18 феврал дар доираи рӯзи дуюми барномаи сафар дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Валиаҳди ин кишвар Шайх Сабоҳ ас-Сабоҳ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон ва Кувайт баррасӣ гардиданд.
Дар оғози суҳбат роҳбари Ӯзбекистон ба Валиаҳд барои истиқболи гарм ва таваҷҷуҳи хоса изҳори миннатдории самимӣ намуд.
Таъкид гардид, ки гуфтушунидҳои таърихии сатҳи олӣ, ки рӯзи гузашта баргузор шуданд, инчунин мулоқотҳои судманд бо аъзои ҳукумат ва ширкатҳои пешсаф барои тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Қувайт заминаи устувор фароҳам меоранд.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки робитаҳо ва мубодилаҳо дар сатҳи олӣ ва баланд идома дода мешаванд. Ҳамчунин, созишҳо оиди ба роҳ мондани Платформа барои ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар маҷмааи агросаноатӣ, соҳаҳои нақлиёт ва логистика, тандурустӣ, маориф, фармасевтика, инфрасохтор ва дигар самтҳо ба даст омаданд.
Ба масъалаҳои дастгирии муштараки ташаббусҳо дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ» таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Инчунин, оид ба муқаррар намудани назорати муштарак ҷиҳати иҷрои ҳамаи қарорҳо ва созишномаҳои қабулшуда тавофуқ ҳосил гардид.