дар маънои аслӣ (пешравӣ), дигаре ба маънои баландӣ, яъне ба биноҳои бисёрошёна кӯчондани истеҳсолот. Аз ин рӯ, ин қабил биноҳоро ангар ё ки саноати вертикалӣ низ меноманд.
Соли ҷорӣ дар 20 маҳаллаи ноҳия бунёди биноҳои вертикалии саноатӣ ва дар онҳо ҷойгир кардани соҳибкорон пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни амалӣ гардидани 20 лоиҳа 28,2 миллиард сӯм маблағ харҷ гардида, 2000 ҷойи нави корӣ фароҳам хоҳад шуд.
Мутахассисон пешбинӣ мекунанд, ки барои таъсиси 10 ҳазор ҷойи нави корӣ ва ба 200 миллиард сӯм расондани ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар ноҳия вақт хеле кам мондааст. Ҳол он ки дар ноҳияи Ғиждувон имконияти ташкили 25 ҳазорто ҷойи нави корӣ ва ба тарзи иловагӣ дастрас кардани 50 миллион доллар аз ҳисоби содироти маҳсулот мавҷуд аст.
Хулоса, «Таҷрибаи Ғиждувон» бобати бо кор таъмин намудани бонувон ва ҷавонони ноҳия имконияти хубест ва барои вусъат додани ин соҳа имкониятҳои зарурӣ низ кофиянд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.