Байни Маркази илмии ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Шартномаи ҳамкорӣ дар ҷаласаи корӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ дар бахши экспертизаи тиббӣ-судӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.
Ҳадаф аз ҳамкорӣ баланд бардоштани савияи дониши кормандони ду давлат, иштирок намудан дар конфронсҳо, гузаронидани семинарҳои илмию методӣ, омӯзиши коршиносони озмоишгоҳҳо дар марказҳо ва ҳамкорӣ байни муассисаҳои экспертизаи тиббӣ-судӣ мебошад.