Маблағҳои «Буҷаи маҳалла» аз ҳисоби 10 фоизи пардохти андози замин ва молу мулк ба вуҷуд оварда мешавад. Ин лоиҳа аз январи соли 2024 дар ҳамаи маҳаллаҳои ҷумҳурӣ татбиқ гардид.
Имрӯз дар Ӯзбекистон мавқеъ ва мақоми маҳаллаҳо пурзӯр гардида, ба як узви ҷудонопазири рушду нумӯи ҷомеа табдил ёфтааст. Институтҳои маҳалла ба рушди соҳибкорӣ, кӯмак ба аҳолии камбизоат, таъмини бекорон бо шуғли доимӣ, таъмини фаровонии зиндагии шаҳрвандон, муҳайё намудани имкониятҳои хуби муҳити зист ва билохира таъмини ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҳудуди маҳалла саҳм мегиранд. Дар ин ҷараён маблағҳои «Буҷаи маҳалла» кӯмакрасон аст.
Мувофиқи қарори Президент аз 22 декабри соли 2022 бо мақсади боз ҳам васеъ намудани фаъолият ва имкониятҳои маҳалла «Буҷаи маҳалла» ҷорӣ карда шуд. Тибқи қарори мазкур, аз 1 январи соли 2023 дар маҳаллаҳои ноҳияҳое, ки дараҷаи пардохти андоз паст аст, ба тариқи эксперимент сохтори ҳуқуқии «Буҷаи маҳалла» дар тасарруфи ҳокимияти ноҳия таъсис дода шуд. Маблағҳои «Буҷаи маҳалла» аз ҳисоби 10 фоизи пардохти андози замин ва молу мулк ба вуҷуд оварда мешавад. Ин лоиҳа аз январи соли 2024 дар ҳамаи маҳаллаҳои ҷумҳурӣ татбиқ гардид.
— Солҳои охир ба туфайли саъю ҳаракати босамар дар назди ҳокимиятҳо буҷаи маҳалла пайдо гардид. Ҳамин гуна сохтор барои маҳаллаҳо низ созмон дода мешавад. Тасаввур намоед, агар маҳалла маблағ дошта бошад, роҳҳоро таъмир, аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад. Маҳаллаҳо нумӯи тоза пайдо мекунанд, — гуфта буд сарвари давлат.
«Буҷаи маҳалла» қисми таркибии буҷаи маҳаллӣ буда, аз ҳисоби 10 фоизи андози пардохташуда ташаккул меёбад.
Албатта, ташаккули хазинаи буҷаи маҳалла аз ташаккули буҷаи миллӣ ё давлатӣ тафовут дорад. Пардохти андоз аз нархҳои иловагии баъзе маҳсулот, аксизҳо, андози даромад, боҷҳои давлатӣ, боҷи боҷхонаҳо ба буҷаи маҳалла ворид нагардида, бевосита ба буҷаи миллӣ пардохта мешавад.
Зикр бояд кард, ки истифода ва масрафи маблағи «Буҷаи маҳалла» аз истифодаи маблағи «Буҷаи шаффоф» тафовут дорад. Маблағҳои «Буҷаи маҳалла» бо қарори шӯрои маҳалла барои таъмир ва таҷҳизонидани бинои маҳалла, кӯмак ба оилаҳои камбизоат, гузаронидани тадбирҳои гуногун сарф мешавад. 9 декабри соли 2019 Президент ба Қонун «Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2020» имзо гузошт. Мувофиқи он маблағҳои буҷаи маҳаллӣ танҳо бо қарор ва ризоияти шӯрои намояндагони халқ мавриди истифода қарор меёбад. Ҳар сол то 1-уми моҳи феврал аз ҷониби ҳокимон, раиси маҳалла ва ёвари ҳоким рӯйхати лоиҳаҳое, ки аз маблағи «Буҷаи шаффоф» татбиқ мешаванд, барои бозрасӣ ва тасдиқ ба шӯрои намояндагони халқи ноҳия пешниҳод мегарданд. Пас аз тасдиқи лоиҳаҳо аз ҷониби шӯрои намояндагони халқи ноҳия лоиҳаҳо ба овоздиҳии шаҳрвандони маҳалла пешниҳод гардида, маҳаллае, ки аксарияти овозҳоро ба даст овардааст, ба гирифтан ва истифодаи маблағи муайян барои ҳалли муаммои маҳаллаи худ ҳуқуқ пайдо мекунад.
Маҳаллаҳо метавонанд маблағҳоро бо қарори шӯрои худ барои таъмир ва таҷҳизонидани идораҳои дахлдор, кӯмак ба ногиронон ва оилаҳои камбизоат истифода намоянд. Ин ҷо зикри як нукта доири «Буҷети шаффоф» зарур аст. Ғолиб омадан ҳангоми овоздиҳӣ ба «Буҷаи шаффоф» ба ободӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар маҳалла аҳамияти бештарро касб мекунад. Вале на ҳамаи мардуми мо моҳият ва аҳамияти ғолибият дар овоздиҳиро фаҳм кардаанд. Мушоҳида шудааст, ки дар маҳалла бунёди ду ва ё зиёда аз он объектҳо пешбинӣ шудааст. Дар ин маврид овозҳо ба ду ва ё се тақсим мешаванд. Ва ё баъзе ҳаммаҳаллаҳо барои як шиша равған ба маҳаллаи дигар овоз медиҳанд. Оқи-бат, аз ду-се лоиҳа дар амал якто ҳам татбиқ намегардад, чунки дигарон ғолиб меоянд.
Тибқи қарори Президент аз 16 августи соли 2022 дар ҳар як маҳалла Хазинаи бартарафнамоии муаммоҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки Хазинаи ғайриҳуқуқӣ мебошад, таъсис дода шудааст. Маблағи хазина аз ҳисоби ба савдои музояда гузоштани мулкҳои давлатӣ дар майдони то 2000 метри мураббаъ, ба иҷора додани биноҳо, хайрияҳои дохиливу хориҷӣ ташаккул дода мешавад. Мулки давлатиро ёвари ҳоким метавонад бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва таъмини бекорон бо ҷойи кор, бартараф намудани камбизоатӣ ба фурӯш гузорад.
Бешубҳа, имрӯз дар нумӯъ, ободсозии инфрасохтори маҳаллаҳо, таъмини зиндагии фаровони мардум, бартараф намудани камбизоатӣ ва рушди соҳибкориву бунёди ҷойҳои нави корӣ, ҳалли муаммоҳои иҷтимоиву иқтисодии маҳалла «Буҷаи маҳалла», «Буҷаи шаффоф» ва дигар хазинаҳо мавқеи муҳим пайдо кардаанд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.