Дар Владивосток оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ гуфтушунидҳо баргузор шуданд

Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи сайёҳӣ Ҷамшед Абдусаломов дар шаҳри Владивосток бо губернатори кишвари Приморие Олег Кожемяко мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, татбиқи харитаи роҳ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи «Соли сайёҳии Ӯзбекистон дар Русия» ҳайати Ӯзбекистон имкониятҳои сайёҳии ҷумҳуриро дар доираи бозии хоккей дар Владивосток муаррифӣ намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: