ИХТИРОЪҲОЕ, КИ ОЛИМРО БА ҶАҲОН ШИНОСОНД

Маркази байналмилалии биографӣ (Англия, Кембриҷ) ихтироъҳои Неъмат Низомовро эътироф карда, ӯро соли 2021 ба рӯйхати садгонаи беҳтарини муҳандисон ва соли 2013 ба номгӯйи «муҳандисони пешоҳанг»-и ҷаҳон ворид кард.

Низом Неъматов баъди дар шаҳри Маскав бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ, ба Самарқанд баргашта, дар Донишгоҳ бо мудири кафедраи оптика А.Отахоҷаев вохӯрд. Вай Неъмат Низомовро бо ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳоло ҳама ба ҷамъоварии пахта сафарбар шудаанд. Олими ҷавон рӯзи дигар ба ноҳияи Иштихон рафт. Ҳамон сол ҷамъоварии пахта то 26-уми декабр идома ёфт.

Пас аз бозгашт аз мавсими ғунучинии пахта Низомов ҷиддан бо кор машғул шуд. Ӯ ҷавонони боистеъдодро аввал ҳамчун таҷрибаомӯз, сипас ба аспирантура қабул мекард. Натиҷаҳои бадастовардаи эшонро дар маҷаллаҳои марказӣ чоп менамуд. Шогирдонро ба навиштани рисолаҳои илмӣ тарғибу ташвиқ мекард.

Шукр, ки пас аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ аз фанни физика ҳам шурои илмӣ ташкил шуд ва довталабон рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя мекарданд.

Неъмат Низомов соли 1985 рисолаи доктории худро сарбаландона дифоъ кард.

Шогирдони ӯ С. Астанов соли 2003 дар мавзӯи «Фотоникаи молекулаҳои рангҳои хӯрокворӣ», Э.Курталиев соли 2017 дар мавзӯи «Фотоникаи молекулаҳои рангҳои стирил ва пайвастҳои ба онҳо наздик» рисолаҳои докторӣ ва солҳои гуногун 14 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Ҳодисаҳое, ки бо сарварии профессор Н. Низомов дар лабораторияи люминессенсияи Самарқанд бори аввал мушоҳида гардидаанд, дар мактабҳои илмии дигари дунё низ инкишоф ёфта, бинобар онҳо рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карда мешаванд. Аз ҷумла, ихтироъҳои зерин – дозиметри плёнканок ва муайян намудани госсиполро ба тариқи мисол овардан мумкин аст.

Ҳамон солҳо дар собиқ иттифоқ ҳосили ғаллаву дон хуб нашуд. Бинобар ин, аз давлатҳои хориҷӣ ғалла харида бо поезд, киштӣ ва самолёт мекашонданд. Маълум шуд, ки бо ин ғаллаву дон вирусҳои зарарноки гуногун низ омадаанд. Барои аз вирус тоза кардани ғалла дезинфексияи ба худ хос лозим буд.

Яъне, ба ғаллаву дон бо гамманурҳо таъсир расонда, сипас онро ба истеъмолчиён пешкаш намудан мувофиқи мақсад дониста шуд. Он ба сохти ғаллаву дон камтар таъсир карда, бояд вирусҳоро батамом нест кунад.

Н. Низомов ба Маскав рафта, бо ёрии мутахассисон чанд дозиметри плёнканокро ҳосил намуд. Дар ҳамкорӣ ченкуниҳои заруриро гузаронд.

Идораи патенти собиқ иттифоқ барои дозиметри плёнканок ба Неъмат Низомов гувоҳномаи муаллифӣ ва унвону нишони «Ихтироъгар»-ро супурд.

– Кай ва дар куҷо набошам, ғаллаву дон ё маҳсулоти онҳоро бинам ё тановул кунам, аз он мамнун мешавам, ки ба набудани вирусҳои зарарнок дар ин хӯроквориҳо, кам бошад ҳам, ҳиссаи ман низ ҳаст, – мегӯяд профессор Неъмат Низомов.

Ин дозиметри плёнканок баъдан ба хидматчиёну коргароне, ки дар бартараф намудани фоҷиаи Чернобил иштирок кардаанд, низ даркор шуд.

Мавҷуд будани госсипол дар таркиби равғани пахта, ки соли 1878 муайян шуда, соли 1886 ба олимон муяссар гардид, ки госсиполи таркиби равғани пахтаро ҷудо карда гиранд. Дар аввали асри ХХ барои бо усули беҳтарин муайян намудани госсиполи таркиби равған 48 соат вақт ва лабораторияи бо реакторҳои иловагӣ, асбобу ускуна, мутахассисони соҳибмалака, газ, қувваи барқ ва оби иловагӣ таъминшуда лозим будааст.

Бо роҳбарии профессор Н.Низомов индикаторе, ки госсиполи таркиби равғани пахтаро ба таври экспресс муайян мекунад, ихтироъ карда шуд ва соҳиби патент гардид. Ҳоло бар асоси ин усул асбоби хурду одие сохтаанд, ки бо ёрии он миқдори госсиполи таркиби равғани пахта зуд чен ва муайян карда мешавад. Ин асбоб дар байни мутахассисони соҳа боиси мароқи калон шуд. Аз ҷумла, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ бобати бехавфии маҳсулоти хӯрокворӣ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ семинар гузаронд. Н.Низомов дар он маърӯза хонд ва ҳозирин ба тадқиқоти мазкур баҳои баланд доданд. Мутахассисони хориҷӣ таъкид намуданд, ки ин асбоб на танҳо барои Ӯзбекистон, балки кишварҳое, ки пахта мекоранд, низ зарур аст.

Маркази байналмилалии биографӣ (Англия, Кембриҷ) ихтироъҳои Неъмат Низомовро эътироф карда, ӯро соли 2021 ба рӯйхати садгонаи беҳтарини муҳандисон ва соли 2013 ба номгӯйи «муҳандисони пешоҳанг»-и ҷаҳон ворид кард.

Профессори ДДС Н.Низомов дар арсаи байналмилалӣ низ олими шинохта аст. Соли 2012 ӯро ба китоби алломаҳои асри XXI дохил намуданд. Вай соли 2014 ғолиби номинаи «Одами сол» шуд.

Ӯ то ҳол дар роҳи илм ва эҷод монда нашуда, заҳмат мекашад.

Элдор КУРТАЛИЕВ,

профессор.

Тошқул АЗИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: