Суханони ҳикматомези бузургон
Агар ақидаи ман дигар аст, ин маънои онро надорад, ки ман душмани шумо ё аблаҳеям, балки ба хотири он аст, ки ман ақидаи дигар дорам.
Эдвард Радзинский.
Хоинон қабл аз ҳама худро мефурӯшанд.
Афлотун.
Ё ту оламро меофарӣ, ё олам туро.
Ҷек Николсон.
Ҳеч чиз нафратангезтар аз эҳтироме нест, ки бинои он бар тарс устувор бошад.
Олбер Камю.
Баландии кӯҳҳое, ки дар қуллаи онҳо қарор дорӣ, бо умқи чоҳҳое, ки ту аз онҳо берун омадаӣ, муайян карда мешавад.
***
Ҳарф бизан, то ман туро бубинам.
Суқрот.
Барои шунидан бояд хомӯш буд.
Урсула ле Гуин.
Дуруст андешидан беҳтар аст аз бисёр донистан.
Ҷон Лок.
Барои хушбахт будан ё даҳони талабу хоҳишро бояд баст, ё ба маблағ афзуд.
Бенҷамин Франклин.
Зиндагии хушбахтона аз тамкину бурдборӣ ва рӯҳи орому қонеъ оғоз меёбад.
Ситсерон.
Тани танҳо ба муқобили дигарон қарор доштан, маънои онро надорад, ки ту хато мекунӣ.
Хю Лори.
Тарҷума ва таҳияи А. Субҳон.