САРВАТИ БУЗУРГТАРИНИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Ҷавонон ояндаи ҳар як ҷомеа мебошанд. Онҳо воқеан сарвати бузургтарин ва ганҷинаи бебаҳои Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд. Зеро, ҷавонони Ӯзбекистони Нав пойдевори оянда ва рушди кишвар мебошанд.

Таҷрибаи кишварҳои рушдёфта нишон медиҳад, ки дар кадом давлат ҳуқуқи ҷавонон пурра таъмин гардад ва барои ифодаи қобилияти онҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам шавад, саҳми онҳо дар пешрафти Ватан хеле баланд ва самаранок хоҳад буд.

Сиёсати Президент оид ба ҷавонон ду самти муҳимро дар бар мегирад: аввал, дониши замонавӣ додан ба онҳо; дуввум, таъмин намудани шуғли ҷавонон. Дар ислоҳот, ташаббус ва низомҳои наве, ки дар солҳои охир татбиқ мешаванд, маҳз ҳамин ҳадаф таҷассум ёфтааст.

Як вақтҳо, ҷавонон пас аз хатми мактаб, ба ҷойи идома додани таҳсил дар мактабҳои олӣ бештар ба кор ва пулёбӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Сабабаш дохил шудан ба мактабҳои олӣ душвор буд. Квотаҳо маҳдуд буданд ва имтиҳонҳои қабул мушкилоти зиёд доштанд. Дар муддати кӯтоҳ шумораи донишгоҳҳо 3 маротиба афзуда, фарогирии низом ба 42 фоиз  расид. Ба туфайли пардохти маблағи шартномаи духтарон аз ҳисоби давлат, шумораи донишҷӯдухтарон 11 баробар афзуд.

Бо мақсади рушди дониш ва истеъдоди ҷавонон, мактабҳои президентӣ, мактабҳои эҷодӣ ва ихтисосӣ бо шакл ва муҳтавои нав таъсис ёфтанд. Ба тамоми мактабҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардида, эътибор ва эҳтиром ба омӯзгорон афзуд. Дар натиҷа, шавқу ҳаваси насли нав ба донишомӯзӣ зиёд шуд.

Дар тӯли 25 соли охир, 800 нафар ҷавонон аз ҳисоби давлат барои таҳсил ба хориҷ фиристода шуда бошанд, танҳо дар 7 соли охир тавассути Фонди «Эл-юрт умиди» ин шумора 3 баробар афзоиш ёфт. Теъдоди олимони ҷавоне, ки дорои дараҷаи илмӣ мебошанд, 2 баробар зиёд шуда, ба 4 357 нафар расид.

Дар натиҷаи ислоҳоти низоми таълим, ҳоло зиёда аз 1,5 ҳазор донишҷӯи мо дар беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон таҳсил мекунанд. Ин воқеае мебошад, ки дар таърихи Ӯзбекистон пештар мушоҳида нашуда буд. Ба наздикӣ, дар як форуми бузурге, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, мактаби президентии шаҳри Тошканд дар сатҳи ҷаҳонӣ дар номинатсияи бонуфуз ғолиб дониста шуд. Ин нишонаи он аст, ки муносибати давлат ба ҷавонон дар миқёси миллӣ комилан тағйир ёфтааст.

Аз ин нуқтаи назар, низоми дастгирии ҷавонон таъсис дода шуд. Танҳо тавассути «Дафтари ҷавонон» соли гузашта ба 180 ҳазор ҷавон ба маблағи 345 миллиард сӯм кумак расонида шуд. Дар тӯли 8 соли охир, шумораи соҳибкорони ҷавон 3 маротиба афзуда, имрӯз тақрибан 40 фоизи намояндагони тиҷоратро ҷавонон ташкил медиҳанд. Шумораи ҷавонони бекор 2 баробар коҳиш ёфт ва шумораи маҳаллаҳои аз бекорӣ комилан холӣ ба 1889-то расид.

Дидгоҳи Президенти мо бобати сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон дар муддати кӯтоҳ дар як қатор санадҳои ҳуқуқӣ таҷассум ёфта, низоми қонунгузорӣ дар самти дастгирии ҷавонон ба таври ҷиддӣ такмил дода шуд.

Тайи ҳашт соли охир зиёда аз 100 ҳуҷҷати қонунгузорӣ барои таҳкими асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардида, сохторҳои нав барои баррасии мушкилоти ҷавонон таъсис дода шуданд. Танҳо масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, таъмини шуғли онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, касбомӯзӣ ва зиндагии арзанда ба яке аз муҳимтарин ва афзалиятноктарин самтҳои сиёсати давлатии кишвари мо табдил ёфтааст.

Бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии сиёсии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба раванди қонунгузорӣ, дар соли 2020 дар назди Палатаи қонунгузорӣ Парламенти ҷавонон ташкил карда шуд. Имрӯз он ҳамчун пули байни ҷавонон ва давлат хидмат намуда, аз манфиатҳои ҷавонон ҳимоят мекунад ва онҳоро ба раванди қонунгузорӣ ҷалб менамояд.

Дар давраи гузашта, Парламенти ҷавонон ҳамчун як ниҳоди муҳим барои баланд бардоштани дониш ва малакаҳои сиёсию ҳуқуқии ҷавонон ташаккул ёфта, тавассути тарғиби қонунҳо ҳисси дахлдории ҷавононро ба ҳаёти ҷамъиятӣ таҳким мебахшад ва фаъолнокии сиёсии онҳоро афзоиш медиҳад. Воқеан, он барои ибрози ошкорои андешаҳои ҷавонон ба минбари баланд табдил ёфтааст.

Дар Парламенти ҷавонон, ки дар Сенат ва Палатаи қонунгузорӣ таъсис дода шудааст, ҷавонон дар амал диданд, ки пешвои сиёсӣ, мактаби демократия ва парламентаризм бояд чӣ гуна бошад. Дар интихоботи охирин, ду нафар аз ин ҷавонон ба Палатаи қонунгузорӣ ва 250 нафари дигар ба шӯроҳо ҳамчун вакил интихоб шуданд.

Маҳз ба туфайли чунин кӯшишҳо, имрӯз дар Ӯзбекистони Нав тағйироту навовариҳои бузург ба амал меоянд. Ҷавононе, ки қаблан бекор ва бе манбаи даромад буданд, инчунин занон, имрӯз соҳиби ҷойи кори доимӣ ва манбаи устувори даромад гардида, бо хотирҷамъӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба ҷомеа, давлат, маҳалла ва Ватани худ фоида мерасонанд.

Роҳбари давлатамон дар ҳар як суханронии худ ба ин масъала дахл намуда, аҳамияти ба ҷавонон омӯзонидани касбҳои муосиреро, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд, инчунин ташаккули малакаҳои соҳибкорӣ ва меҳнатдӯстиро пайваста таъкид мекунад.

Мулоқоти Президент Шавкат Мирзиёев бо ҷавонони кишварамон, ки ба қарибӣ ба вуқӯъ пайваст, дар ҳаёти соҳибони оянда воқеаи фаромӯшнашаванда гардид. Таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбари давлат тамоми ҷавонони Ӯзбекистонро барои расидан ба қуллаҳои нав руҳбаланд сохт.

Дар ҳафтаи охири ҳар моҳ дар маҳалҳо мулоқотҳо бо интихобкунандагон баргузор мекунем. Дар ҷараёни ин вохӯриҳо бо ҷавонон суҳбат мекунем. Ростӣ, аксарияти онҳо ба соҳибкорӣ ва оғози тиҷорати худ таваҷҷуҳи баланд доранд. Чашмонашон пур аз шӯълаи умед ва дилҳояшон лабрези орзуст. Аммо онҳо имкони оғози кор ё татбиқи лоиҳаҳои худро надоранд, барои ин қурбашон намерасад.

Роҳбари давлат эълон кард, ки имрӯз барои рушди соҳибкории ҷавонон ба як марҳилаи комилан нав ворид мешавем ва дар ин замина се санади муҳимро ба имзо расонд. Тибқи санади аввал, дар назди Агентии кор бо ҷавонон Бунёди рушди соҳибкории ҷавонон таъсис дода шуда, барои он 100 миллион доллар маблағ ҷудо гардид.

Ба ҷавонони соҳибкор то 2,5 миллиард сӯм қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд, ба лоиҳаҳои стартапии ҷавонони ташаббускор то 2 миллиард сӯм сармоягузорӣ карда мешавад. Ин навгониҳо барои ҳазорҳо ҷавононе, ки хоҳиши оғоз кардани тиҷорат доранд, як хабари хуш ва рӯҳбаландкунанда гардид. Рост аст, ки онҳо ба фаъолият ҳидоят шуданд ва ба ҳаракат омаданд.

Маълум аст, ки дар таъмини шуғли ҷавонон ва баланд бардоштани даромади воқеии онҳо низоми ҷудо намудани замин самараи хуб медиҳад. Танҳо соли гузашта 56 ҳазор гектар замин ба ҷавонон ҷудо карда шуд. Ин натиҷаи хуб дода, ҳоло 153 ҳазор нафар ҷавонон бо деҳқонӣ машғуланд. Имсол дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон, Ҷиззах, Фарғона ва Тошканд 3 ҳазору 300 гектар замини бекорхобида бо низоми нав ба иҷора дода мешавад.

Ташкили кооперативҳои ҷавонон ва мусоидат ба баланд бардоштани дониш ва малакаи онҳо дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин ҷудо намудани то 500 ҳазор доллар қарз барои соҳибкороне, ки тавассути ипотекаи саноатӣ бино гирифтаанд, махсусан, пешниҳоди таҷҳизот бо шартҳои имтиёзнок ба он ҷавонони соҳибкоре, ки майдони тайёри истеҳсолиро дарёфт кардаанд, қарори дуруст ва оқилона мебошад.

Дар идораи давлат ва ҷомеа, пешрафти тиҷорат ва умуман, рушди ҳамаи соҳаҳо ҷавонони боистеъдод нақши муҳим мебозанд. Онҳо барои ҷомеа ҳамчун «хуни нав» хизмат мекунанд. Пас, дастгирии ҷавонони соҳиби дониш ва малакаҳои муосир, ки бо умед ва орзуву ҳадафҳои бузург барои пешрафти Ватан саҳм гузоштан мехоҳанд, вазифаи ҳар яки мост.

Одинахон ОТАХОНОВА,

депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: