ФАРҚИ ДУБАЙТӢ АЗ РУБОӢ ДАР ЧИСТ?

Вожаи дубайтӣ бори нахуст дар «Луғати фурс» омадааст, намунаҳои нахустини он дар эҷодиёти Маҳмуди Варроқ (асри X) дида мешаванд.

Дубайтӣ шеъри ёздаҳҳиҷоии мураккабест иборат аз чаҳор мисраъ дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (ё мақсур), бар вазни мафоъӣлун мафоъӣлун мафоъил (ё фаъӯлун). Ин вазн хоси танҳо дубайтӣ набуда, шоирони гузашта дар қолиби он маснавӣ, ғазал ва қитъа низ сароидаанд.

Дар дубайтӣ бештар мазмунҳои баланди ишқӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, панду ахлоқӣ ва амсоли инҳо ифода меёбанд. Мисраъҳои аввалу дувум ва чаҳоруми дубайтӣ ҳамқофияанд. Қофиябандии дубайтӣ асосан «ааба» буда, баъзан бо «аааа» ва «абвб» низ эҷод мешавад.

Дар дубайтӣ монанди рубоӣ, ғолибан, се мисраи аввали он нақши муқаддимавию фазосозиро иҷро намуда, мисраи чаҳорум, ки дар он ҳукму асли матлаб ё нуқтаи авҷу поёни сухани шоир ифода меёбад, муҳимтарин аст. Ҳар мисраъ дар дубайтӣ вазифаи муайян дорад: дар аксари дубайтиҳо мисраи аввали он муқаддима буда, оғози мақсади аслист. Мисраи дувум диққати касро ба ин мақсад ҷалб менамояд. Мисраи севум ҳадафи дар байт ифодашударо баробари таъкид, ҳамчунин, бо далелу бурҳон тасдиқ ва ё рад мекунад. Дар мисраи чаҳорум мақсаду мазмуни аслии дубайтӣ ҷамъбаст мешавад. Чунончи:

Насиме аз буни он кокул ойу,

Маро хуштар зи бӯи сунбул ойу.

Чу шав гирум хиёлашро дар оғӯш,

Саҳар аз бистарам бӯи гул ойу!

(Фоизи Даштистонӣ).

«Ойу» ин ҷо ба маънои ояд.

Маъмулан дубайтиро бештар бо созу овоз мехондаанд. Вазни дубайтӣ аз назари Маликушшуаро Баҳор яке аз вазнҳои ашъори қадими даврони Сосониён аст, ки пас аз интишори тамаддуни исломӣ дар он ислоҳоте ворид шуда, он ба қолиби арӯз даромадааст. Манзумаи паҳлавии «Дарахти асурӣ», ки вазни дувоздаҳҳиҷоӣ дорад, аз ҷумлаи ин ашъор аст ва онро чома ё чакома мегуфтанд. Ин вазн дар достонҳои ҳамосию ишқӣ корбурд доштааст.

«Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ, «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ ва «Хусраву Ширин»-и Низомӣ, ки аз достонҳои давраи пеш аз ислом мебошанд, дар ин вазн суруда шудаанд. Дубайтӣ ҷудо аз ҳавзаҳои шеъру адаби расмӣ аз қаъри шавқу завқи мардуми одӣ тавлид ёфта, ба яке аз қолабҳои деринаву хоси шеъри форсӣ табдил ёфтааст.

Дубайтӣ аз ҷиҳати лафзу маъно сода буда, аз ташбеҳҳои адабию санъатҳои лафзӣ орӣ аст. Ҳамчунин дар гуфтани дубайтӣ на ҳамеша аз мизони фанни қофия пайравӣ мекунанд ва гоҳе каламоте чун «ёр» ва «мол» низ қофия шуда метавонанд. Каламоти омиёна ва лаҳни гуфтугӯӣ дар дубайтиҳо корбурди зиёд доранд, ки метавон дар ин замина лаҳҷаҳои гуногун ва таърихи гӯишҳои мардумиро таҳқиқ кард. Бахши муҳимме аз адабиёти мардумӣ ва фарҳанги омиёнаи мо дар қолиби дубайтӣ ба вуҷуд омадааст.

Шоирони мутасаввиф шефтаи дубайтӣ будаанд ва ба сурудани он алоқа нишон додаанд (ба мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаъиди Абулхайр, Фаридуддини Аттор, Фоизи Даштистонӣ ва дигарон). Далели он содагии баён будааст, ки шоирони суфӣ онро дар навиштаҳои худ риоят мекарданд. Чунки мухотабони онҳо на дарбориён, балки оммаи мардум буданд ва низ муҳтавои дубайтӣ содагиро металабид. Носири Хусрав масъалаҳои илмиву диниро дар қолаби дубайтӣ ба муҳокима гузоштааст.    

Дар адабиёти форс-тоҷик машҳуртарин шоири дубайтисаро Боботоҳири Урён аст. Намунае аз дубайтиҳои ӯ:

Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,

Ҳар он чӣ дида бинад, дил кунад ёд.

Бисозам ханҷаре нешаш зи фӯлод,

Занум бар дида, то дил гардад озод!

Фарқи рубоӣ аз дубайтӣ дар он аст, ки дубайтӣ бо ҳиҷои кӯтоҳ ва рубоӣ бо ҳиҷои дароз оғоз мешавад. Аз лиҳози муҳтавою мазмун дубайтӣ дарбаргирандаи мазмунҳои лирикист: ишқ, ирфон, ёди дӯст, гиря, сӯзи ҷудоӣ, дармондагӣ, доғи дил ва амсоли инҳо. Дар қолаби бисёре аз рубоиҳо чуну чаро, шакки фалсафӣ дида мешавад. Иқболи Лоҳурӣ аз қолаби дубайтӣ барои баёни масоили иҷтимоиву сиёсӣ истифода кардааст. Танҳо дар китоби «Паёми Машриқ»-и ӯ беш аз 260 дубайтӣ омада, ки аксари онҳо дорои мазмунҳои иҷтимоиянд. Аз ҷумла:

Ҷаҳон мушти гилу дил ҳосили ӯст,

Ҳамин як қатраи хун мушкили ӯст.

Нигоҳи мо дубин афтод, в-ар на

Ҷаҳони ҳар касе андар дили ӯст.

Дубайтӣ дар назми имрӯзаи тоҷик мавқеи муҳим дорад ва баробари рушди шакли маъмулии он, ҳамчунин шакли нави дубайтӣ мушоҳида мешавад, ки онро дубайтии пайваста номидаанд ва нахустин намунаи онро Абулқосим Лоҳутӣ сурудааст:

Ба ҷон ҷо карда осори дуторат,

Ба ҳайрат мондам аз кори дуторат.

Биҷунбад дил, чу бар тораш занӣ чанг,

Магар  баста ба дил тори дуторат?

Адибони тоҷик М. Турсунзода, М. Раҳимӣ, А. Шукӯҳӣ, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Низом Қосим, Фарзонаи Хуҷандӣ, М. Аҷамӣ ва дигарон силсилаи хуби дубайтиҳо навиштаанд.

Н. Кароматуллоева,

Ш. Раҳмон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: