«ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН...»

Таҳти чунин шиор бо ташаббуси созмонҳои илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон дар Самарқанд анҷумани бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст.

Як гули мақсуд дар ин бӯстон,

Чида нашуд бе мадади дӯстон.

Саъдии Шерозӣ

Ӯзбекистон бар асари умумияти таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша дар таманнои густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстона, неку хайр бо ҳамсоякишвар – Тоҷикистони бародарӣ буд ва хоҳад монд.

Таърих гувоҳ аст, ки ин ду халқ борҳо аз имтиҳонҳои гуногун гузашта, сарзамини хешро ба гулистону марказҳои тамаддун табдил додаанд, ки ҳоло Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Хеваю Қуқанд далели раднопазири ин гуфтаҳо мебошанд.

Соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи наве боз шуд, ки бо хатти заррин сабт хоҳад ёфт. Ин муносибатҳои неку созанда, бешак бо ному корнома, дурандешӣ ва ҷасорату матонати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо барои муошират ва рафту омади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, саёҳату тиҷорат ва фарҳангӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Воқеан, дар ин самт, пеш аз ҳама, аҳли зиё, яъне шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва ходимони фарҳангу матбуот фаъол ҳастанд.

Чанде пеш бо ташаббуси созмонҳои илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон дар Самарқанд зери шиори «То тавонӣ дӯстонро гум макун...» анҷумани бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст, ки хеле дилнишину гуворо ва хотирнишон буд.

Меҳмонону мизбонон қабл аз оғози тадбир дар қасри «Нурафшон» асарҳои рассомони ҷавони вилоят ва аксбардори машҳур, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Шуҳрат Ёровро тамошо карда, ба истеъдоди онҳо тасанно гуфтанд.

Сипас анҷумани фарҳангӣ оғоз ёфт. Муҳаррири рӯзномаи «Зарафшон», Фармон Тошев пас аз сухани муқаддимавӣ риштаи суханро ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дод.

– Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои тоҷику ӯзбек мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд, – иброз дошт сафир. – Дар садри ин муносибатҳо алломаҳои Шарқ Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд.

– Воқеан, дӯстию ҳамбастагӣ дар ҳар давру замон мувофиқи абёти машҳури устод Мирзо Турсунзода:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун...»

дар байни доираҳои илмию адабӣ, фарҳангӣ ва маданӣ шиори асосӣ аст, – гуфт президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода. – Ман бовар дорам, ки ҳамкориҳои мо дар ҳамаи бахшу самтҳо минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи адабиёти ду халқ ҳарф зад. Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар бораи дӯстии байни адибони ду миллат сухан  гуфт ва шеъри тозаи хешро бо эҳсосоти баланд қироат намуд.

Ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов дар баромади худ таъкид намуд, ки Самарқанд гаҳвораи матбуоти тоҷик аст. Зеро соли 1924 маҳз дар ин шаҳри бостонӣ нахустин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шуда, ҳоло на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои тоҷиктабор низ маҳбубият дорад.

Дар қисмати бадеии анҷуман ҳунарпешагони самарқандӣ Асадулло Атоуллоев, Озода Аҳмадова, Мардон Мавлонов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тошбой Муҳаббатов ва дигарон бо сурудҳои дилошӯбу дилнишин таъби ҳозиронро болида сохтанд.

Сипас меҳмонон аз Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанд боздид ба амал оварданд.

Мудири он Амриддин Пӯлодӣ ба меҳмонон доир ба таъмиру тармим ва афзоиши экспонатҳо маълумот дод.

Директори Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе Амирхоҷа Абдураҳимов, директори муассисаи нашриявии «Адиб»-и Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ва як қатор шоирону нависандагон асарҳои тозанашри хешро ба китобхонаи осорхонаи устод тақдим намуданд.

Толибилмони мактаби миёнаи рақами 22-юми шаҳри Самарқанд шеъру ғазалҳои устод Садриддин Айниро қироат карданд. Миёни меҳмонону мизбонон суҳбати самимӣ баргузор шуд. Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов хонаи забон ва адабиёт тоҷик низ ба тарзи тантанавӣ кушода шуд.

Ҷонишини ректори донишгоҳи мазкур, профессор Аҳмадҷон Солеев меҳмононро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо як қатор мактабҳои олии Тоҷикистон сол то сол ривоҷу равнақ меёбад.

Дар толори факултаи биология бошад, нишасти адабӣ бо номи «Ганҷи сухан», ки ин маҳфили адабӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад, ба вуқӯъ пайваст. Дар он эҷодкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Абдулло Субҳон, Паймон, Хоҷа, Аскар Ҳаким, Асадулло Шукуров, Баҳром Раҳматзод ва дигарон аз ашъори худ қироат карданд.

Зоҳир Ҳасанзода,

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигорони «Овози тоҷик».

Самарқанд.

Суратгир: Ҳасан Сулаймонӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: