Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Амири Давлати Кувайт шайх Мишаал ас-Сабох 17 феврал бо сафари расмӣ ба ин мамлакат рафт.
Тибқи барномаи буду бош дар шаҳри Кувайт музокироти сатҳи олӣ сурат гирифта, як қатор чорабиниҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ баргузор мешаванд.