Дар системаи нигаҳдории тандурустии вилояти Сирдарё механизми пилотии суғуртаи тиббии давлатӣ ҷорӣ шуд ва барномаи пардохти хароҷот барои доруҳои тиббӣ (реимбурсатсия) оғоз гардид.
Ба мақсади баланд бардоштани сифат, самаранокӣ ва дастрасии умумии расондани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ, васеъ кардани ҳаҷми кумаки тиббӣ-санитарии аввалиндараҷа, тадриҷан ворид кардани системаи суғуртаи тиббӣ ба ин соҳа, фароҳам овардани муҳити рақобатпазири муосир дар бозори хидматрасониҳои тиббӣ ва васеъ кардани имкониятҳои ба даст овардани кумакҳои тиббии кафолатнок ва босифат аз ҷониби аҳолӣ 12 ноябри соли 2020 қарори сарвари давлатамон «Дар бораи чораҳо оид ба ҷорӣ кардани модели нави ташкили низоми тандурустӣ ва механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ дар вилояти Сирдарё» қабул шуд.
Бар асоси қарори мазкур, дар системаи нигаҳдории тандурустии вилояти Сирдарё механизми пилотии суғуртаи тиббии давлатӣ ҷорӣ шуд ва барномаи пӯшонидани хароҷот барои доруҳои тиббӣ (реимбурсатсия), ки бо асоси дорухатҳои электронӣ ба беморони дар муассисаҳои тиббии аввалиндараҷа бо бемориҳои музмин, монанди бемории гипертония, бемории ишемии дил, диабети қандии дараҷаи II, астмаи бронхиалӣ ва бемории обструктивии шуш дар ҳисоби «Д» сабтшуда оғоз гардид.
– Кор дар чаҳорчӯби ин барнома дар вилояти Сирдарё аз соли 2020 то 2023 санҷида шуд, ҳоло он дар шаҳри Тошканд амал мекунад ва то охири соли 2026 дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҷорӣ хоҳад шуд, – гуфт раиси шуъбаи вилояти сирдарёгии Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ Олим Бекмуродов.
То ба имрӯз, барнома бемориҳои музмине, ки бештар дучор мешаванд, аз ҷумла гипертония, бемории ишемии қалб, диабети қандии дараҷаи II, астмаи бронхиалӣ ва бемории обструктивии шуш ва дигарро фаро мегирад. Ба мизоҷони дорои чунин бемориҳо 27 намуди дору ройгон дода мешавад.
Истифодаи барнома то ҳадди имкон сода карда шудааст. Аввалан, бемор ба духтури оилавӣ муроҷиат мекунад ва ҳангоми пайдо кардани як ё якчандтои бемориҳои зикршуда, дорухати электрониро мегирад. Сипас, ба телефони бемор SMS-код фиристода мешавад, ки ҳамчунин ба дорухонае, ки бо Фонди суғуртаи тиббии давлатӣ шартнома бастааст, мерасад. Доруҳоро дар асоси дорухат метавонанд ҳам бемор ва ҳам намояндаи ӯ (хешованд, шахси наздик) бо нишон додани SMS-код ба корманди дорухона қабул кунанд.
Хароҷоти доруҳое, ки дар барномаи реимбурсатсия иштирок мекунанд, бар асоси фактураҳо, ки нархҳои онҳо нишон дода мешаванд, аз ҷониби фонд пӯшонда мешаванд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар дорухати электронӣ метавон то се дору барои ҳар як ташхис нишон дода шавад. Муҳлати эътибори дорухати электронӣ 7 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таҳияи он мебошад.
Ба тариқи мисол гӯем, дар соли 2023 аз ҷониби духтурони оилавии муассисаҳои тиббии аввалиндараҷаи раёсати тандурустии вилояти Сирдарё аз рӯи барномаи пӯшонидани хароҷот барои доруҳо ба 16 453 бемор 17 340 дорухат бо маблағи умумии 1 миллиарду 314 миллиону 874 ҳазор сӯм навишта шудааст, дар соли 2024 аз ҷониби Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ хароҷоти доруҳо ба маблағи 4 миллиарду 488 миллиону 933 ҳазор сӯм, ки ба 49 253 бемор барои 50 085 дорухат дода шудааст, пардохта шуд.
Аз ҳама муҳимаш ин, ки барномаи реимбурсатсия, ки дар вилояти Сирдарё оғоз ёфта ва дар системаи тандурустии дигар минтақаҳо ҷорӣ карда мешавад, пурра ба тамоюлҳои шаффофият ва адолат, ки аз ҷониби ҳукумати мо муайян карда шудаанд, мутобиқ аст ва тамоми равандҳо ба таври электронӣ анҷом дода мешаванд.
Роҳбарони Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ, муассисаҳои тиббии аввалиндараҷа ва муассисаҳои дорухона имкон доранд, ки ин равандҳоро мустақиман назорат кунанд.
– Дар робита бо ин, шояд савол пеш ояд, ки оё 11 намуди дору, ки дар чаҳорчӯби барномаи реимбурсатсия ба беморон дода мешаванд, ба бемороне, ки аз бемориҳои музмин азият намекашанд, дода намешаванд? Чунки, бемориҳои музмин талаб мекунанд, ки муолиҷа аз дигар бемориҳо бештар давом кунад. Беморон на ҳамеша имконият доранд, ки доруҳои лозимаро бихаранд, ки ин боиси авҷгирии беморӣ ва ба вуҷуд омадани пайомадҳои номатлуб мегардад. Доруҳое, ки ба беморони бемориҳои музмин дар чаҳорчӯби барномаи реимбурсатсия дода мешаванд, на танҳо хавфи пайдоиши мушкилотро коҳиш медиҳанд, балки ба кам кардани шумораи ҳолатҳои маъюбият дар оянда мусоидат мекунанд, – гуфт Олим Бекмуродов.
Масалан, дору ва намудҳои онҳо, ки ба беморони бемориҳои обструктивии шуш (астма, бронхити музмин) дода мешаванд, одатан бо назардошти ҳолат ва вазъи ҷараёни беморӣ интихоб мешаванд. Аз ин рӯ, метавон чанд намуди доруро таъин кард. Ба ин тартиб, мо омилҳоеро, ки ба сифати зиндагии бемор таъсир мерасонанд, назорат мекунем. Албатта, аз ин тартиб беморони гирифтори бемориҳои музмин ва хешовандони онҳо шоданд. Чунки доруҳое, ки ба воситаи дорухонаҳо бепул тақдим мегарданд, дар баробари бартараф кардани асорати бемориҳо пеши ҳар гуна оворагариҳоро мегирад.
Ғулом ПРИМОВ,
мухбири ӮзА.