БА ТАҚДИРИ ВАТАН БЕПАРВО НАБОШЕМ

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳими рӯз дар марҳилаи нави рушди ҷомеасозӣ ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолият, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст.

Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев иқдому пешниҳодҳои ин табақаи Ӯзбекистони Навро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Далели раднопазир, чанде пеш бо ҷавонон вохӯрӣ кардани Сарвари давлатамон аст.

Бояд гуфт, ки масъалаи ҷавонон дар кишвари мо дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Зеро таҳти ташаббуси Президенти мамлакат чун Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат эълон гардидани соли 2024 низ эътибори ҳукумат ба насли наврас мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дастгирии ҷавонон, ҳалли мушкилот, таъмини шуғл, кумак барои намоён кардани имконияту истеъдоди онҳо яке аз вазифаҳои мушаххас муқаррар гардидааст.

Вале афсӯс, ки дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву бепарвогии волидон, фаъолони маҳалла ва албатта аз таъсиру побанди шабакаҳои иҷтимоӣ гардидан бекор ва ҳатто ба ҷиноят даст мезананд.

Бинобар ин мо бо муаллимон, ходимони дин, кормандони идораҳои ҳуқуқу тартибот, васоити ахбори оммавӣ дар гузару маҳалла, мактабу муассисаҳои таҳсилоти гуногун алалхусус бо ҷавонон суҳбати дилнишину самимӣ ороста, ба роҳи рост ҳидоят мекунем. Чунин вохӯрӣ дар маҳаллаҳои Чоршанбе, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мирзо Улуғбек, Сулфакабутак ва Ӯрташайх хотирмон гузашт.

Пӯшида нест, ки ҷавонони аз таҳсилоти ҳамагонӣ дур ва касби муайян надошта, аз ҳама бештар ба доми афроди тундравӣ ва ифротгароӣ гирифтор мешаванд.

Аз ин рӯ бояд ҳар як фарди соҳибмаърифату соҳибэҳтиром ва хосатан волидайну омӯзгорон ба таълиму тарбияти насли наврас бомасъулият бошем, зеро ҷавонон бунёдкорони Ӯзбекистони Нав ва Эҳёи Сеюм ҳастанд.

Ситорабону РАШИДОВА,

ҷонишини мудири шуъбаи асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: