ҒЕЛОН ТАН АСТ, МАКТАБИ ОН ҶОН

Рӯзномаи «Овози тоҷик» бо мақсади муайян сохтани мактаби пешқадами ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё дар байни шаш дабистони таълимашон ба забони тоҷикии ин қаламрав (25-31 январи соли 2025) сабқати назарсанҷие доир сохт. Дар ин сабқат мактаби рақами 58-уми ноҳияи Шаҳрисабз (5968 овоз) ҷои аввалро гирифт.

Корбарони телеграмканали «Овози тоҷик» дар ин кори хайр фаъол буданд ва 12818 нафар ширкат доштанд, ки талошу саъю ҳаракоташон боиси қадрдонист.

Мо ният доштем, ки робитаи хонандаву рӯзномаро қавитар ва меҳри ин нашрияи садсоларо дар дилҳо ба ҷунбиш оварем. Корамон бенатиҷа набуд. Аз аҳли ноҳияи Шаҳрисабз ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ сипосгузорем, ки ба телеграмканали «Овози тоҷик» номнавис шуданд ва шумори онҳоро аз ду ҳазор ба ҳашт ҳазор боло бурданд. Мо ваъда дода будем, ки аз ҳаёти мактабҳои ғолиб, омӯзгорони пешқадам, шогирдони фаъол, мушкилоти ҷараёни таълим, дар маҷмӯъ аз зиндагии мардуми шарафманди он маҳал мақолаҳои хонданӣ хоҳем навишт. Дар ин сабқат мактаби рақами 58-уми ноҳияи Шаҳрисабз (5968 овоз) ҷои аввал ва мактаби рақами 57-уми деҳаи Сарчашма (5056 овоз) мақоми дуюмро гирифт.

Ҷиҳати қадрдонӣ ва арзи сипос дар ҷамъомади бошукӯҳе ба ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 58 диплом ва дигар туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.  

Мо ният дорем, ки минбаъд дари мактабҳои дигари тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзро низ як-як бикӯбем ва аз наздик шинос шавем. Аммо ҳоло сухан аз Ғелони латиф, мардуми худогоҳи он ва омӯзгорони ҷонсӯзаш...

ҒЕЛОН - ДЕҲАИ АФСОНАВӢ

Ин деҳа яке аз мавзеъҳои тоҷикнишини ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё буда, дар иҳотаи кӯҳҳои сарбафалаки Сиём, Умохона, Аваз, Кабуд, талу теппаҳои пасту баланди айни ҳол барфпӯш бо ҷамъи мардумони боғайрату меҳнатдӯст ва меҳмоннавозаш дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Табиати дилфиребе дорад, ки ҳар бинандаро тасхир месозад. Ҳар касе шом худро ба ин деҳаи қадима расонад, ба кишвари афсона меафтад. Хонаҳо пушти ҳам ва хеле наздик ҷой гирифта, бо меъмории дилпазир куллан аз ду ошён иборатанд. Ҷодаҳо хеле танг ва гоҳ ба фароз, гоҳе ба нишеб рафтаву касро ба олами зебое раҳнамун мешаванд. Нафаси кӯҳҳои босалобат ба тан нерӯи тоза мебахшад ва аз дидани барфхонаҳои он кӯҳҳои баланд симои ҷиддии мӯйсафедони баор дар зеҳни кас зинда мегардад, ки мудом даст ба дуоянд.                                              

Маркази ноҳияи Шаҳрисабзро бо деҳкадаи Ғелон 87 километр роҳи ҷойе обод ва ҷойе хароб васл месозад, ки печидаву рӯ ба фароз рафта деҳаҳои Ҷайрахона, Такия, Миракӣ, Чаккӣ, Бешбек, Ҳисорак ва Яккахонаро қафо гузошта, ниҳоят ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ғелон» мерасонад. Маҳалла 5500 нафар аҳолӣ дорад ва 1276 хоҷагиро дар бар мегирад. Шумори занону духтарон 2670 кас мебошад, ки аксар хонашин ва ба тарбияти фарзандон машғуланд. Инфрасохтори маҳаллаи «Ғелон» беш аз пеш ривоҷ меёбад ва нуқтаҳои хидматрасонӣ ба сайёҳон фаъолтар мегарданд. Айни ҳол 28 мағозаи фурӯши маҳсулоти гуногун, 12 меҳмонхонаи оилавӣ, 3 дӯкони гӯшт, 3 сартарошхона, 7 дӯкони оҳангарӣ ва 30 коргоҳи дуредгарӣ фаъол буда, дигар мавзеъҳои тафреҳӣ низ сохта хоҳанд шуд.

