Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 феврал бо пешниҳоди тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ шинос шуд.
Дар ҷаласа бахшида ба рушди соҳаи энергетика, ки 28 январ баргузор гардид, супоришоти дахлдор дода шуд.
Дар кишвари мо иқтидорҳои энергетикӣ мутобиқи талаботи афзояндаи аҳолӣ ва иқтисодиёт пайдарпай зиёд мешаванд. Аз ҷумла, соли гузашта 50 миллиард метри мукааб гази табиӣ ва 81 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардид.
Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2035 истеъмоли неруи барқ нисбат ба сатҳи кунунӣ 1,7 маротиба зиёд мешавад. Барои пурра қонеъ гардондани ин талабот на танҳо афзоиши истеҳсолот, балки сарфаи энергия низ зарур аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Ӯзбекистон барои тавлиди 1 долларина маҳсулоти умумии дохилӣ назар ба ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ 2,5 маротиба бештар энергия сарф мешавад. Талафоти неруи барқ дар шабакаҳо ба 14 фоиз мерасад, талафоти гази табиӣ аз 7 фоиз зиёд аст.
Бо дарназардошти ин, бо ҷалби олимон омӯзиши илмии имкониятҳои сарфаи энергия дар маҳалҳо гузаронида мешавад. Дар ҳафт вилоят имкониятҳои сарфаи 4,6 миллиард киловатт-соат неруи барқ ва 1 миллиард метри мукааб гази табиӣ муайян шудаанд.
Дар ҷараёни тақдимот пешниҳодҳое, ки дар асоси ин таҳқиқот таҳия шудаанд, баррасӣ гардиданд.
Ҳамин тавр, иваз намудани насосҳои кӯҳнаи низоми хоҷагии об ба таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки ҳамасола 1 миллиард киловатт-соат неруи барқ сарфа гардад. Навсозии дегхонаҳо ва истифодаи энергияи «сабз» дар муассисаҳои иҷтимоӣ аллакай имсол сарфаи 5 миллион метри мукааб газ ва 15 миллион киловатт-соат неруи барқро таъмин хоҳад кард.
Умуман, соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, ки 1,6 миллиард метри мукааб гази табиӣ ва 3,5 миллиард киловатт-соат неруи барқ сарфа карда шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф, ба ҳар як корхона ва ташкилот тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок пешниҳод карда мешаванд.
Аз ҷумла, барои корхонаҳои бузурги саноатӣ меъёрҳои истеъмоли энергия барои ҳар воҳиди маҳсулот муқаррар карда мешаванд, ки ин хароҷоти энергетикиро 5–10 фоиз коҳиш медиҳад. Барномаи мушаххаси насби таҷҳизоти сарфакунандаи энергия дар муассисаҳои иҷтимоӣ тасдиқ хоҳад шуд.
Тадбирҳо оид ба гарминигоҳдории хонаҳои бисёрошёна тавсеа дода мешаванд. Барои насби коллекторҳои офтобӣ ва панелҳои энергияи офтобӣ қарзҳои имтиёзнок дода хоҳанд шуд. Илова бар ин, барномаи омӯзиши истеъмолкунандагон оид ба асосҳои сарфаи энергия бо истифода аз таҷрибаи Ҷопон татбиқ мегардад.
Сарвари давлат аҳамияти сарфаи энергияро дар тамоми бахшҳои иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ ва хоҷагии манзил таъкид намуд. Оид ба коҳиши талафоти энергия дар минтақаҳо ва соҳаҳо, инчунин пешгирии дуздӣ ва истифодаи ғайримақсадноки захираҳои энергетикӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.