Ҳунар сармояи гаронбаҳоест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардан нашояд. Ҳунар инсонро обрӯву бузургӣ бахшида, ӯро болидарӯҳ ва дорои эҳтиром мегардонад.
Ва зиндагиро фаровониву зебоӣ мебахшад. Шахси ҳунарманд дарахти босамарро мемонад. Ҳунарманди асил метавонад чандин соҳибҳунарро тарбия намуда, ба таъмини моддии оила таъсир расонад.
Имрӯз зиёданд дар Ӯзбекистон ҳунармандоне, ки натанҳо ба манфиати худ, балки барои аз камбизоатӣ наҷот додани оилаҳо саъйу ҳаракат доранд. Яке аз чунин ҳунармандон Гулмира Исломоваи нуратоӣ мебошад. Ӯ усули «устоду шогирд»-ро ба роҳ монда, ҷавондухтарони дӯзандаро бо шуғл таъмин менамояд.
Дар шаҳри Нурато кашидадӯзӣ таърихи қадима дорад. Солҳои пеш аз ҳукумати шӯравӣ ҳам кашидадӯзӣ ва сӯзаниҳои Нурато шуҳрат пайдо карда буд. Солҳои ҳукмронии шӯроҳо ин ҳунари зебо ба кори хонагии баъзе оилаҳо табдил ёфт. Истиқлол ба рушди ин навъи ҳунар имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Ҳунари дӯзандагии дастӣ аз нав эҳё гардид.
– Барои ман, – мегӯяд Гулмира Исломова – кашидадӯзӣ ҳунари меросӣ мебошад. Дар ин раванд ман насли панҷуми ҳунармандони оилаамон мебошам. Аз овони наврасӣ бо сӯзан сарукор дорам. Солҳои мактабхонӣ чун аз мактаб бармегаштам сӯзан ба даст мегирифтам. Бо кумаки момову модарам нозукиҳои ин ҳунари зеборо аз бар намудаам. Чун ба камол расидам, дарк намудам, ки ин ҳунар маро илҳом мебахшад.
Гулмира Исломова хуб дарк мекунад, ки аҳли ҳунарро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро бамаврид истифода мебарад. Ҳунарманд аз донае хирман, аз матое ҷома, аз гуле гулзор ҳосил мекунад, дар ягон давру замон ба касе ва ё чизе муҳтоҷ намегардад. Яъне, ба куҷое наравад, метавонад бо ҳунари худ музде пайдо намояд, боиси рӯзгузарониаш мегардад.
Ба мақсади рушди ҳунари хонаводагӣ Гулмира Исломова бо ҷалб намудани ҳамдиёрон ба ин ҳунари воло соли 2017 ба корхонаи дӯзандагии «Нур сӯзанӣ» асос гузошт. Ҳоло дар ин корхона бино ба фармоиши мизоҷон, беш аз 30 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Камзӯли занона, дасторхон, ҷилди болишт, курта, сӯзанӣ аз ин ҷумла аст. Дӯзандагон дар рангубори риштаҳо ба таҷрибаи ниёкон такя мекунанд.
– Дар корхонаи оилавии мо, – гуфт зимни суҳбат Гулмира, – наздики 250 нафар дӯзанда кор мекунанд. Дар байни онҳо аз духтаракони 5-сола то момоёни 70-сола фаъолият доранд. Маҳсулотро бонувон дар хонаҳояшон тайёр мекунанд. Ҳам кори хонаро иҷро мекунанду ҳам бо шуғли доимӣ машғуланд. Дар ҳар як маҳалла намояндагони худро дорем, ки ашёи хомро ба хонадонҳо мерасонанд, маҳсулоти тайёрро ҷамъ намуда мувофиқи кори иҷрогардида маоши дӯзандаҳоро пардохт мекунанд. Дӯзандагон то 1,5 миллион сӯм маош мегиранд. Дар ин раванд шавқу ҳаваси бонувон ба ҳунари дӯзандагӣ меафзояд.
– Ба ҳар як ҳунар меҳр бояд дод, – мегӯяд қаҳрамони мо. – Агар ҳунарманд ба шуғли худ меҳр бандад, маҳсулоти ӯ зебову харидоргир мешавад.
Талаб ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи «Нур сӯзанӣ» сол аз сол меафзояд. Солҳои охир нуфузи маҳсулоти корхона натанҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозори ҷаҳонӣ низ хеле афзудааст. Маҳсулоти мо ба Русия, ИМА, давлатҳои араб ва Туркия тибқи фармоишот содир карда мешавад. Ба мақсади ба сайёҳони хориҷӣ фароҳам овардани имконияти дастрас намудани маҳсулоти корхона, дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд дуконҳо таъсис додаем. Хориҷиёне, ки ба Нурато меоянд, бо фаъолияти дӯзандаҳо аз наздик шинос гардида, маҳсулоти дастиро харидорӣ мекунанд. Онҳо бештар ба сӯзанӣ, дасторхон, ҷома, ҷилди болишт, куртаву сумкачаҳои занона таваҷҷуҳ доранд. Соле 7-8 ҳазор доллар даромади соф мегирем.
Имкониятҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ баҳри рушди ҳунарҳои ниёкон такони ҷиддӣ гардид.
– Туфайли ҳунари кашидадӯзӣ ман дар намоишгоҳҳои ҳунарии кишварҳои Ҳиндустон, Русия, Туркия, Тоҷикистон ва Исроил ширкат намудам. Бо ҳунармандони ин кишварҳо созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намудем. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Ташаббус-2019» ба ҷойи дуюм сазовор дониста шудам. Соли сипаригардида дар фестивали 34-уми байналмилалии ҳунар дар шаҳри Харянаи Ҳиндустон ширкат ҷустам. Коршиносон ба маҳсули дастиам баҳои сазовор доданд, – гуфт дар идомаи суҳбат Гулмира.
Заҳматҳои ин бонуи ҳунар аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон сазовор қадршиносӣ гардидааст. Баҳори соли гузашта бо фармони Президент бо медали «Шуҳрат» қадршиносӣ гардид.
Албатта, ин ҳама дастоварду қадршиносиҳо ба Гулмираи соҳибкор илҳоми тоза, қувваи дучанд ато мекунанд. Ин аст, ки ҳамеша ба дунболи татбиқи ғояҳои нав дар истеҳсолот мегардад. Ҳоло ӯ истеҳсоли гилемҳои абрешимиро ба роҳ мондааст. Ин лоиҳа дар ноҳияи Нурато ва шаҳри Зарафшон тадбиқ гардидааст. Ӯ барои дар вилояти Сурхондарё ҷорӣ намудани таҷрибаи кашидадӯзии Нурато давоми ду моҳ бизнес-тренинг баргузор намуд. Гулмира Исломова дар ҷодаи ҳунар аз зумраи ҳунармандони муваффақ мебошад. Медонад, ки тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол. Байти машҳури Низомии Ганҷавӣ ҳамеша вирди забонаш аст:
Дар ҳунар кӯш, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.