Бояд таъкид кард, ки Ғелон аз ҳашт кӯчаи асосӣ таркиб ёфта, ҳар як ҷода ба ҷои номи алоҳида рақам дорад. Аммо мардум ҳар қисмати деҳаро бо номҳои алоҳида ифода ва онро гузар меноманд.  Номҳои гузарҳои Ғелон низ хеле гӯшнавоз ҳастанд ва ҳар кадом таърихи ба худ хосе доранд. Сари гуро (гӯро), Дашти деа (деҳа), Пулаки ҷар, Гузари курон (кӯрон), Гузари дянав (деҳнав), Гузари арабон, Гузари боло, Гузари та, Гузари миёна, Сари чишма (чашма), Паси кунбардорак, Ҳавли ҳоҷиён, Ҳавли Муҳаммадмӯмино, Ҳавли Амино, Гулакон, Регистон, Чуқурако аз зумраи чунин гузарҳо мебошанд.

Дар Ғелон як бунгоҳи тиббӣ, ки таваллудгоҳе низ дар канор дорад, амал мекунад. Бахши ёрии таъҷилӣ 24 соат дар хидмати мардуми корафтода мебошад, мошинҳои хидматии он дар ҳолатҳои танготанг маризонро ба бемористонҳои маркази ноҳияи Шаҳрисабз мерасонанд. Ғелон соҳиби ду мактаби таҳсилоти мутавассита (рақамҳои 58 ва 1) мебошад, ки дар маҷмӯъ 859 нафар муҳассили маҳаллиро фаро гирифтаанд. Таҳсил дар ин мактабҳо ба забони тоҷикӣ ҷараён дорад. Аммо дар муассисаи томактабии рақами 22-юми деҳа, ки соҳиби як бинои замонавӣ аст, таълим ба забони давлатӣ мебошад.

МАКТАБИ 58 – МАХЗАНИ МАЪРИФАТ

Мактаби рақами 58-ум дар байни чанд дабистони таълимашон ба забони тоҷикӣ аз беҳтаринҳо ба шумор меравад. Роҳбари ин таълимгоҳ марди накӯном Рустам Авазов буда, муовини ӯ омӯзгори хушном Ҳамза Фахриддинов аст ва мудири қисми илмии мактаб ба дӯши Қобил Муҳаммадиев вогузор шудааст.

Дар ин маскани илму маърифат 559 донишомӯз машғули тадрис буда, ба онҳо 53 омӯзгори ҳирфаӣ таълим медиҳанд.

Аз ин ҷамъ 3 омӯзгор тоифаи олӣ, 12 муаллим тоифаи якум ва 16 кас тоифаи дуюмро соҳибанд. Боқӣ мутахассисоне ба шумор мераванд, ки дар касби худ пешрафт кардаанд.

Дар деҳаи Яккахона мактабе ҳаст, ки бахши дабистони рақами 58 маҳсуб меёбад ва он дар дурии 12 км. аз Ғелон ҷой гирифтааст. Омӯзгорон аз Ғелон рафтаву дар он ҷо низ дарс медиҳанд.

Мактаб омӯзгорони хубе дорад, ки онҳо дар таълиму тадриси донишомӯзон ҳиссаи калон мегузоранд. Ҷамшед Нарзиқулов (фанни таърих), Ҷонибек Маҳмадёров (забони ӯзбекӣ), Самрат Сайфуллоев (тарбияи ҷисмонӣ) ва Бозор Муҳаммадиев (муаллими синфҳои ибтидоӣ) аз омӯзгороне мебошанд, ки бо дониш ва таҷрибаи хуби педагогӣ дар байни ҷамоаи омӯзгорон маҳбубияти хосе доранд.

– Муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ Самрат Сайфуллоев соҳаи варзишро дар мактаб пеш бурда, мавқеи онро дар ноҳияву вилоят боло бурдааст. Вай ва шогирдони ӯ дар давоми 4 соли охир ба мактаб беш аз 80 нишон, диплом ва ташаккурномаҳо овардаанд, – бо ифтихор мегӯяд директори мактаб Рустам Авазов.

ПОРАЕ АЗ ТАЪРИХ

Мардуми шарафманди деҳаи Ғелон 100 сол муқаддам аз ин, яъне 23-юми сентябри соли 1925 ба фоҷеае рӯ ба рӯ гаштанд, ки ҳанӯз аз ёди он рӯзҳои сахт ҳама дил мефишоранд. Сарвари босмачиҳои минтақа қӯрбошӣ Тангрибердии Додхоҳ бо як даста силоҳдорони хуношоми худ ба Ғелон ҳуҷум карда, 76 нафар мард, 68 тан зан, 94 кӯдакро қатли ом мекунанд. Дар натиҷаи ин набарди хунин 300 хонадони деҳа ба коми оташ рафтаву чорвои зиёде зинда ба зинда сӯхта, ба хокистар мубаддал мегарданд. Назар ба нақлҳо, он дастаи бетараҳҳум ба яке аз хонаҳо даромада, модареро ҳадафи тир қарор медиҳанд, ки ба кӯдаки худ шир медод. Баъд аз чандин соати фоҷеа мардум он кӯдакро дар гаҳвора пайдо мекунанд, ки ҳанӯз синаи модари беҷон дар даҳон ва шири ӯро мемакид. Ҳамон кӯдак ба пирӣ расида, ҳар гоҳ ба ёди мардум он рӯзҳои хунинро зинда медошт. Ҳоло дар шафати чойхонаи мӯйсафедон лавҳаи сангии ёдгорие гузошта, номи зиёдтар аз 50 нафари қурбониёни он рӯзи машъумро сабт кардаанд. Аҳли деҳаи Ғелон мақсад доранд, ки имсол дар ёди 100-солагии ҳамон фоҷеаи пур аз хуну оби чашм чорабиние баргузор созанд.

НОМУСИ ТОҶИКОНА            

Як қисмати ҷавонони ғелонӣ ба нияти кор дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд ва онҳо мустақил сохтани коргоҳҳои хурду бузургро дар ин минтақа ба нақша гирифтаанд. Ба ин тартиб мехоҳанд ҷавонони бекор ва бонувони хонашинро алоқадри ҳол аз панҷаи бедоди бекорӣ ва фақр бираҳонанд. Онҳо даъватҳои ҳукумат ва ташаббуси роҳбари давлатро хуб дарк кардаву саъй мекунанд, ки ба рушди соҳибкорӣ мусоидат намоянд. Аз суҳбатҳои аҳли назар дарёфтам, ки мардуми Ғелон аз қадим дӯст медоранд, то ҳар гуна мушкилоти рӯзгорро бо роҳи ҳашари умумӣ ва бо нерӯи бозувону ақлу заковати худ ҳал созанд. Аз побандӣ ба кӯмакҳои беруна як навъ ор ҳам мекардаанд. Ин аст, ки замоне дар Сафеддарёи хурӯшон 50 нерӯгоҳи хурди обии барқии худсохт насб кардаву рӯзгори худро аз торикӣ раҳондаанд.

Ғелон соҳиби мазороти зиёде аст ва маъруфтарини онҳо Хоҷа Зайниддини Баззоз, Мазори Мунаввар, Хоҷа Исмоил, Хоҷа Басмоил, Хоҷа Аловиддин, Турки Туғён, Муҳаммад ибни Ғайлонӣ, Ҳазрати Султон ҳастанд. Бо мақсади дидану зиёрати ин макон аз гӯшаву канор ихлосмандони зиёде меоянд. Зиёратгоҳҳои Турки Туғён ва Маҳмуд ва Муҳаммад ибни Ғайлонӣ (бародарон) аз ҷониби мардуми Ғелон ободу зебо гаштаанд. Масҷиди ҷомеи ин мавзеъ ба номи Муҳаммад ибни Ғайлонӣ буда, назар ба маълумоти донишмандон ин фақеҳ ва азизи Худо ба муҳаддиси машҳури олами ислом Ҳакими Тирмизӣ устодӣ кардааст. Табиати мафтункор ва маъвои бисёре аз азизони Худо будани Ғелон ба ривоҷи этнотуризм, экотуризм ва туризми зиёратӣ мусоидат хоҳад намуд. Ин аст, ки 8-уми майи соли 2019 қарори Девони Вазирон ба имзо расида, деҳаҳои Кӯл ва Ғелон макони этно ва экотуризм эълон гаштанд. Инак, аз имзои қарор 6 сол гузашт, вале то ҳол бахшҳои ин тарҳи хуб ба таври бояду шояд дар амал татбиқ нагаштаанд.

ТУРИЗМИ НАВӢ ДАР ДЕҲА                                                     

Қарор аст, ки дар Ғелон маҷмуаи замонавии лижаронӣ сохта шавад, ки дорои ҳама гуна шароит бошад. Қисмати аввали лоиҳа 100 миллион доллари ИМА нарх дошта, дар он сохтани 4 пайроҳаи лижаронӣ, 5,9 км. симроҳаи гондолавии самти Ғелон – Сарчашма, 35 вилла, 1 маркази ташриф, меҳмонхонаи чорситорадор, истгоҳи автомобил, майдончаи чархбол дар назар аст. Бахши дуюм ва сеюми лоиҳа 200 миллион доллари ИМА арзиш дошта, 3,8 км. симроҳаи дорои кабинаҳои ҷои нишаст ва 2,9 км. симроҳаи гондолавӣ, 21 пайроҳаи лижаронӣ, 3 меҳмонхона, ду ресторан,75 вилла ва дигар иншооти муҳим сохта хоҳанд шуд. Аз рӯи маълумотҳо, деҳаи Ғелону атрофаш ҷамъ 5400 га замин дорад, ки як қисми он ба мамнӯъгоҳ мутааллиқ ва убуру мурур таҳти назорати шадид қарор доранд. Дар бунёди маҷмӯаи замонавии лижаронӣ ҳудуди 3000 га замини деҳкада истифода хоҳад шуд, ки як бахши аъзами онро боғҳои сарсабз ва боровари сокинон ташкил медиҳанд. Ҳоло бошандагони Ғелонро рӯҳияти баде фаро гирифтааст ва ҳар ҷо сӯҳбате оғоз мегардад, аз паёмадҳои ин кор сухан рафтаву изҳори нигаронӣ мекунанд, ки боғҳои аҷдодиашон, ки гузаштагони бошарафи онҳо бо меҳнати сахте бунёд кардаанд, аз байн хоҳанд рафт. Мардум аз ягона манбаи даромади худ ҷудо хоҳанд гашт. Бо қадами ҷаҳонишавӣ манзараи муҳити зист ва этнографии ин деҳкадаи кӯҳистонӣ, ки чашмаи хурӯшони фарҳанги миллӣ ба шумор меравад, осеб хоҳад дид.    

ЧАНД СУХАН АЗ БОБИ САНЪАТ ВА ҲУНАР              

Дар санъату ҳунар мардуми Ғелон хеле пешсафанд ва ин суннати мақбули аҷдодиро бо камоли майл идома ва бидуни шикасте ба насли оянда мегузоранд. Аз ҷумла, намоишгоҳи суратнигораҳои манзаравӣ ва портретҳои мондагори мусаввири номии деҳа, узви Академияи рассомони Ӯзбекистон Муҳаммадии Устониёз дар хонаи падариаш далели ин гуфтаҳо буда, кунун маҳалли даро-барои сайёҳони ватаниву хориҷӣ гаштааст. Мусаввири маҳаллӣ Шарифи Зариф низ дар офаридани суратнигораҳо дасти баланде дошта, соҳиби толори шахсии худ аст. Як қисми ҳунармандони ғелонӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Тошканд кор карда, номи зодгоҳи худро машҳур месозанд. Масалан, Шамсиддин Шерназаров аз кулолони ангуштнамои ҷумҳурӣ аст, ки дар Тошканд мақом пайдо кардаву касби аҷдодиро идома медиҳад.

Деҳа ду осорхона дорад, ки аз таърихи бостонии ин хокҷой ҳикоят мекунанд. Дар ин маҳалла ҳунари оҳангарӣ низ ривоҷ дорад ва маҳсули дастони оҳангарони ғелонӣ дар минтақа машҳур гаштааст. Қадимтарин осиёби обии қаламрав номи «Чойхӯрбобо» – соҳиби нахустинашро дорад ва 150 сол қабл аз ин бунёд ёфтаву то ҳол бобарор кор мекунад.  

МАКТАБИ 95-СОЛА Ё УСТОИ «КӮКЧОЙ»

Мактаб аз қадимтарин даргоҳҳои маърифат ва маънавият дар ин минтақаи кӯҳистонӣ мебошад. Аввалин синфҳои маҳви бесаводӣ соли 1928 ташкил шуда, нахустин устоди он Мулло Ҳафизи Авазбадал будааст. Минбаъд дар доираи барномаҳои ҳукуматии он замон аз шаҳри Хуҷанд Олим Ализода ном омӯзгор даъват шуда, ба таълиму тадриси ҷавонон шуғл меварзад. Он рӯзгорон хати 1400 солаи форсию тоҷикӣ бо баҳонаи унсури ҷамъияти кӯҳна канор афканда шудаву ба ҷояш хати лотинӣ ҷорӣ мегардад. Соли 1929-1931 аввалин бинои мактаби деҳа бо сарварии Куряпов ном муҳандиси рус, ки дар бригадааш як даста ҷавонони рустабор кор мекарданд, бунёд гардидааст. Вайро дар деҳа «Кӯкчой» ном гузошта буданд. Зеро забони мардуми маҳаллиро намедонист ва танҳо ҳамин вожаро балад буд.

Баъд аз Олим Ализода ҳафт нафар омӯзгорони яҳудитабор омаданд, ки Пинхосов, Рибий (вайро ғелониҳо Ҳанифа ном гузошта буданд), Арӣ Хаимов, Энталов, Раҳмон (Думана лақаб дошт), Мушаев, Зина ва Валентина Макаровна буданд. Онҳо барои саводнок шудани аҳли Ғелон хеле хидмат кардаанд. Аз деҳаи Сарчашма Киром Остонов, Намоз Чоршанбиев, Абдулло Чоршанбиев низ ба ҷавонони деҳаи Ғелон дарс додаанд. Мактаб то соли 1968 ҳаштсола буд ва хонандагон синфҳои болоиро дар мактаби рақами 57-уми деҳаи Сарчашма мехонданд. Соли хониши 1968-1969 шумори хонандагони мактаби рақами 58 ба 458 нафар расид ва ба мактаби даҳсола мубаддал гашт.

Аввалин омӯзгор аз байни занҳо дар Ғелон Муяссар Нурулҳаққова буд. Мактаби мазкур то ин дам 17 директорро аз сар гузаронидааст. Ҷамоаи омӯзгорон ният доранд, ки баъд аз чаҳор сол 100-солагии ин махзани маърифатро ҷашн гиранд.         

МАКТАБ ЧӢ МУШКИЛ ДОРАД?

Ҳоло мактаб дорои бинои замонавие аст, ки ду қабат дошта, тадрис дар як баст ҷараён дорад. Як бинои нисбатан кӯҳнатар (соли 1985 сохта шудааст), ки хеле таъмирталаб буд, бо сарпарастии ректори Донишгоҳи омӯзгории Қаршӣ Дилмурод Набиев дар ивази 153 миллион сӯм тармим гардид. Аммо имрӯз мактаб  ба як толори варзишӣ ва маҷлисгоҳи замонавӣ ниёз дорад. Ҳарчанд толори хурди варзишие мавҷуд аст, аммо ба талаби замон ва на ба яке аз бахшҳои «Панҷ ташаббус», ки раҳбари давлат пешниҳод кардааст, мувофиқат мекунад. Вазъи китобхонаи мактаб нигаронкунанда аст. Китобхонаи дабистон дар маҷмӯъ 700 нусха китоби бадеӣ дорад, ки аз ин ҳамагӣ 200 нусха китоби бадеии тоҷикӣ аст. Китобдор Савринисо Абдувалиева гуфт, ки иштиёқи хонандагон ба хондани китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ зиёд аст, аммо набудани ин китобҳо табъи онҳоро хира мегардонад. Мутаассифона, ба идораҳо дар ин маврид муроҷиати хаттие сурат нагирифтааст. Умедворем, ки дар ҳалли ин мушкил ҷиддӣ андеша мекунанд.

Мушкили дигаре, ки дар мактаб мавҷуд аст, кам будани шиору овезаҳо бо забони тоҷикист. Номи ҳамаи синфхонаҳо дар қатори забони давлатӣ бояд ба забони тоҷикӣ низ навишта шаванд, ки зеби мактаби тоҷикӣ мебошад.

ИФТИХОРИ ДАБИСТОН

Мактаби рақами 58 дар тӯли қариб 95 соли фаъолияти худ садҳо шогирдонро таълим ва тарбияти нек додаву ба арсаи ҳаёт гуселонидааст. Ин дабистон дар рӯзгори мардуми Ғелони латиф ҳамеша таъсиргузор будааст ва ҳар ташаббусе, ки дар роҳи ободии ин макон падид меоянд, бо дастгирии ҷамоаи омӯзгорон татбиқ гаштаанд. Аз ин ҷост, ки дар андешаи мардуми сарбаланди Ғелон мактаб ҳам чун масҷид ҷои муқаддасест.

Хатмкардагони ин мактаб ҳамеша дар ёди таълимгоҳи худ меафтанд ва дар ҳалли мушкилоти он кӯмак мерасонанд. Имрӯз мактаби мазкур бо номи бархе аз шогирдони худ сидқан меболад ва кору пайкори онҳоро ба насли нав чун намунаи ибрат муаррифӣ месозад. Абдурало Умарқулов (омӯзгор), Раҳмонқул Одилов (табиб), Нарзулло Қурбоналиев (табиб, номзади илмҳои тиб), Маҳмадшариф Ортиқов (табиб), Муҳаммадии Устониёз (рассом), Абдулло Авазов (агроном), Шамсиддин Шерназаров (кулол), Шарифи Зариф (рассом) ва Рӯзибойи Қурбониён (адабиётшинос) аз ин ҷумла буда, шарафи деҳаи Ғелонро ҳимоят ва номи онро вирди забонҳо сохтаанд. Ҷамоаи омӯзгорон ният доранд, ки дар арафаи таҷлили 100-умин солгарди таъис ёфтани мактаби рақами 58 лавҳаеро, ки иборат аз суратҳо ва ҳолномаи шогирдони барӯманди дабистон аст, ташкил намоянд. Чунин кор дар дили шогирдони хурдсол ҳисси ифтихор ангехта, орзуи шахси машҳур гаштанро дар дили кӯчаки онҳо ҷой медиҳад.

АЗ ҒЕЛОН БА САРЧАШМА

Баъд аз дидору мулоқоти хотирмон бо омӯзгорону хонандагони мактаби рақами 58 ва як идда аҳли фарҳангу ҳунари деҳа, аз ҷумла бо бобои Малики ҳафтодсола, ки азм кардааст дар гашти умр таърихи зодгоҳи худро навиштаву аз гумномӣ эмин дорад ва Карими Халил, ки собиқ директори ин мактаб буда, шахси муборизу ҳақгӯест, аз оғӯши Ғелони латиф ба самти деҳкадаи Сарчашма роҳ пеш гирифтем. Мошини «Нива»-и акои Ҳамроқул дар баромадгоҳи деҳа қарор гирифт. Дар ҳошияи роҳ мошини «УАЗ» низ чароғакҳои огоҳкунандаи худро фурӯзон кардаву меистод. Ронанда пич-пич ба сухан омада, кадом як ояҳоро аз китоби Худо хонд ва пас ба самти рости роҳ нигариставу даст ба дуо бардошт. Чун дар пайравии ӯ ман ҳам «омин» гуфтам, акои Ҳамроқул бо фахр ишора кард:

– Расми мо – мардуми Ғелон ҳамин аст. Аз деҳа сарозер, ки шудем, фурсате ин ҷо истодаву аз бобоҳои худ иҷозати сафар мегирем. Ин ҷо хокҷои азизони Худо аст!

Зимистони «гарм»-и деҳаи Ғелонро тамошо кардаву аз сидқи тамом оҳиста гуфтам:

– Илоҳо, мардуми Ғелонро музаффар ва мушкилоташро бартараф намоӣ! 

Матолиби саҳифаро хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё Шариф Халил ба чоп омода кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: