Сафари расмӣ ба Давлати Кувайт анҷом ёфт

  • Сафари расмӣ ба Давлати Кувайт анҷом ёфт

Чорабиниҳои сафари расмии аввалини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Давлати Қувайт анҷом ёфтанд.

Дар доираи барномаи сафар ба шаҳри Ал-Кувайт Сарвари Ӯзбекистон бо Амир Шайх Мишаал ас-Сабоҳ ва Валиаҳд Шайх Сабоҳ ас-Сабоҳ гуфтушунидҳои таърихӣ анҷом дод, инчунин бо аъзои калидии Ҳукумат ва роҳбарони ширкатҳо ва муассисаҳои молиявии пешбари ин кишвар мулоқотҳои судманд баргузор кард.

Дар натиҷаи ин ҳамоиш Изҳороти муштарак қабул гардида, бастаи бузурги созишномаҳо оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодӣ ба маблағи 4,9 миллиард доллар ба имзо расид.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ роҳбари кишварамон аз намоишгоҳҳои осорхонаи "Қасри "Ас-Салом", ки фарҳанг ва таърихи мардуми Кувайтро инъикос мекунанд, боздид намуд.

Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафари расмӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ал-Кувайт  Президенти Ӯзбекистонро Валиаҳд Шайх Сабоҳ ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Сарвари кишвари мо ба шаҳри Тошканд парвоз намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: